Фарҳанг яке аз рукнҳои муҳимми ҳастии миллат, омили таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ аҳаммияти бештар касб менамоянд.
Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фарҳанг, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, китобдорӣ, санъати театрӣ ва мусиқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар ин раванд фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо, ки бевосита бо аҳолӣ вобастагии зич доранд, нақши муҳим мебозанд.
Шаҳри Кӯлоб яке аз марказҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои имкониятҳои назарраси маънавӣ, адабӣ ва ҳунарӣ мебошад. Расму русум, анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ, муҳити адабию маърифатӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ барои рушди минбаъдаи ҳаёти маънавии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Омузиши вазъи кунунии фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, муайян намудани дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, пешниҳоди роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти онҳо, дар доираи иҷрои нақшаи кории Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ анҷом дода шуд. Дар раванди сафар фаъолияти китобхонаҳо, осорхона, театр ва мактабҳои санъату рассомӣ мавриди омузиш қарор гирифтанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, муассисаҳои фарҳангии шаҳр ба ҳалли масъалаҳои моддию техникӣ, кадрӣ ва ташкилӣ ниёз доранд.
Китобхонаҳо дар ташаккули фарҳанг ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва густариши дониш нақши муҳим доранд. Дар замони Истиқлол вазифаи китобхона танҳо нигоҳдорӣ ва пешниҳоди китоб набуда, он бояд ба маркази иттилоотӣ, маърифатӣ ва фарҳангии ҷомеа табдил ёбад.
Ҳамзамон фаъолияти Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ ва Китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб дида баромада шуд.
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ аз лиҳози шароити бино, таҷҳизот ва ташкили хизматрасонӣ намунаи мусбати фаъолияти муассисаи фарҳангӣ арзёбӣ мегардад. Муайян шуд, ки кормандони он барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби бештари хонандагон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ташкили намоишҳои китобӣ таҳти унвонҳои «Истиқлолият – рамзи озодӣ ва сарбаландӣ» ва «Дастовардҳои замони истиқлол», баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо адибону намояндагони илму фарҳанг аз ҷумлаи самтҳои фаъолияти китобхона мебошанд. Муассиса бо мактабҳо ва дигар ташкилотҳо дар баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ саҳмгузор аст.
Аз номи роҳбарияти Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба китобхона вилоятӣ се адад ва ба китобхонаи марказӣ 2 адад китоби тозанашр тақдим гардид. Ин иқдом намунаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ниҳодҳои фарҳангӣ мебошад.
Китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб, дар баробари дастовардҳо, зарурати ҳалли як қатор мушкилоти инфрасохториро ба миён мегузорад.
Тибқи маълумот китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Кӯлоб аз 24 китобхона, аз ҷумла китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 4 китобхонаи филиалии шаҳрӣ ва 18 китобхонаи филиалии деҳотӣ иборат мебошад. Фонди умумӣ 87 999 нусха китобро ташкил медиҳад.
Дастовардҳои муҳимми соли охир ба роҳ мондани феҳристи китобҳо дар шакли хаттӣ ва электронӣ мебошад. Ин иқдом барои беҳтар намудани ҷустуҷӯ ва дарёфти адабиёти зарурӣ, осон кардани фаъолияти китобдорон ва фароҳам овардани замина барои рақамикунонии хизматрасонӣ аҳаммияти калон дорад. Илова бар ин, зиёд гардидани китобҳои туҳфашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва муаллифони китобу маҷаллаҳо барои ғанӣ гардидани фонди китобхона мусоидат намудааст.
Бо вуҷуди ин, китобхонаи марказӣ бинои алоҳида надошта, як қисми китобхонаҳои филиалӣ ба таъмир ниёз доранд. Норасидани воситаҳои техникӣ аз қабили компютер, принтер, сканер, камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои муносиб ба замони муосир аз мушкилоти мавҷуда маҳсуб меёбад. Маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ барои харидории адабиёти нав ва такмили заминаи моддию техникӣ ба фаъолияти муассиса таъсири худро мерасонад.
Вобаста ба ин ҷудо намудани бинои алоҳида, беҳтар намудани шароити кор, таъмин кардани китобхонаҳо бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба замони муосир ва рушди хизматрасониҳои электронӣ аз масъалаҳои муҳимми соҳа ба ҳисоб мераванд. Ҳамкории китобхонаҳо бо муассисаҳои таълимӣ, дастгирии хонандагони фаъол ва ҷалби ҷавонон ба мутолиаи осори бадеиву илмӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок идома дода шаванд.
Осорхонаҳо ниҳодҳои муҳими ҳифзу муаррифии таъриху фарҳанг дар нигоҳдории хотираи таърих ва тарбияи насли ҷавон нақши муассир доранд. Осорхонаи «Ҳунармандон»-и шаҳри Кӯлоб дар ин самт дорои аҳаммияти хос мебошад.
Роҳбарии осорхонаро Арбоби ҳунари Тоҷикистон, академики Академияи Мусаввирии Тоҷикистон Ҷонибек Асоев ба уҳда дорад. Ӯ дорои маълумоти олии рассомӣ буда, дар ташаккул ва рушди фаъолияти осорхонаҳои фарҳангии шаҳр саҳм гузоштааст. Аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки дар осорхона 512 нигора нигоҳдорӣ мешавад. Дар ҳуҷҷати расмии дигар қабули 18724 тамошобин, аз ҷумла 38 шаҳрванди хориҷӣ, нишон дода шудааст, ки аз фаъолияти хуби корхона дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.
Нигоҳ накарда ба фаъолияти хуби кормандон, муассиса бо мушкилоти моддию техникӣ рӯ ба рӯ аст. Набудани таҷҳизоти муносиби гармидиҳӣ, маҳдудияти салоҳият дар масъалаҳои кадрӣ ба фаъолияти осорхона таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, беҳтар кардани шароити нигоҳдории нигораҳо, таъмин намудани кормандон бо таҷҳизоти зарурӣ ва тақвияти имкониятҳои ташкилию молиявии муассиса аз манфиат холӣ нест.
Дар ин раванд ҳамкории мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои илмӣ, мактаби санъат, ҳунармандон ва ҷомеа аҳаммияти калон дорад. Дар сурати ҳамкории пайваста метавон арзишҳои фарҳангиро ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол дод.
Самти муҳимми рушди фарҳанг тарбияи насли нави ҳунармандон, мусиқидонон ва рассомон мебошад. Мактабҳои санъат ва рассомӣ дар инкишофи истеъдоди кӯдакону наврасон, ташаккули завқи эстетикӣ ва омода намудани кадрҳои ояндаи соҳаи фарҳанг нақши муҳим доранд.
Мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Кӯлоб аз муассисаҳое мебошад, ки дар ин самт фаъолият мекунад. Дар мактаб 14 омӯзгор фаъолият дошта, 132 хонанда ба таълими мусиқӣ ва дигар самтҳои санъат фаро гирифта шудаанд.
Бо вуҷуди ин, норасоии созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, таҷҳизоти сабти овоз ва тақвиятдиҳандаҳои садо, инчунин набудани бинои алоҳида барои фаъолияти мактаб мушкилоти муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳалли ин масъалаҳо барои баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маҳорати хонандагон зарур мебошад.
Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Кӯлоб дар тарбияи эҷодии насли наврас саҳми назаррас дорад. Муассиса аз соли 1977 фаъолият дораду омузгорон хонандагонро аз фанҳои гуногуни санъати тасвирӣ, рассомӣ, наққошӣ, кандакорӣ, муҳрадӯзӣ, кулолгарӣ, ҳайкалтарошӣ ва ороиши амалӣ таълим медиҳанд.
Рафти шиносоӣ бо фаъолияти мактаб корҳои эҷодии хонандагон, аз қабили расмҳои дастӣ, ҳунарҳои ороишӣ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ба даст овардани ҷойҳои намоён дар озмунҳои сатҳи гуногун нишони онанд, ки дар муассиса барои рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон заминаи мусоид мавҷуд аст. Аммо фарсуда будани бино, норасоии маводи таълимӣ ва дар ҳолати корношоямӣ қарор доштани синфхонаи кулолгарӣ ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Барои самаранок ба роҳ мондани машғулиятҳо, таъмин кардани муассиса бо маводи зарурии рассомӣ, китобҳои соҳавӣ ва таҷҳизоти муосир зарур аст. Таъмиру азнавсозии бино ва беҳтар намудани шароити таълиму ҳунаромӯзӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи мақомоти масъули шаҳри Кӯлоб қарор гирад.
Таваҷҷуҳ ба мактабҳои санъат сармоягузорӣ ба ояндаи фарҳанги миллӣ буда, ҳар қадар шароити таълиму эҷод беҳтар гардад, ҳамон андоза имконияти пайдо гардидани истеъдодҳои нав ва тарбияи мутахассисони соҳибмаҳорат бештар мешавад.
Театр яке аз шаклҳои таъсирбахши санъат буда, дар инъикоси ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии тамошобинон нақши муҳим мебозад. Театри мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаёти фарҳангии минтақа мавқеи хос дорад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, театр дорои 72 воҳиди корӣ буда, дар он шуъбаҳои актёрӣ, хореографӣ ва навозандагӣ фаъолият мекунанд. Муассиса дар баргузории барномаҳои ҳунарӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ саҳм гирифта, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ иштирок намудааст.
Бо вуҷуди таҷрибаи фаъолияти театр, нарасидани актёрони ҷавон ва мушкилоти ҷалби тамошобинон аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тағйир ёфтани завқи фарҳангии ҷомеа, густариши воситаҳои рақамии фароғат ва кам шудани таваҷҷуҳи қисми ҷавонон ба намоишҳои саҳнавӣ зарурати ҷустуҷӯи шаклҳои нави муаррифии санъати театриро ба миён меорад.
Барои ҷалби бештари тамошобинон зарур аст, ки намоишномаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот тарғиб карда шаванд. Ташкили намоишҳои сайёр, вохӯриҳо бо ҳунармандон, барномаҳои махсус барои ҷавонон ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии фаъолияти театр метавонанд ба васеъ гардидани доираи тамошобинон мусоидат кунанд. Ҳамзамон, дастгирии актёрони ҷавон, фароҳам овардани имконият барои такмили маҳорати касбӣ ва ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳунарӣ аҳаммияти калон дорад.
Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим яке аз марказҳои ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳр фаъолият мекунад. Иштироки кормандони соҳа дар корҳои ҷамъиятӣ, ташкили ҳашарҳо ва омодагӣ ба чорабиниҳои фарҳангӣ аз масъулиятшиносии онҳо шаҳодат медиҳад. Чунин ташаббусҳо барои нигоҳдории муҳити зебои шаҳр ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Омӯзиши фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб нишон дод, ки мушкилоти мавҷуда хусусияти гуногун дошта бошанд ҳам, як қатор масъалаҳо барои аксари онҳо умумӣ мебошанд.
Аввалан, беҳтар намудани шароити моддию техникӣ ва таъмиру навсозии биноҳо зарур аст. Бинои муносиб, таҷҳизоти муосир, воситаҳои гармидиҳию хунуккунӣ ва мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ мувофиқ барои фаъолияти босамари муассисаҳо заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Дуюм, масъалаи таъмини муассисаҳо бо мутахассисони соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон аҳаммияти калон дорад. Ташкили курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои методӣ, табодули таҷриба ва ҷалби мутахассисони ҷавон метавонад ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ мусоидат кунад.
Сеюм, рушди рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир бояд ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда шавад. Ташкили феҳристҳои электронии китобҳо, рақамисозии маълумот дар бораи нигораҳои осорхонаҳо, истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва муаррифии фаъолияти муассисаҳо дар фазои рақамӣ имкониятҳои нави хизматрасониро фароҳам меоранд.
Чорум, тақвияти имкониятҳои молиявии муассисаҳо ва такмили низоми идоракунии онҳо зарур аст. Дар рафти суҳбат масъалаи маҳдуд будани салоҳияти роҳбарон дар ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва молиявӣ баён гардид. Ин масъалаҳо бояд бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ, имкониятҳои буҷетӣ ва хусусияти фаъолияти ҳар як муассиса мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Панҷум, ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва наврасон, ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ муҳим аст. Барои ин зарур меояд, ки барномаҳои фарҳангӣ бо дарназардошти талаботу завқи насли нав таҳия шуда, ҳамкории китобхонаҳо, мактабҳои санъат, театрҳо ва муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шавад.
Илова бар ин бояд фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ мунтазам таҳлил гардида, дастовардҳо, мушкилот ва талаботи воқеии онҳо дақиқ муайян карда шаванд.
ХУЛОСА
Сафари хидматӣ ба шаҳри Кӯлоб имкон дод, ки вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ омӯхта шаванд, дастовардҳо, мушкилот ва имкониятҳои рушди минбаъдаи онҳо муайян гарданд.
Натиҷаҳои омӯзиш нишон медиҳанд, ки муассисаҳои фарҳангии шаҳр дорои иқтидори назарраси маънавию эҷодӣ буда, кормандони онҳо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди китобхонӣ, тарбияи ҳунарҳои ҷавон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ саҳм мегузоранд. Ба роҳ мондани феҳристи хаттӣ ва электронии китобҳо, афзоиши фонди китобхонаҳо, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, иштироки хонандагони мактабҳои санъат ва рассомӣ дар озмунҳо ва фаъолияти осорхонаю театр аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас маҳсуб меёбанд.
Дар баробари ин, зарурати таъмиру навсозии биноҳо, беҳтар намудани шароити моддию/техникӣ, таъмин кардани муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва тақвияти имкониятҳои молиявию ташкилӣ боқӣ мемонад.
Бинобар ин, дастгирии пайвастаи муассисаҳои фарҳангӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, рушди ҳамкории байниидоравӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ метавонанд ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии фарҳангӣ мусоидат намоянд.
Фарҳанг сармояи маънавии миллат ва омили муҳимми рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳо ва мактабҳои санъату рассомӣ на танҳо вазифаи сохторҳои соҳавӣ, балки масъулияти муштараки МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва ҳар як шаҳрванди фарҳангдӯст ба ҳисоб меравад.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
Мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ



