НИГОҲЕ БА ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Ноҳияи Панҷ яке аз навоҳии сарҳадии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст. Аз оғоз то ба имрӯз чандин бор табдили ном намуда, исмҳои Саройкамар, Бауманобод, Кировобод ва Панҷро ба худ хос гардонидааст. Масоҳаташ 880,6 километри квадратиро ташкил дода, аҳолии он дар соли 2022 ба 124 ҳазор нафар расид. Аз он ҷумла 57098 нафар мардҳо, 56902 нафар занҳоро ташкил дода, 88110 нафар тоҷикон, 25080 нафар ӯзбекон ва 110 нафари шумораи мазкурро миллатҳои мухталифи дигар ташкил медиҳанд. Панҷ бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва дар ҷануб бо Давлати исломии Афғонистон ҳамсарҳад буда, дар он 1 ҷамоати шаҳрак ва 5 ҷамоати деҳот: шаҳраки Панҷ, ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут, ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Озодагон, ҷамоати деҳоти Меҳвар, ҷамоати деҳоти Намуна мавҷуд аст. Зисту зиндагии теъдоди зиёди узбекзабонон дар ин диёр боиси табодули фарҳангҳо ва забонҳо гардида, таҷрибаҳои дуҷониба дар ин самт истеҳком ёфтааст. Гарчанде сокинони ноҳияи мазкур асосан ба кори кишоварзӣ, аз қабили парвариши пахтаю пилла, боғдорию сабзавоткорӣ ва чорводорӣ машғул бошанд, аммо соҳаи фарҳангу маънавиёт аз азал ҷузъи ҷудонопазири мардуми он гардида, пайваста баҳри ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду тараққии аносири муҳими он ҷаҳду талош меварзанд ва зиндагии рӯзмарраи худро бо фарҳанги куҳани миллии тоҷикӣ оғушта месозанд. Ҳунарҳои мардумӣ, ки хусусияти таърихӣ ва фарҳангиро дар худ нигоҳ медоранд, дар ин минтақа то ҳол зинда нигоҳ дошта мешаванд, ки боиси маҳфуз боқӣ мондани фарҳанги миллӣ гардидаанд. Аз қабили ҳунарҳои оҳангарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сохтани зини асп, танӯрсозӣ, дегдонсозӣ, заргарӣ, сохтани созҳои мусиқӣ, хотамкорӣ, кулолгарӣ ва ғайра ривоҷ дошта, баъзе ҳунарҳои дигар, ки аз зеҳнҳо фаромӯш ва аз амал дур мондаанд, тадриҷан эҳё мегарданд. Ҳамзамон дар ноҳия коргоҳи дӯзандагии «Бонувони Панҷ» фаъолият мекунад, ки дар он занону бонувон ба кору фаъолият фаро гирифта шуда, асосан ба дӯхтани либосҳои миллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанӣ, деворӣ, ҷиҳози хонаи арӯс, қӯроқдӯзӣ (қаламрезгӣ), курпаю болишти қӯроқӣ, дастбанду побанди гаҳвораи кӯдак ва муҳрабофӣ машғул мебошанд, ки бегумон ин амал эҳёгари як шохаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.  

Яке аз хусусиятҳои табии ноҳияи Панҷ мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавии он мебошад, ки ин омил агар аз як ҷониб нуфузи онро боло барад, аз ҷониби дигар боиси ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ мегардад ва дар рушду тараққӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ нақши бориз мегузорад. Аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ Панҷ дар доманаи қаторкуҳҳои Кӯҳи Сиёҳ ва соҳили дарёи Панҷ ҷой гирифтааст, ки ин барои сайёҳон мавзеи ҷолиб ва диданӣ буда, таваҷҷуҳи онҳоро ҳамеша ба худ ҷалб месозад. Аз ҷумлаи дастовардҳои боризу шуҳратбахши ин минтақа бозёфтҳои нодир ва нигораҳои таърихие мебошанд, ки аз ҳудуди  ноҳия пайдо гардидаанд ва бозгӯи таърихи куҳани ноҳияи мазкур мебошанд, аз ҷумла 17 ёдгорие, ки ба асри миёна тааллуқ доранд. Ин минтақаи диёр барои фармонфармоёну ҳукмронони давраҳои таърихӣ соҳиби аҳамияти вижа буда, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ макони тохту тоз ва таллаву тороҷи ғоратгарон низ будааст. Қазағанхон, яке аз фармонравоёне, ки ҳокимияти барпонамудаи сулолаи худ Қазохону Тармаширинро идома медод, соли 1346 водии Сарой (ҳозира ноҳияи Панҷ)-ро макони буду боши зимистонаи худ қарор дода, ноҳияи Ховалинг, таҳҷои шаҳраки Мунки қадимро бошишгоҳи тобистонгузаронии худ ихтиёр карда буд. Ӯ бо пайравони хеш дар водии Сарой (Панҷ) асосан ба шикор ва ҳуҷумҳои ғоратгарона машғул мегардид, ки омӯзиши ҷониби таърихии ин минтақаро ҷолиб намудааст. Мувофиқи далелу ривоятҳо дар ноҳияи Панҷ доманкӯҳе бо номи “Дарраи одамхӯр” мавҷуд будааст, ки аҳамияти хоси таърихӣ дорад. Аз Бадахшону Дарвоз, Ҳулбук ва дигар манотиқ бозаргонон ба бозори калоне, ки дар ноҳияи Панҷ мавҷуд будааст, барои тиҷорати молу коло ташриф оварда, баъзеи тоҷирон дар дарраи “Одамхӯр” нопадид мегаштаанд. Авбошон, хусусан дастаи ғоратгари Қазағанхон дар канори дарра камин гирифта, тоҷиронро ба қатл мерасонидаанд ва молу амволи эшонро ба яғмо мебурдаанд. Дигар вижагии ин пораи хоки муқаддаси сарзамин дар он аст, ки соли 1877 Россияи подшоҳӣ аз вилояти Чорҷӯй тавассути дарёи Ому ба минтақаи Файзободқалъа (он вақта Саройкамар) ворид мегардад ва дар болои теппаи баланде дидбонгоҳ месозад. Он марзи мустамликаи Россия ва Британияи Кабир ба ҳисоб мерафт ва айни замон ба як мавзеи тамошобоби сайёҳӣ ва ҷалбкунанда табдил ёфтааст. Ҳамзамон, соли 1932 Абулқосим Лоҳутӣ ба ноҳияи мазкур сафар намуда, баъд аз он, ки аввалин механизатор Салим Ҷалилов трактори тамғаи ХТЗ-15-30-ро дар замини кишт меронад, устод аз тамошои он ба илҳом омада, асари машҳури “Хар ва трактор”-ро эҷод мекунад, ки рӯйдоди таърихӣ ва хотирмон мебошад.

Таъкид ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Панҷ чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳама ҷиҳат тағйир ёфта, аз тараққиёти замони соҳибистиқлолӣ дар канор намондааст. Бо ташаббус ва ғамхории Пешвои Муаззами миллат инфрасохтори маишию маданӣ, биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ноҳия бунёд ва азнавсозию таъмиру тармим гардида, дигар пешравиҳо низ назаррас мебошанд. Аз ҷумла соли 2021 бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони фарҳангдӯст китобхонаи марказии ноҳия ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ бо шароити муосир бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Соли 2022 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат боғи фарҳангу фароғат ва майдони Парчами миллӣ пурра азнавсозӣ гардида, ба истифодаи умум қарор гирифт. Соли 2023 бинои клуби ҷамоати деҳоти Озодагон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2024 болопӯши хонаи фарҳангии ҷамоати деҳоти Озодагон ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ аз нав карда шуда, ба маблағи 87 ҳазор сомонӣ барои кохи фарҳанг таҷҳизоти савту садо харидорӣ шуд, ҳамзамон бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои таъмиру тармим ва азнавсозии биноҳои муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Панҷ 2,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.  Дар умум пажуҳиш нишон дод, ки дар  тобеияти бахши фарҳанги ноҳияи Панҷ қасри фарҳанг,  4 хонаи фарҳангӣ,  9 клуб, 19 китобхона, 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва майдони Парчами миллӣ фаъолият мекунанд. Ёдовар шудан лозим аст, ки осорхона ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва пойгоҳи худшиносию худогоҳӣ дар ноҳияи мазкур мавҷуд набуда, нигораҳои таърихӣ дар назди макотиби миёнаи умумӣ ҷой дода шудаанд. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди рушду тараққии соҳаи фарҳанг дар замони истиқлол, дар ин самт камбудӣ ва мушкилот зиёд ба назар мерасад, ки ҳаллу ислоҳи онҳо ногузир боқӣ мемонад.  

 Қасри фарҳанги ноҳия дар бинои Кинофикатсияи ҷумҳуриявӣ иҷора буда, то ба ҳол бинои алоҳида надорад. Бинои муассиса соли 1962 дар масоҳати умумии 80 га сохта шуда, масоҳати толори намоишии он 280 м2-ро ташкил медиҳад. Теъдоди курсиҳои нишаст 320 адад буда, толори намоишӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба гуфтаи директори қаср Ҳаётов Назирмад таъмири бино ҳамакнун оғоз гардидааст. Дар толори қасри фарҳанг барномаҳои консертӣ, намоишномаҳои театрикунонишуда, маҳфилҳои эҷодӣ, шабҳои базму суруд ва ғайра бо иштироки ҷавонону наврасон ва миёнсолону калонсолон гузаронида мешавад. Кохи фарҳанг соҳиби як компютер, як принтер ва як адад баландгӯяк мебошад. Дар муассиса 17 нафар бо тахассусҳои олии тахассусӣ, ғайритахассусӣ фаъолият мекунанд.

 Хонаҳои фарҳангӣ низ бинои алоҳида надошта, онҳо дар ҷамоатҳо фаъолият мекунанд. Аз 9 клуб 1-тои онҳо бинои алоҳида дорад, боқӣ дар биноҳои ҷамоатҳо ҷой дода шудаанд. Таъкид ба маврид аст, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда ва баъзе норасоиҳову камбудиҳо муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳия фаъолият мекунанд. Вазъи клубҳо ва хонаҳои фарҳангӣ аз ҳамдигар фарқият дошта, барои рушду тараққии маънавиёти сокинони маҳал доимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои тарҳрезигардида ба роҳ меомнанд. Аз ҷумла дар соли 2024, 26 консерт, 12 шабнишинии ҷавонон, 11 агитбригада, 10 барномаи расму оинҳо, 10 вохурӣ, 15 суҳбат, 1 намоиши театрӣ, дар маҷмуъ 85 чорабнии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки 15820 нафар ба роҳ мондаанд, ки назарпурсиҳои инфиродӣ ва мушоҳидаҳои дақиқбинонаи кормандони хонаҳои фарҳангӣ сатҳи таъсирпазирии сокинонро аз чорабиниҳои мазкур хуб арзёбӣ мекунанд. Вазъи биноҳои онҳо низ дар ҳолати миёна қарор дошта, то ҳадди имкон таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардидаанд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия дар масофаи 2,29 га ҷойгир буда, дар ҳолати миёна қарор дорад. 8 нафар корманд, 2 боғбон, 2 фаррош, 1 роҳбари бадеӣ ва директор дар боғ фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод ду нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Тариқи пурсишномаҳои сотсиологӣ маълум гардид, ки теъдоди тахминии воридшавандагони боғ аз ҷониби масъулони он муайян карда намешавад. Вобаста ба ин савол директори боғ ҷавоб дод, ки “Мо шаҳрвандон ва меҳмонони ба боғи фарҳангӣ-фароғатӣ меомадаро қайд намекунем, ба истиснои ҳолатҳое, ки чорабиниҳои калон гузаронида мешаванд”. Ин дар ҳолест, ки тамоми муассисаҳои фарҳангии кишвар теъдоди солонаи сайёҳону бинандагонро қайд менамоянд ва ин омил дар муайян намудани фаъолияти самароноки муассиса ва таъсири ҳамаҷонибаи фаъолияту барномаҳои тарҳрезигардидаи он маҳаки асосӣ дониста мешавад. Дар боғи мазкур 300 дарахти сояафкану мевадор парварида мешаванд ва 30 фисади онро гулҳои гуногуннавъу гуногунранг зиннат мебахшанд. Ҳамзамон ҳавзи шиноварии калон ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда ва роҳатбахши рӯҳ фаъол мебошад. Азбаски сокинон бештар маврид пас аз анҷоми рӯзи корӣ ҳамроҳи наздикон дар шаб вориди боғ мегарданд, чароғҳои рӯшноибахш аз асосиёти боғи фарҳангӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти ин омил масъулон дар ҳудуди боғ 51 адад чароғҳои равшанидиҳандаи гуногуншаклу гуногунҳаҷм, аз қабили 6 адад бо баландии 6 метр, 12 адад бо баландии 1 метр, 30 адад бо баландии 3 метр насб кардаанд, ки дар шабонгоҳон зиннати асосии боғро таъмин намуда, гулу буттаҳо ва дарахтони назаррабо дар партавафшонии нури онҳо аз худ зиннати махсус инъикос менамоянд. Табиист, ки яке аз мақсадҳо ва ҳадафҳои вуруди боғ саёҳат ва истироҳат буда, бо дарназардошти ин 36 нишастгоҳҳои хурду бузург омода гардидааст, ки гардишгарон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Баҳри фароғат ва нумӯи майнаву зеҳн дар боғ бозиҳои шавқовар аз қабили шашкаву шоҳмот низ ба роҳ монда шудааст, ки қисме аз мардум ба он машғуланд. Ҳамзамон тозагии муҳит ба назар гирифташуда 30 адад қуттиҳои махсуси партов дар атрофи боғ гузошта шуда, баҳри фароғати наврасону ҷавонон  6 адад арғунчак ва 1 чархи дурнамо насб гардида, дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. 

Взъу фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи Панҷ нисбатан дар ҳолати хуб қарор доранд.  Китобхонаи марказӣ ва бачагона, ки дар маркази шаҳр қарор доранд фаъол буда, ҳам аз нигоҳи вазъи биноҳо, ки ба шароиту талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошанд ва ҳам аз нигоҳи теъдоди китобу шумораи хонандагон назаррас мебошад. Китобхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо теъдоди 69646 китоб фаъолият намуда, дар соли 2024 11 ҳазор хонанда доштааст.  Имрӯз 19 китобхона дар ҳудуди ноҳия аз ҳастии худ дарак медиҳанд, аммо аз ин теъдод 4-тои онҳо фаъол мебошанду халос. Китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, филиали 17-и Эмом Машрабови ҷамоати деҳоти Озодагон ва филиали 21-и деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти Намуна. Ба андешаи директори китобхонаи марказӣ, Чаҳлакова Зарагул сабаби қатъи фаъолияти китобхонаҳои деҳот дар набудани макон аст. Мушкилоти норасоии макон, бинои алоҳида, мутахассисони ботаҷриба, маблағгузорӣ ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки боиси заиф ва қатъ гардидани фаъолияти китобхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Панҷ гардидаанд. Ба таври мисол метавон зикр намуд, ки яке аз он китобхонаҳо дар бинои як мағоза ҷойгир будааст, ки ҳангоми аз ӯҳдаи пардохти маблағи иҷорапулӣ набаромадан соҳиби бино шартномаро қатъ ва ба фаъолияти китобхона хотима бахшида, китобҳои онро ба китобхонаи марказӣ овардаанд. Мутаассифона чунин мушкилот дар дигар китобхонаҳои деҳоти Панҷ мавҷуд буда, боиси қатъи фаъолияти онҳо гардидааст.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди пешравию тараққиёт дар самти вазъу ҳолат ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ то ҳол камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд ва нисбат ба баъзе шаҳру навоҳии мамлакат қисме аз муассисаҳои фарҳангии он рушдноёфта боқӣ мондааст. Осорхона аз он қабил мебошад, ки то ба ҳол дар ҳудуди ноҳияи мазкур ин пойгоҳи ҳофизаи таърихи куҳани миллат арзи ҳастӣ накардааст. Ин дар ҳолест, ки соҳаи фарҳанги дилхоҳ шаҳру навоҳии кишварро муассисаҳои фарҳангии он, аз қабили осорхона, китобхона, қасри фарҳанг, хонаҳои фарҳангӣ, клубҳо, театрҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва ғайри он дар дохилу хориҷи мамлакат муаррифӣ менамоянд  ва сатҳи фаъолияти онҳо дараҷаи рушду нумӯи фарҳанги маҳалро бозгӯ месозанд.  Чунонки зикр намудем, ноҳияи Панҷ аз нигоҳи теъдоди аҳолӣ нисбати аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар бартарӣ дорад. Дар раванди сафарҳои хидматӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат дида мешавад, ки ноҳияи мазкур бо қиёс ба шумораи аҳолӣ, ҳам теъдоди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳам фаъолияти начандон пурсамари онҳо дар сатҳи хуб қарор надорад. Ба таври мисол метавон ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлонро зикр намуд, ки аҳолии он ба 59 ҳазор нафар расида, дар ҳудуди он 5 осорхона бо тарҳи муосир ва шароити хуб сохта ба истифода дода шуда,  фаъолияти густурда ва пурсамар доранд. Сокинони ноҳияи Панҷ як баробар аз аҳолии ноҳияи Ховалинг зиёд бадуа, ба 124 ҳазор нафар мерасанд, аммо мутаассифона соҳиби ҳатто 1 адад осорхона нест. Ин дар ҳолест, ки дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 650 адад экспанатҳои арзишманди таърихӣ мавҷуданд, ки аз сабаби набудани осорхона дар назди мактабҳо ва дар ҳолати ногувор нигоҳ дошта мешаванд. Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии мактаби миёнаи умумии №27, 271 адад,  дар мактаби миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Озодагон ва мактаби миёнаи умумии №5-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат 200 экспанат нигоҳ дошта мешаванд.  Дар маҷмуъ дар сатҳи ноҳия зиёда аз 650 адад нигораҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки аз сабаби набудани таваҷҷуҳи масъулону сокинони маҳал нисбат ба ковишу кашфи нигораҳои таърихӣ ва набудани осорхона ин теъдод афзоиш намеёбад. Ин дар ҳолест, ки минтақаи Панҷ таърихи куҳан дошта, дар хоки худ осори марҳилаҳои гуногуни таърихро нигоҳ медорад. Агар вазъ бо чунин минвол идома ёбад, гумони ғолиб он аст, ки осори таърихии мавҷуда низ шояд талаф ёбанд. Ба гуфти  мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳайдари Маҳмад боре намояндаи Вазорати илм ва маорифи кишвар аз осорхонаҳои наздимактабии ноҳияи Панҷ дидан намуда, таъкид кардааст, ки 14 нигораи арзишмандро дар он ҷо дидааст, ки дар Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ мавҷуд нестанд. Ҳамзамон сиккае дар он ҷо мавҷуд аст, ки ба замони Зардушт мансуб мебошад. Чунин авомил боис мегарданд, ки дар маркази ноҳияи Панҷ дар навбати аввал осорхонаи муосир ва ба талаботи замон ҷавобгӯ бунёд карда шавад ва осори арзишманди таърихӣ дар он ҷой дода шаванд. 

Бо вуҷуди тараққиёти назаррас наметавон муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Панҷро аз камбудиҳо орӣ донист, ки аз пешниҳодоти масъулону кормандони онҳо чунин норасоиҳои ҳалталабро метавон зикр кард:

 

  1. Бунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар маркази ноҳия ва ҷой додани тамоми нигораҳои таърихӣ дар он;
  2. Панҷарапӯш намудани гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ;
  3. Зиёд намудани воҳидҳои кории боғ;
  4. Ҷудо намудани маблағҳо барои хариди таҷҳизот ва созҳои мусиқӣ;
  5. Ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои партовҳо, хизматрасонии обу барқ;
  6. Ҷудо намудани маблағҳо барои хариди ниҳолҳои ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо;
  7. Харидории созҳои мусиқӣ барои хонаҳои фарҳангӣ;
  8. Таъмиру тармими биноҳои хонаҳои фарҳангӣ;
  9. Тарбия ва ҷалби мутахассисони соҳаи фарҳанг;
  10. Муҷаҳҳаз сохтани биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ бо технологияи замони муосир, аз қабили компютер, принтер, сканер, дастгоҳи аккосию наворбардорӣ ва ғайра.

Қадриддин Исоев мудири шуъбаи

фаолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

барчасп: