ПАРЧАМ НАМОДИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Аз ҳамон замон вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Ҳанӯз 23 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам  рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, чунин иброз намуданд: «Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

«Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфтааст.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончӣ, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп — пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар»  ва «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.

Ҳанӯз соли 1992 бо устоди донишманд академик Раҷаб Амонов оид ба омилҳои ифтихори миллӣ мусоҳиб гардида, он матлабро дар рӯзномаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба табъ расонда будам, ки пораеро аз он оид ба суруди миллӣ, парчам ва нишони кишвар меорем: “Муҳимтарини омилҳо ифтихори миллист. Ифтихори миллӣ, агар ҳамчун падидаи барӣ аз такаббур ва худхоҳӣ ҳамчун ифодагари ҳастии таърихии миллат ҳамчун вазифаи таърихӣ ва мақсаду мароми иҷтимоии он зуҳур кунад ва дар чорчӯбаи миллатгароӣ қарор нагирад, фишанги тавоное хоҳад шуд барои халосӣ аз ҳама гуна бӯҳронҳо ва барои инкишофи босуръати иқтисодӣ ва маънавии мамлакат, барои барқарор ва устувор гардидани адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон.

Чанде аз омилҳои ин падида, сурурди миллӣ, парчам ва нишони мамлакат  ҳастанд. Зарур аст, ки мавҷудияти ин омилҳо зоҳирӣ сурат нагирад, онҳо бояд манфат  биёваранд, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва пойдоршавии ифтихори миллӣ мусоидат намоянд.

Суруди давлатӣ матни дилрас ва оҳанги мутантани ифтихорангез дорад. Кӯшиш бояд кард, то ки онро оммаҳо аз худ кунанд, дар донишкадаҳо, муассисаҳо, корхонаҳо хурду калон дар ёд гиранду дар мавридҳои ҷашнгирӣ, маҷлисҳои тантанавӣ сароянд, дар рӯзҳои ҷашн дар майдонҳо ва толорҳо ба таври оммавӣ иҷро намудани ин суруд расм бошад. Ба ин восита дилҳоро ба ҷӯш оварда, ҳиссиёти пурифтихореро тавлид кардан мумкин ва зарур аст.

Парчамии Тоҷикистони соҳбиистиқлол бояд дар ҳар хонадон вуҷуд дошта бошад ва дар рӯзҳои ҷашн дар ҳама ҷо, алалхусус дар сари иморатҳо ва бошишгоҳҳо, баланд шавад ва ҷилва кунад, ки ин як ҳодисаи дилафрӯзе ва ифтихорангезе хоҳад буд. Илова бар ин мо бояд аз он мамлакатҳое, ки ба ифтихори миллӣ заминаи мустаҳкаме гузоштаанд, ибрат биҷӯем, алалхусус миқдори зиёди нусхаҳои хурди парчами миллиро муҳайё намуда, ба ихтиёри ҳамагон бидиҳем, то ки дар мавридаш дастҳои зиёде онҳоро боло кунанду бо шодиву сарафрозӣ ҷилвагар созанд, анбӯҳи парчамҳо фазоро фаро гирифта, манзараи ҳаяҷонбахше падидор гардад.

Саъй бояд кард, ки нишони мамлакати мустақилу озод бештар манзур гардад ва аҳамияти бузурги таърихии истиқлолияти кишварро ба зеҳни оммаҳо нишонад”.

Мо имрӯзҳо шоҳиди онем, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кишвари мо дар замони ҷаҳонишавӣ  мавқеи устувори хешро пайдо карда, зери Парчами миллӣ ба сӯи  ояндаи дурахшон ба пеш меравад.

 

Мунаввари Сафар,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

барчасп: