Ҳанӯз аз замони шуравӣ 9-уми май ҳамчун Рӯзи ғалаба бар муқобили фашизм ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана 8-уми майи соли ҷорӣ дар ПИТФИ мизи гирд таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ кас фаромӯш намешавад” баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз қаҳрамононе, ки барои озодӣ аз фашизм қурбон гаштанд ба некӣ ёд карда, далоилу арқоми зиёдеро доир ба ҷанговарон аз Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд.
Пасон доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ маърӯзаеро доир ба публитсистикаи давраи ҶБВ ироа намуд. Профессор М. Муродӣ дар бораи адибони ҷанговар ва саҳми дигар адибӣону публитсистон дар ақибгоҳ мухтасар андешаронӣ намуд.
Мудири Маркази мероси фарҳанги тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои таърих Сафарқулова Гулмо бошад, маърӯзаеро таҳти унвони “Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд” ироа кард. Мавсуф зикр кард, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҷанги хонумонсӯз буд, дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати Иттиҳоди Шуравиро рабурд. Зиёда аз 5-миллион одамон бе сарпаноҳ монданд.
Сипас, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфов доир ба мавзӯи мавриди назар суханронӣ намуд. И. Юсуфов зимни суханрониаш қайд кард, ки имрӯз 80-умин солгарди Иди Зафар, ки қайд карда мешавад, бар ивази ҷонфидоии 27 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи падарони шуҳратманд аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15-кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор сокинони ин мамлакат ба фронт рафта, барои таъмини ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намуданд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазорашон ҷони худро аз даст доданд, барои диловариҳои беназир 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Дар бахши мубодилаи афкор ходимони илмиии ПИТФИ фикру ақидаҳояшонро доир ба маърӯзаҳои баромадкунандагон ва Иди Зафар баён намуданд.
Юсуфов Ифтихор,
мудири шуъбаи воситаҳои ахбори
омма ва табъу нашри ПИТФИ.