Тайи панҷ соли охир дар баробарои дигар лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (2021 – 2025)” сурат гирифта истодааст.
Санаи 8-уми майи соли ҷорӣ дар ПИТФИ мизи мудаввар таҳти унвони “Бозтоби бунёди сохтмонҳои азим дар публитсистикаи муосир” дар доираи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (2021 – 2025)” баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз нирӯи илмии иҷрокунандагони лоиҳа ва роҳбари он профессор Муродӣ Мурод ёдовар шуда, доир ба масъалаи мизи мудаввар фикру ақидаҳояшро мухтасар иброз намуд.
Пасон доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ маърӯзаеро таҳти унвони “Бунёди сохтмонҳои азим дар контексти публитсистикаи муосири тоҷик” ироа намуд. Профессор М. Муродӣ аз бунёд ва таҷассуми сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, роҳу нақбҳо, таҳлили мақолаҳои мубоҳисавӣ, осори марбут ба мавзуъ фикру андешаҳояшро ҷолиб баён намуд.
Ходими пешбари илмии ПИТФИ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъазода Меҳроб доир ба “Публитсистикаи марбут ба сохтмонҳои азим дар таҳқиқоти Мурод Муродӣ” суханронӣ намуд. М. Ҷумъазода таҳқиқоти профессор М. Муродӣ ва саҳми ӯ дар рушди публитсистикаи тоҷик ва мавзӯи мавриди назар муфассал фикру ақидаҳояшро баён кард.
Баъдан, ходими калони илмии ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Насруддин Охунзода доир ба “Корномаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир” маърӯза ироа кард. Мавсуф масоили марбутаи сохтмонҳои азимро дар мисоли сухарнониву Паёмҳои Пешвои миллат ҷӯё шуда, корномаи Эмомалӣ Раҳмонро дар сохтмонҳои азими аср шарҳ дод ва тариқи таҳлилҳои илмиву публитсистӣ ба мавзуъ ҳусни дигар бахшид.
Сипас, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфов доир ба “Таҷассуми иншоотҳои азими аср дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо” суханронӣ намуд. И. Юсуфов инъикоси иншотҳои азим дар осори публитсистии нависандаи публитсист Шералӣ Мӯсоро таҳқиқу баррасӣ намуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо, хосса дар фаъолияти замони истиқлолияти ӯ бунёди сохтмонҳои азим мавқеи намоён дорад. Зеро ӯ ҳамчун нависандаи публитсист раванди бунёдкориҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки аз оғози садаи XXI маншаъ гирифтааст, бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносии эҷодӣ таваҷҷуҳ намуда, на танҳо ин равандро ифтихормандона истиқбол гирифтааст, балки бо неруи қалами худ дар инъикос ва тасвири он саҳм гирифтааст.
Сонӣ, аз ҷониби роҳбари муассиса рӯнамоии рисолаи муҳаққиқ М. Муродӣ “Нигоҳе ба публитсистикаи тоҷик дар садаи ХХ”, ки дар ҳошияи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (2021 – 2025)” чоп гардидааст, сурат гирифт. Ифтихор Юсуфов ҳамчун муҳаррир ва худи муаллиф доир ба бахшу қисматҳои рисола ва вижагиҳои он мухтасар шарҳу тавзеҳ доданд. Асари илмии тозанашр аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш хеле хуб қабул гардид.
Дар бахши мубодилаи афкор Нависандаи халқии Тоҷикистон, публитсист Бахтиёри Муртазо, мудири кафедраи матбуоти факултети жаруналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Усмонова Наргис, профессорон Азимов Аъзамҷон, Хоҷаев Қурбон, Бозорзода Нуриддин, муҳаққиқи соҳаи матбуот Шарифзода Қироншоҳ н.и.ф., дотсент Комилзода Шариф, Ализода Абдуррашид, Баёнов Муҳаммаднабӣ фикру ақидаҳояшонро доир ба маърӯзаҳои баромадкунандагон ва рисолаи рӯнамоишуда баён намуданд.
Юсуфов Ифтихор,
мудири шуъбаи воситаҳои ахбори
омма ва табъу нашри ПИТФИ.