Рамзҳо ва ё муқаддасоте мавҷуданд, ки дар рушд ва ташаккули ҳар як миллату давлат таъсири мусбӣ мерасонанд. Онҳо на танҳо ифодагари соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии он ба шумор мераванд. Ин рамзҳо дар раванди ташаккули давлатдорӣ нақши муҳим дошта, ҳамчун омили пайвандгари гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеа хизмат мекунанд. Дар байни чунин рамзҳо Парчами давлатӣ мақоми хосса дорад, зеро он таҷассуми воқеии истиқлолияти сиёсӣ, ягонагии миллӣ ва мавҷудияти давлати мустақил мебошад. Парчами давлатӣ танҳо як матои дорои ранг ва нишонаҳои муайян нест, балки он дорои мазмуни амиқи таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, дар худ мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ, худшиносӣ ва мансубияти миллиро муттаҳид менамояд. Аз ин ҷиҳат, омузиш ва баррасии Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар доираи тафсири рамзҳои он, балки аз нуқтаи назари таърихи ташаккули давлатдорӣ, таҳаввули фарҳанги сиёсӣ ва рушди ҳувияти миллӣ сурат гирад.
Таърихи парчамдорӣ дар байни халқҳои ҷаҳон аз равандҳои қадимаи ташаккули давлат, муносибатҳои иҷтимоӣ ва низоми ҳарбию сиёсӣ сарчашма мегирад. Аз замонҳои бостон инсоният барои ифодаи мансубият ба гурӯҳ, қабила, давлат ва неруҳои сиёсӣ аз нишонаю аломатҳои махсус истифода мебурд. Бо мурури замон ин нишонаҳо шакли мукаммалтар гирифта, ба яке аз унсурҳои муҳимми фарҳанги давлатдорӣ табдил ёфтанд. Дар таърихи давлатдории халқҳои ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, парчам ва дирафш мақоми хос доштанд. Махсусан, дар ривоятҳои таърихию ҳамосавӣ образи “Дирафши Ковиёнӣ” ҳамчун рамзи мубориза барои адолат, озодӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин дирафш дар “Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсӣ ҳамчун нишонаи пирӯзии Коваи оҳангар барои зулм ва оғози давраи нави давлатдорӣ тасвир шудааст. Албатта, миёни дирафшҳои таърихию ҳамосавии гузашта ва Парчами давлатии имрӯза фарқияти шаклӣ ва таърихӣ вуҷуд дорад, аммо омузиши онҳо имкон медиҳад, ки анъанаҳои рамзсозӣ ва эҳтиром ба нишонаҳои давлатдорӣ дар фарҳанги тоҷикон мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ шакл, мазмун ва вазифаи рамзҳои давлатӣ тағйир ёфта бошанд ҳам, зарурати доштани нишонаи ягонагӣ ва мансубияти сиёсӣ ҳамеша боқӣ мондааст.Аз ин рӯ омузиши таърихи парчамдорӣ танҳо омузиши як рамзи тасвирӣ нест, балки як қисми муҳимми таҳқиқи таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ ва мероси ғании фарҳангӣ мебошад, масъалаи ҳифз ва муаррифии рамзҳои миллӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро худшиносии миллӣ бе шинохти таърих, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои давлатдории гузашта ташаккул ёфта наметавонад.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Парчами давлатӣ ифода намудани соҳибихтиёрии мамлакат мебошад. Соҳибихтиёрӣ маънои мустақилияти давлат дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили сохтори идоракунӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи расмии мавҷудияти давлати мустақил ва намояндагии он дар арсаи байналмилалӣ баромад мекунад. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон дар шакли имрӯза қабул гардид. Ин рӯйдод дар марҳилаи муҳимми ташаккули давлатдории навини тоҷикон ба вуқуъ пайваста, барои муайян намудани симои рамзии давлати соҳибистиқлол замина гузошт. Қабули Парчами давлатӣ дар шароите сурат гирифт, ки кишвар ба таҳкими пояҳои нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва инситутсионалии давлатдорӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, ин рӯйдодро метавон яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули рамзҳои давлатдории муосири Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Мақоми Парчам баъдан дар сатҳи конститутсионӣ низ мустаҳкам гардид. Мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии кишвар мебошанд. Ин муқараррот аҳаммияти ҳуқуқии рамзҳои давлатиро муайян намуда, мақоми онҳоро дар низоми конститутсионии мамлакат мустаҳкам мекунад. Аз нуқтаи назари давлатшиносӣ Парчам яке аз унсурҳои шинохти давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он дар намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вохӯриҳои расмӣ ва чорабиниҳои байнидавлатӣ ҳамчун нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳамин тариқ, Парчам на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз ҳудуди он низ мақоми давлат ва мансубияти миллии моро муаррифӣ менамояд. Ҳангоме, ки Парчами Тоҷикистон дар дохил ё хориҷи кишвар афрохта мешавад, он на танҳо номи давлатро муаррифӣ мекунад, балки таърихи миллати тоҷик, фарҳанги он ва мавҷудияти давлати соҳибистиқлолро низ таҷассум менамояд. Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, рамзҳои миллӣ дорои хусусияти пайванди наслҳо мебошанд. Яъне онҳо арзишҳои таърихиро аз як насл ба насли дигар интиқол дода, барои нигоҳ доштани пайванди маънавии ҷомеа мусоидат мекунанд.Парчами давлатӣ низ ба ин раванд мусоидат намуда, дар ташаккули эҳсоси масъулият нисбат ба давлат, эҳтиром ба таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муайян дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоӣ босуръат тағйир меёбанд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.Ҷаҳонишавӣ имкониятҳои васеи ҳамкории байнифарҳангиро фароҳам меорад, аммо ҳамзамон аз ҳар як ҷомеа тақозо мекунад, ки арзишҳои таърихию фарҳангии худро ҳифз намояд. Дар чунин шароит Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои устувории ҳувияти миллӣ аҳамияти хосса дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, эҳтиром ба Парчам бояд на танҳо дар рӯзҳои таҷлил, балки дар муносибати ҳаррӯзаи шаҳрвандон ба давлат, ҷомеа ва арзишҳои миллӣ зоҳир гардад.
Фариштамоҳ Саъдуллозода,
ходими илмии ПИТФИ

