ФАЪОЛИЯТ ВА РУШДИ КИТОБХОНАИ МАРКАЗОНИДАШУДАИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Китобхона оинаи маънавии ҷомеа ва ганҷинаи бебаҳои хираду маърифати инсоният ба шумор меравад. Зеро дар саҳифаҳои китоб таърихи халқҳо, таҷрибаи наслҳо, дастовардҳои илмӣ ва арзишҳои волои фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд. Мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа хеле муҳим буда, он ҳамчун маркази маърифат, донишомӯзӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизмат мекунад. Китобхона на танҳо макони нигаҳдорӣ ва мутолиаи китоб, балки муассисаи муҳими тарбиявию маърифатӣ мебошад, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури созанда ва баланд бардоштани сатҳи дониш саҳми арзанда мегузорад. Тавассути китобхона инсон метавонад аз дастовардҳои илму фарҳанг огоҳ гардида,  дониши худро такмил диҳад ва ҷаҳонбинии худро васеъ намояд. Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир китобхона аҳаммияти худро ҳамчун манбаи боэътимоди иттилоот нигоҳ дошта, барои қонеъ гардонидани талаботи маърифатӣ ва илмии аҳолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.  

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Истаравшан низ яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии шаҳр дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи сарватҳои китобӣ, тарғиби осори адибони классик ва муосир, қонеъ гардонидани талаботи маърифатии хонандагон ва рушди фарҳанги китобхонӣ саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти он ба нигоҳдории мероси адабию фарҳангӣ, густариши дониш ва таҳкими анъанаҳои маърифатпарварии сокинони шаҳр равона гардидааст. Китобхона соли 1979 таъсис ёфта дар бинои Қасри фарҳанг фаъолият мекунад. Айни замон шумораи умумии хазинаи китобии китобхонаи марказонидашудаи шаҳр 36977 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 8432 нусха китобҳо ба забони тоҷикӣ, 24384 нусха ба забони русӣ, 3525 нусха ба забони ӯзбекӣ ва 636 нусха бо дигар забонҳо мебошад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2026 ба китобхона аз Ҳукумати шаҳр 15 нусха адабиётҳои нав ба маблағи 345 (се саду чилу панҷ) сомонӣ, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон”, 60 нусха адабиётҳои нав ба маблағи 2129 (ду ҳазору як саду бисту нуҳ) сомонӣ ба таври ройгон ворид гардид. Ҳамагӣ дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба китобхона 75 нусха адабиётҳои нав ба маблағи 2474 (ду ҳазору чорсаду ҳафтоду чор) сомонӣ ба таври ройгон ворид гардид ва шумораи хонандагон ба 2365 нафар расидааст.  120 чорабиниҳои оммавӣ бо 5652 нафар иштирокчиён баргузор карда шудааст, ки аз он ҷумла: “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Рӯзи “Артиши миллӣ”, Рӯзи “Модар”, Рӯзи “Ғалаба”, Рӯзи “Рӯдакӣ”, “Солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат”, “Соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” ва ҷашнгирии зодрӯзи адибону олимони кишвар 885-солагии Низоми Ганҷавӣ, 705-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 200-солагии Аҳмади Дониш, 110-солагии Ҳабиб Юсуфӣ ва дигар чорабиниҳо ба монанди намоишҳои китобӣ, маҳфилҳои адабӣ-мусиқӣ, саволу ҷавоб, субҳи адабӣ, вохӯри бо адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо унвонҳои “Нерӯи тавонои кишвар”, “Модар сафобахшандаи ҳаёт”, Қаҳрамонон намирандаанд”, “Ваҳдат бақои миллат”, бахшида ба 90-солагии Наимҷон Назирӣ “Шоири дӯстдоштаи мо”, бахшида ба 85-солагии Нур Табаров “Нависанда ва рӯзноманигор”, бахшида ба 115-солагии Мирзо Турсунзода “Вафои сулҳу дӯстӣ” ва дигар намоишҳои китобӣ хулосаи китобшиносӣ, лавҳаи китобхонавӣ, баргакҳои мавзӯӣ ташкил карда гузаронида шудааст. Ин чорабиниҳо ба рушди фарҳанги мутолиа, баланд гардидани савияи дониши ҳам илмӣ ва ҳам маънавии ҷавонон ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо мусоидат менамояд.

Инчунин дар ин ҷо хонандагон имконияти истифода бурдани китобҳоро берун аз китобхона низ доранд. Толори китобхона тозаву барҳаво ва барои хондан мусоид буда адабиётҳо бо тартиби таснифоти китобдорӣ- библиографӣ  ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Дар китобхона китобҳои электронӣ, китобҳои сканершуда мавҷуд аст ва бо Интернет пайваст мебошад. Баландшавии нишондиҳандаҳои рақамии китобхона бо вазъияти кори маълумотдиҳӣ, библиографӣ ва ахборотӣ зич алоқаманд мебошад. Китобдорони китобхона дар ин кор ба вазифаи асосии худ яъне сари вақт ва ҳаматарафа бо адабиёт қонеъ намудани эҳтиёҷоти гурӯҳи гуногуни хонандагон диққати ҷиддӣ дода доир ба ин самт корҳои зеринро ба иҷро расонидаанд: дар китобхона махзани маълумотдиҳанда алоҳида карда шуда ба хонандагон хизмат расонида мешавад. Баргакҳои китобхонавии зерин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба  даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2022-2026-“Солҳои рушди саноат”, “Солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисодӣ, рақамӣ ва инноватсия”, солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ”, “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, “Терроризм зуҳуроти номатлуби ҷомеа”, “Танзими ҷашну маросим – тақозои замон”, “Ҳифз кардани оила устувор сохтани давлату ҷомеа аст”, “Оиларо муқаддас бояд нигоҳ дошт” ташкил карда шуд.

Китобхона дар ташкил ва баргузории намоиши китобҳо, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳо ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ саҳм мегузоранд. Инчунин бахшида ба тарғибу ташвиқи  адабиётҳои техникӣ ва кишоварзӣ дар китобхонаи марказӣ чорабиниҳои пурмазмун; гӯшаҳо, лавҳаҳо, маҳфили мавзӯӣ, хулосаи библиографӣ, картотекаҳои мавзӯӣ доир ба соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ташкил карда гузаронида шудааст. Кормандони китобхона санаи 10-уми марти соли равон дар ҳамкорӣ бо омузгорон ва хонандагони МТМУ №32 ба номи Зафархон Ҷавҳарӣ бахшида ба иди Наврӯз маҳфили адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”  гузаронидааст, ки дар он зиёда аз 50-нафар хонандагон ва кормандони бахши фарҳанг иштирок намудаанд. Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, фаъолияти китобхона ҳанӯз ба такмил ниёз дорад. Аз ҷумла зарур аст, ки фонди китобхона бо адабиёти тозанашри бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ мунтазам ғанӣ гардонида шуда, китобҳои мазмунан куҳнашуда бо нашрияҳои муосир пурра карда шаванд. Ин иқдом барои баланд бардоштани завқи китобхонии хонандагон, қонеъ гардонидани талаботи маърифатии онҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии китобхона мусоидат хоҳад кард.

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Истаравшан ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ дар ҳифз, тарғиб ва густариши фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва рушди тафаккури зеҳниву эҷодии ҷомеа нақши муҳим дорад. Омӯзиши фаъолияти китобхонаи мазкур нишон медиҳад, ки самтҳои асосии кори он ба қонеъ гардонидани талаботи иттилоотӣ ва маърифатии хонандагон, ҷалби аҳолӣ ба мутолиаи китоб, тарғиби осори адибони классику муосир, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тақвияту ҳамкориҳо ба муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ равона гардидаанд. Ташкили маҳфилҳои адабӣ, вохӯриҳо, суҳбатҳои маърифатӣ, намоиши китобҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ барои муаррифии арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба забону адабиёт ва бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд. Бо дарназардошти аҳаммияти китобхона дар ҳаёти фарҳангиву маърифатии ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои китобдорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид мутолиа ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди устувори ин муассиса ба ҳисоб меравад. Зеро китобхонаи муосир бояд ҳамқадами замон буда, ба талаботи гуногуни хонандагон ҷавобгӯ бошад ва барои дастрасии васеъ ба дониш, иттилоот ва мероси фарҳангӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад. Рушду такмили минбаъдаи он ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва тарбияи насли донишманду худогоҳ мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина китобхона ҳамчун маркази муҳими фарҳангиву маърифатӣ метавонад дар пешрафти ҳаёти зеҳнӣ ва фарҳангии одамон саҳми бозҳам назаррас гузорад.

            

Саъдуллозода Фариштамоҳ

                                                  Ходими илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ

                   

барчасп: