Дар бораи “Дугоҳ” чиро бояд донист?

1.    Дугоҳ
Дугоҳ.-шўъбаи якуми мақоми «Ҳусайнӣ» («Дувоздаҳмақом») ва мақоми чоруми «Шашмақом»,ки аз ду қаторовоз таркиб ёфтааст. Аз «Мушкилот» (соз) ва «Наср» (тарона) иборат аст.Шохаҳои қисмати созии «Д» «Таснифи Д.», «Тарҷеи Д.», «Гардуни Д.», «Пешрави Д.», «Самаси  Чоргоҳ», «Мухамимаси Д.», «Мухаммаси Чоргоҳ», «Мухаммаси Ҳоҷихоҷа», «Сақили Ашкулло». Қисмати таронавии «Д.» аз рўи сохт ба ду қисм ҷудо мешавад: қисми аввал «Сарахбори Д.» (бо 5 тарона), «Талқини Чоргоҳ» (бо тарона ва супориш), «Ҳусайнии Д.», ва «Уфари Чоргоҳ». Қисмати дуюм аз «Савт» ва «Мугулчаҳо»: «Савти Чоргоҳ», «Талқинчаи Савти Чоргоҳ», «Қашқарчаи Савти Чоргоҳ», «Соқиномаи Савти Чоргоҳ», «Уфари Савти Чоргоҳ», «Муѓулчаи Д.», «Қашқарчаи МуѓулчаиД.», «Сарахбори Оромиҷон» (бо тарона), «Уфари Оромиҷон» таркиб ёфтааст.

2.    ДугоҳиАҷам.
Дугоҳи Аҷам- 1) суруд,оҳанги маросимии қадимии форс тоҷик;
2) гўшаи мусиқии мақоми «Буслиқ» ва шўъбаи «Наврузи сабо»-и «Дувоздаҳмақом».

3.    Дугоҳи сарф.
Дугоҳи Сарф - мақоме дар таркиби «Понздаҳмақом» (Мақоми сеюм), ки бастакорони форс-тоҷик онро дар асоси пардаи мақоми «Дугоҳ» ва пардаи пасти мақоми «Ироқ» эҷод кардаанд. «Д. с.» то асрҳои 16-17 дар мусиқӣ мавқеъ дошта,сипас бастакорону мусиқишиносон ба ҷои он шўъбаи «Дугоҳ» (дар таркиби мақоми «Ҳусайнӣ», «Дувоздаҳмақом») ва гўшаи мусиқии «Дугоҳи Аҷам» (мақоми «Буслик»)- ро ба кор бурдаанд.Дар мусиқии имрузаи класикии тоҷик «Д.с.» амал надорад.


4.    Дугоҳи Ҳусайнӣ.
Дугоҳи Ҳусайнӣ - таронае аз таснифоти бастакор ва ҳофизи тоҷик Ҳусайни Моҳир (асрҳои 17-18),ки дар асоси яке аз шўъбаҳои мақоми «Дугоҳ»- «Ҳусайнии Дугоҳ» тасниф шуда,он аз «Уфари Д.Ҳ.», «Сарахбор» ва  қисматҳои созию овози иборат аст.Қисмати таронавии «Д.Ҳ.» ба мақоми «Дугоҳ» ва шуъбаи уфари он ба «Уфари Баёт»-и мақоми «Наво» наздик аст.

Баргирифта аз  “ Энсиклопедияи советии тоҷик”, Душанбе. – 1980.-Ҷ 2 саҳифаҳои  344-345