Аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар қаламрави Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳокими тамоми Форс эълон шуд ва чор сол баъд вай охирин намояндаи ашкониён Ардавони I-ро шикаст дод ва дар як қаламрави бузург давлат ташкил намуд. Бо вуруди Ислом дар миёнаҳои асри YII милодӣ ин давлати муқтадир ба ҳастии худ поён дод.
Давраи Сосониён як давраи ташаккули миллатҳои ин қаламрав маҳсуб мешавад ва як бахши азими қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ низ тобеъи ҳамин империя буд. Сосониён илова ба кишваркушоиҳо ва тақвияти қаламрави худ, ба рушди илму маърифат ва нумуъи навъҳои гуногуни санъат сабаб шуданд. Маҳз дар ҳамин давра мусиқӣ рушди тоза ёфт ва як намояндаи бузурги санъати мусиқии замон Борбади Марвазӣ ва ҳамзамонони ӯ буданд. Дар бораи Борбад мо гуфтаниҳои муқаддамотие доштем. Ҳоло дар ин бахш баъзе аз созу навои он замонро истинодан ба қомусҳои муътабар мурур мекунем.
«БОҒИ СИЁВУШОН», суруди қадимии аҳди Сосониён, ки ба силсилаи сӣ лаҳн эҷодкардаи Борбади Марвӣ мансуб будааст. «Боғи Сиёвушон» аз сурудҳои базмии муфарраҳ буда, ба хотираи қаҳрамони мардуми эронзамин – Сиёвуш тасниф шудааст.
Дар ин бора метавонед ба ин манбаъҳо руҷуъ кунед:
Шарҳи радифи мусиқии Эрон,Т., 1346 ҳиҷрии шамсӣ;
Маҳдии Ситоишгар, Номномаи мусиқии Эронзамин, Т., 1378 ҳиҷрии шамсӣ;
Ризоқулихони Ҳидоят, Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ, Теҳрон, 1304;
Нусратулло Ҳаддодӣ, Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Т., 1375 ҳиҷрии шамсӣ;
Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
Раджабов А., Борбад: эпоха, традиция и новаторства, Д., 2010; ҳамон муаллиф,
Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Д., 2011.
*** *** *** ***
«БОҒИ ШАҲРИЁР», суруди қадимии аҳди Сосониён, ки ба таснифоти Борбади Марвӣ мансуб аст. «Боғи Шаҳриёр» суруди базмии муфарраҳ буда, мусанниф онро ба шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (солҳои ҳукмрониаш 590 – 623) бахшидааст.
«Боғи Шаҳриёр» яке аз сурудҳои силсилаи «Хусравониёт» ба шумор рафта, ба маҷмӯаи сӣ лаҳни барои рӯзҳои сол эҷодкардаи Борбад шомил мешавад.
Ин мусиқӣ аз ҷониби пажуҳишгарони тоҷик ва эронӣ хуб таҳқиқ шуддааст ва метавон ба ин манбаъҳо муроҷиат кард:
Маҳдии Ситоишгар, Номномаи мусиқии Эронзамин, Т., 1378 ҳиҷрии шамсӣ;
Ризоқулихони Ҳидоят, Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ, Т., 1304 ҳиҷрии шамсӣ;
Нусратулло Ҳаддодӣ, Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Т., 1375 ҳ. ш.; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. Д., 1988;
Раджабов А., Борбад: эпоха, традиция и новаторства, Д., 2010; ҳамон муаллиф;
Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Д., 2011.
*** *** *** ***
«БОҒИ ШИРИН», суруди қадимии аҳди Сосониён, ки Борбади Марвазӣ бахшида ба маҳбубаи шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз – Ширин эҷод кардааст. «Боғи Ширин” суруди шӯхи базмӣ буда, ба силсилаи «Хусравониёт» дохил аст. Он низ яке аз сӣ лаҳни ба рӯзҳои сол эҷодкардаи Борбад мебошад.
Дар ин таронаи марғуб зебоӣ ва назокати боғе, ки дар он Ширин сайр мекардааст, инчунин латофати он олиҳаи ҳусн ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Маълумоти бештарро аз ин китобҳо метавон дарёфт кард:
Маҳдии Ситоишгар, Номномаи мусиқии Эронзамин, Т., 1378 ҳиҷрии шамсӣ;
Ризоқулихони Ҳидоят, Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ, Т., 1304 ҳиҷрии шамсӣ;
Нусратулло Ҳаддодӣ, Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Т., 1375 ҳ. ш.; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. Д., 1988;
Раджабов А., Борбад: эпоха, традиция и новаторства, Д., 2010; ҳамон муаллиф;
Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Д., 2011.
*** *** *** ***
«БОДА». Ин тарона ва оҳанги маросимии дар аҳди Сосониён буд, ки дар ҷашнвораҳо ва нишастҳои шоҳона суруда мешуд ва табъи аҳли ҷамъро болида месохт.
«Бода» ба силсилаи оҳангу таронаҳои қисми аввали «Хусравониёт»-и Борбади Марвазӣ мансуб буда, барои маросимҳои ҷашнороии Хусрави Парвиз эҷод шудааст. Дар адабиёти хаттии мусиқию адабии асрҳои 10 – 12 «Бода» яке аз таронаҳои машҳури он айём зикр шудааст.
Дар асрҳои 12 – 14 («Мақолид-ул-улум»-и Ҷурҳонӣ, «Рисола дар илми мусиқӣ»-и Муҳаммади Нишопурӣ ва ғайра) низ «Бода»-ро ёд кардаанд.
Дар мусиқии имрӯзаи халқӣ ва классикии тоҷик ба ин ном шӯъба ё гӯшаи созию овозӣ вуҷуд надорад.
Барои шарҳи бештар метавон ба ин манбаъҳо муроҷиат кард:
Шарҳи радифи мусиқии Эрон, Т.,1346 ҳиҷрии шамсӣ;
Фурсати Шерозӣ, Буҳур-ул-алҳон, Т.,13042;
Маҳдии Ситоишгар, Номномаи мусиқии Эронзамин, Т.., 1378;
Ризоқулихони Ҳидоят, Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ,Т.,1304;
Нусратулло Ҳаддодӣ, Фарҳангномаи мусиқии Эрон,Т.,1375; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. Д., 1988;
Раджабов А., Борбад: эпоха,традиция и новаторства, Д.,2010;
Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Душанбе,2011.
*** *** *** ***
«БОДИ НАВРӮЗ». Ҳамчуноне аз номаш пайдост, Борбади Марвазӣ онро ба истиқболи Наврӯз эҷод кардааст ва тараннумкунандаи баҳору сабзаву гул ва эҳёи табиат аст.
«Боди Наврӯз» низ мансуб ба оҳангҳои сигона ва силсилаи «Хусравониёт»-и Борбад мебошад.
Дар асрҳои XII-XY чун шӯъба дар таркиби «Дувоздаҳмақом» амал доштааст. Он дар доираи «Ҳафтдастгоҳ»-и Эрон як порчаи оҳанги тараннумӣ мебошад.
*** *** *** ***
«АФСАРИ БАҲОР». Ин ҳам аз ҷумлаи таронаҳои наврӯзист, ки Борбади Марвазӣ эҷод кардааст. Суруд аксар маврид дар зиёфатҳои шоҳона иҷро мешуд ва бештар дар аввали баҳор, дар остона ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз.
“Афсари баҳор” ба силсилаи дуюми «Хусравониёт»-и Борбад низ дохил аст, ки зебоиҳои табиат ва суруру шодии мардумро дар баҳорон тавсиф мекунад. Дар маъхаз ва манбаъҳои хаттии асҳои 12 – 13 («Мақолид-ул-улум»-и Ҷурҷонӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Муҳаммади Нишопурӣ ва ғайра.)
«Афсари баҳор” чун шӯъбаи мусиии мақоми «Ушшоқ» хотирнишон шудааст; 2) гӯшаи мусиқӣ дар таркиби «Ҳафтмақом» («Ҳафтдастгоҳ»)-и Эрон ҳузур дорад. Вале пажуҳишгарони тоҷик мегӯянд он дар мусиқии халқи тоҷик маъмул нест.
*** *** *** ***
«АФСАРИ САГЗӢ». 1. Ин тарона низ аз сурудҳои баҳории Борбади Марвазист, ки барои шоҳони Сосонӣ эҷод шуда ва дар маросимҳои тантанавии Наврӯз суруда мешуд.
Таронаро ба силсилаи аввали «Хусравониёт»-и Борбад мансуб медонанд ва он тараннумгари таровату зебогиҳои баҳор, гулу сабза, боду борони баҳорист.
Мувофиқи маълумоти рисолаи мусиқии «Мақолид-ул-улум»-и Ҷурҷонӣ «Афсари сагзӣ” чун шўъбаи мусиқӣ дар асрҳои 12 – 13 амал доштааст, вале дар «Дувоздаҳмақом» хотирнишон нашудааст;
2) сози тории мусиқии қадимаи мардуми эронинажод, ки бо ин ном шӯҳрат доштааст.
Худи калимаи “сагзӣ” дар луғат ин гуна шарҳ ёфтааст:
- мансуб ба Сагзистон, номи қадимии Систон;
- мансуб ба қавми сакҳо;
- сокини Систони қадим;
- лақаби Рустами Дастон;
- лаҳҷаи систониён, ки яке аз забонҳои қадими эронист.
Ҳамоно, ки он сагзии ҷангҷӯ,
Ки чандон ҳаме баршумурдӣ ту з-ӯ.
Фирдавсии Тӯсӣ