Ифтихормандӣ бо парчаму парчамдорӣ ҳамчун оини қадимии аҷдодони тоҷик ба мерос омадааст. Парчам аз нишонаҳои раванди маърифати инсонист ва миллати мо соҳиби фарҳанги ниҳоят пурмуҳтавои антиқа мебошад. Парчами ҳар кишвар рамзи иродаҳо, боварҳо ва фарҳангҳо аст. Пажӯҳиши парчам зеҳнро ба печутоби таърихи тамаддун ва фарҳанги як кишвар фаро мехонад. Парчам, ливо ё дирафш дар луғат барои номидани пораи матоъе ба кор меравад, ки маъмулан дорои нақшҳо ва як ё чанд ранг буда, барои шинохти як миллат ё мамлакат, ишора додан ва ё ороиш истифода мешавад. Башар дар тӯли қарнҳо барои нишон додани ватандӯстӣ ва изҳори шуҷоат парчами кишвари хешро ба майдонҳои набард мебурд. Ба ҳамон андозае ки тарҳ, шакл ва ранг дар парчами кишварҳо гуногун аст, корбурди он дар тӯли таърих низ мутафовит будааст. Гоҳе аз он ҳамчун нишонаи ваҳдат истифода мешуд ва гоҳе корбурди ороишӣ дошт. Гоҳе дар ҷабҳаҳои ҷанг омили тақвияти рӯҳияи размандагон буд ва барои барафрошта мондани он ҷонҳо нисор мешуданд ва гоҳе ба унвони эҳтирому бузургдошт шаҳидони роҳи Ватанро аз он кафан мекарданд.
Парчамдории аҷдодони тоҷик аз замони давлатдории Ҳахоманишиҳою Кушониёну Сосониён бо румузи давлатдориашону мазҳаби Зардуштия мувофиқ меомад. Дар он парчамҳо низ рамзи озодӣ, муттаҳидӣ, ғурури ориёӣ, ҷовидонӣ, бурдбориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ инъикос меёфтанд. Асли муҳтавои он парчамҳо аз гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек манша мегирифт. Ба ин маънӣ, ки Парчам аз муқаддастарин рамзи давлат ба ҳисоб мерафт, шоҳони Ориёнӣ барои поси парчам онро бо гаронтарин маснуоти ороишӣ музайян мекарданд. Давлатҳои асримиёнагии тоҷикон Тоҳириёну Саффориёну Сомониёну Ғуриёну Курдҳою Сарбадорони Хуросон ҳам ин рамзи махсуси давлатдориро муқаддас медонистаанд.
Барои давлати мо – тоҷикон бошад, Парчами болобаланди мо сари баланди мо, нангу ору номи мо, тахту бахту коми мост!
Сари баланди тоҷикон бингар,
Беҳин паранди тоҷикон бингар,
Ливои нангу ору номи мо ҳамин аст,
Ливои тахту бахту коми мо ҳамин аст.
Ба ранги сурх,
Ба рӯи хоки Сиёвашгирд
Зи хуни гарми Сиёвуш аст.
Зи ранги сап-сафед
Чу шири сап-сафеди сапеда
Ба рӯи шаб –
Шаби дарози сияҳпӯш аст.
Зи ранги сабз
Ба рӯи боғи биҳиштӣ
Чу сабзаҳои гунаҳпӯш аст..
Лапиданаш
Чу баҳр аст,
Балки уқёнус.
Чу оби рӯи Ватандор
Зи қаъри қулзуми номус...
Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ

