ҶОЙГОҲИ ЧИЛУЧОРЧАШМА ДАР РИВОЯТҲОИ МАРДУМӢ

Имрӯзҳо мушкилоти норасоии об ва тағйирёбии иқлим проблемаи глобалӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола инҷониб ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти ҳифзи об пешниҳод ва татбиқ карда истодааст, ки эътибору эътирофи давлати моро боз ҳам баландтар мебардорад.

Дар Тоҷикистон шумораи чашмаҳо хеле зиёданд. Ба ғайр аз чашмаҳои муқаррарӣ боз чашмаҳои шифобахше вуҷуд доранд, ки миёни мардум муқаддас шуморида мешаванд. Мардуми тоҷик дар атрофи ҳамин гуна чашмаҳо нақлу ривоятҳо эҷод карда, мақоми онҳоро боз ҳам бузургтар тасвир менамоянд.

Дар радифи чашмаҳои муқаррарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  чашмаҳои шифобахши дорои маъданҳои гуногун, чашмаҳои табиатан оби гармдошта бисёранд. Ҳанӯз садсолаҳо пеш гузаштагони мо вобаста бо таҷрибаҳояшон дар доираи бовару эътиқод оид ба чунин навъи чашмаҳо нақлу ривоятҳои аҷибе офаридаанд. Чунин ривоятҳо бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, хусусияти чашмаҳои мазкурро аз шакли оддӣ то ба дараҷаи муқаддас расонидааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто баъзе аз чашмаҳо ба зиёратгоҳу остонҳо мубаддал гардидаанд. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки оид ба ҷанбаҳои фарҳангии Чилучорчашма дар такя ба сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ ва нақлу ривоятҳои мардумӣ назари хешро баён намоем.

Чилучорчашма миёни мардуми маҳаллӣ бо номи “Чашма” ва ё “Чашмаҷон” маъруф аст. Мавзеи Чилучорчашма яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёр маҳсуб ёфта, дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Чашма дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷойгир ва оби он дорои 16 навъи минералҳо мебошад. Дар мавриди ба якчанд бемориҳо манфиатбахш будани он муҳаққиқ Ш. Раҳмон чунин зикр кардааст: “Чашмаҳо ҳар кадом хосияти алоҳида дошта, зойирин мувофиқи дарди худ дармон меёбад. Чашмаҳо ба касалиҳои устухондард, табларза, фишори хун, зарпарвин, касалиҳои рӯҳӣ, дарунӣ, пӯсту хориш, гӯшу гулӯву бинӣ, хунибинӣ, хунукзадагӣ ва бисёри монанди инҳо шифо мебахшанд”.

 Мавзеи мазкур манзараи аҷибе дошта, дарахту гулу гиёҳҳо, моҳӣ ва морҳои гуногун дар як ҳавз бо ҳам шино мекунанд, парандаҳои хушхон боигарии асосии ин макон ба шумор мераванд. Бинобар маълумоти Ғолиб Ғоибов “муаррихи асри XII Абусаъд ас-Самъонӣ (1113-1166) бидуни овардани номи чашма ҳамчун “машҳуртарин чашма дар Қубодиён” ёдовар шудааст. Воқеан, Чилучорчашма ё Чашмаҷон яке аз аҷоиботи табиат буда, аз зери даштҳои мурда ва сӯзони водии Бешкент наҳре ҷорӣ мешавад, ки дарёчаи сероберо ташкил медиҳад”

Дар бораи таърихи пайдоиши Чилучорчашма далелҳои қатъӣ ва дақиқ вуҷуд надошта бошад ҳам, аммо дар бораи қадима будани он нақлу ривоятҳои таърихии зиёде миёни мардум паҳн гаштаанд. Зимни омӯзиш якчанд варианти ривояти Чилучорчашма бо мотивҳои гуногун таҳқиқ карда шуд, ки маъмултаринаш ин мебошад: “Дар замонҳои пеш, ҳангоме ки лашкари араб барои таблиғи дини ислом ба Осиёи Миёна бо сардории ҳазрати Алӣ (чорумин халифаи рошидин, домоди паёмбари ислом – Х.З.) омада, ба имрӯза мавзее, ки “Чилучорчашма” воқеъ аст, расиданд. Фасли тобистон, ҳарорати ҳаво ниҳоят гарм буд. Аз ҷиҳати беобӣ лашкариён ташна монда, аспҳояшон бемадор мешаванд. Баъд ба ҳазрати Алӣ аз ҷиҳати ташнагӣ шикоят мекунанд. Ҳазрати Алӣ мегӯяд, нигарон набошед, Худо ба мо кӯмак мекунад. Ин замон бо амри Худо нидо меояд, ки асоятро ба чилу чор ҷои замин бизан. Ҳар боре ки асоро мезад, аз паи асои он ҳазрат об фаввора мезад. Мегӯяд, ин обҳо ғайр аз нӯшидан боз обҳои шифобахш низ ҳастанд. Мувофиқи гуфтаҳои мардум ба чилу чор дард даво мебошад.

Лашкариён бо хурсандӣ об нӯшида истода буданд, ки лашкари кофирҳо онҳоро иҳота мекунанд. Лашкари ҳазрати Алӣ мегӯянд, ки мо ҳалок мегардем, зеро лашкари онҳо аз мо дида бештаранд. Ҳазрати Алӣ ба лашкариёнаш хитоб карда мегӯяд: «Ғамгин нашавед, шумо ҳеҷ гоҳ намемиред, ҳамеша ҷовидон мемонед. Чунки шумо хидмати дини исломро карда истодаед!». Сипас дуо мекунад, ҳамин вақт лашкариён ба сурати моҳӣ ва аспҳояшон ба сурати мор мубаддал гардида дохили об мешаванд. То имрӯз, гӯё, касе надида бошад, ки мор моҳиро хӯрда бошад, баръакс насли онҳо дар даруни об бисёр шуда истодааст. Худи ҳазрати Алӣ бо аспаш ба як ду бор ҷаҳида, аз болои кӯҳҳо нопадид мешавад. Мегӯянд паи сумби аспи ҳазрати Алӣ то ҳол дар кӯҳ боқӣ мондааст”.[1]

Чи тавре болотар зикр шуд, ривоятҳо роҷеъ ба Чилучорчашма зиёданд ва аҷибаш он аст, ки қариб дар аксари ривоятҳо пайдоиши онро ба ҳазрати Алӣ нисбат медиҳанд. Аммо ривоятҳое ҳастанд, ки сабаби кашф гардидани Чилучорчашмаро ба аспбони ҳазрати Алӣ – Бобо Қамбар рабт медиҳанд.

Масалан, дар ривояти зерин чунин оварда шудааст: “Вақте ки ҳазрати Алӣ аз муҳориба монда шуда, хоб меравад, аз зери наъли асп чилу чор чашма  мерӯяд. Дар чил чашма чилтанҳои ҳазрати Алӣ ва дар чор чашма чор ёрон мебошанд. Бедор мешавад, ки  ҳама хоб аст. Таъбиргаронро  даъват мекунанд. Онҳо дар давоми ду рӯз ин хобро таъбир карда наметавонанд, рӯзи сеюм хабар мерасад, ки Бобо Қамбар аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кардаанд. Таъбиргарон акнун ба ҳазрати Алӣ  таъбири хоби ӯро дар обҳои шаффоф, моҳию морҳои зиёд ва чароғи фурӯзон дида,  хулоса карданд, ки чароғи  дини ислом Бобо Қамбар аст ва ҳар куҷо ки  44 чашма  ёфт шавад, он ҷо  ҷасади Бобоқамбарро дафн менамоянд. Дарҳол чор гурӯҳ ба чор  тарафи дунё фиристода мешавад. Гурӯҳи  аввал  ба Бадахшон 28 чашма, гурӯҳи дигар аз кӯҳҳои Имом Маҳдии Эрон 16 чашма, гурӯҳи  сеюм дар Доғистон  чор  чашма дарёфт мекунанд. Гурӯҳи чорум бо сардории Қутайба ибни Муслим  дарёи Омӯро убур карда дар Мовароуннаҳр Чилучорчашмаро пайдо мекунанд. Мувофиқи фармони ҳазрати Алӣ Бобо Қамбарро рӯзи чоршанбе дар болои теппаи Чилучорчашма дафн кардаанд.

Бегоҳи рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта ҳазрати Алӣ ба зиёрати Бобо омада, дар поёни қабр ду ракъат намоз мегузорад ва аз оби чашма менӯшад. Аз ҳамон рӯз инҷониб мусулмонон рӯзҳои чоршанбе ба зиёрати Бобо ва қадамҷои ҳазрати Алӣ меоянд”.[2]

Аз мазмуни ривоят бармеояд, ки баръакси асо задани ҳазрати Алӣ чилу чор чашмаи муқаддас қаблан дар ин минтақа вуҷуд доштааст. Таҳлилу баррасии матни ривоятҳо аз он далолат медиҳанд, ки гӯяндагон дар доираи фаҳмишҳои худ оид ба ҷанбаҳои муқаддас мазор чизеро меофаранд. Дар марказ унвони шахсиятҳо гузошта мешавад, ки инкори онҳо ғайриимкон мегардад. Аммо дар бораи Бобо Қамбар нисбат ба ҳазрати Алӣ ривоятҳо хеле каманд. Ҳатто метавон гуфт, ки дар дигар навоҳии Тоҷикистон қариб дар бораи ӯ нақл ва ё ривояте вуҷуд надорад.

Дар иртибот бо шахсият ва бузургии ҳазрати Алӣ бошад, ривоятҳо хеле зиёданд. Ҳатто пайдоиши чашмаҳои зиёдеро дар кишварамон ба Ҳазрати Алӣ мансуб медонанд. Ин гуна ривоятҳо оид ба шахсияти ӯ ва мансуб будани чашмаҳо ба ин шахсияти таърихӣ дар минтақаи Бадахшон зиёдтар ба назар мерасанд. Масалан дар Бадахшон барои тарғибу ташвиқи дин мубориза мебурд, ривояти дигаре пайдо намудем, ки гӯё дар як деҳа аждаҳое пайдо шуда буду, ҳамаро ба комаш фурӯ мебурд, сипас ҳазрати Алӣ бо он ҷангида онро кушт. “...баъди куштани он аждаҳо барои тоза шуданашон Ҳазрати Алӣ асояшро ба замин зер карда баъди он чашмаи гарм пайдо мешавад ва ин чашмаи бузургвор ба номи Гармчашма аст. Акнун ин чашма миллионҳо миллион одамонро аз касалӣ наҷот медиҳад ”.

Воқеан, ҳазрати Алӣ шахсияти таърихӣ мебошад, ки дар асрҳои VI-VII дар нимҷазираи Араб зиндагӣ кардааст ва тибқи сарчашмаҳои муътамад ин шахс ба Осиёи Миёна наомадааст. Азбаски дар тарғибу ташвиқи дини ислом бисёр саъйу талош кардаву шуҷоъ низ буд, мардум ӯро ҳамчун идеал қабул карда бисёр ҳодисаҳоро ба ӯ нисбат медоданд. Ба андешаи мо, нисбати дигар минтақаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёдтар будани ривоятҳо дар бораи ҳазрати Алӣ, ин робитаи мазҳабӣ мебошад, ки оид ба шахсияти ҳазрати Алӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар фарҳанги мардуми тоҷик ин ақидаҳо васеътар баррасӣ шаванд.

Ҳамин тариқ аз мазмуни ривоятҳои боло бармеояд, ки маҳз рӯзҳои чоршанбе ба зиёрати Чилучорчашма рафтани мардум ба рӯзи дафни Бобо Қамбар, ки рӯзи чоршанбе буд, маншаъ мегирад. Мардуми маҳаллӣ ин мавзеъро яке аз маконҳои муқаддас ва ҳамчун қадамҷои ҳазрати Алӣ ва марқади Бобо Қамбар дониста, барои талаби шифо, кушоиши бахт, талаби фарзанд ва дигар ҳоҷоту мушкилотҳо меоянд. Ин мақсадро Ш. Раҳмон низ ёдовар шудааст: “Одамон, хусусан ҷавонон барои мурод талабидан ба Чашмаҷон омада, сангча аз чашмаҳо гирифта, баъди соҳиби бахт шудан боз оварда дар ҷояш мегузоранд. Оилаҳои бефарзанд баъди мурод талабидан соҳиби фарзанд мешаванд. Гоҳ хобатонро ба оби чашмаҳо гуфта, таъбири нек мепурсед ва муродатон ҳосил мешавад”.

Дар воқеъ, Чилучорчашма мавзеъи зебову фараҳбахш буда, зиёраткунандагон аз рӯи ихлос ба он ҷо омада, аз Яздони пок барои худу наздиконаш бахти нек, зиндагии осуда ва саодатмандӣ хоста, аз ин даргоҳ нерӯ ва илҳоми тоза мегиранду зиндагиро бо як назари нек ва дили гарм идома медиҳанд. Инчунин, барои фароғати меҳмонону зоирон ва ҷиҳати макони мувофиқ аст. Аз ҳама ҷолиб ин, ки аксарияти зоирон ва сайёҳон дар такя ба ривоятҳои шунидаашон ихлосманди макони мазкур шудаанд ва чунин ривоятҳоро ба дигарон интиқол медиҳанд.

Холмуродов Зафар

 

 

 

[1] Гӯянда Турсунпӯлодов Луқмон, нозири ёдгориҳои таърихии бахши фарҳанги н.Шаҳритуз.    

[2] Гӯянда Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ Бойматов, соли тав. 1939, мутаваллии Чилучорчашма.

барчасп: