Таснифи жанрҳои сиркӣ

Бештарини сиркҳои ҷаҳон, аз ҷумла сирки муосири тоҷик, дар пояи ҳашт жанр фаъолият мекунанд. Таснифи жанрҳои сиркӣ аз нимаи дуюми садаи ХVIII ибтидо мегирад, замоне ки Филипп Астлеи инглис (Philip Astley, 1742-1814), бунёдгузори сирки муосир, соли 1768 дар минтақае аз шаҳри Лондон як қитъа заминро харида, аввал дар он саҳнаи доирашакл (арена) сохт ва муддате пас дар ҳамин мавзеъ бинои сеошёнаи чӯбин бунёд кард. Дар ибтидо номераи асосии сирки Филипп Астле асптозӣ буд, бо мурури вақт ба он номераҳои нав, мисли акробатика, масхарабозӣ, жонглёрӣ, зӯрозмоӣ илова шуданд. Дар садаи XIX жанрҳои сиркӣ боз мукаммалтар гардиданд ва фарқашон низ назаррастар шуд. Ин давраи таснифи жанрҳои сиркӣ аст, дар асл бисёр номераҳои сиркӣ оғозашон ба ҳазорсолаҳо мерасад ва гузашта аз ин, ҳар кадоми ин онҳо “сарнавишти” худро доранд.

Аз назари сиркпажӯҳон бе таснифи диқиқ ва илмии жанрҳои сиркӣ дар бораи ташаккули назарияи санъати сиркӣ сухан рондан корест душвор. Жанрҳои сиркиро ба асосӣ ва ғайриасосӣ ҷудо кардаанд. Жанрҳои асосии сирк ба тариқи зайланд: акробатика, масхарабозӣ, гимнастика, жонглёрӣ, ром намудани ҳайвонот (дрессировка), эквилибристика, атлетика ва шуъбадабозӣ/чашмбандӣ. Жанрҳои асосии сирк мушобеҳ ба дарахти сершоху навдаанд, яъне ҳар кадоми онҳо боз навъҳои гуногун доранд, ба мисол жанри акробатика бештар аз 30 навъ дорад, навъҳои гимнастика тақрибан ба 20 мерасад ва ғ. Ба андешаи сиркшинос З. Гуревич “ин гуна гуногунжанрие, ки дар сирк ҳаст, дар ҳеч намуди дигари санъат дучор намеояд”.  

Жанрҳои сиркӣ дар тӯли таърихи дароз шакл гирифта, такмил ёфта, рушд кардаанд. Онҳо аз рӯи моҳият, дарбаргирии мавзӯъ якхел нестанд, сохт, прёмҳои махсус, тарзи иҷро ва асбобу анҷом (реквизит)-и хоси худро доранд. Баъзе аз ин жанрҳо дар пояи таҷрибаву малакаҳои меҳнатӣ, баъзеи дигар аз базмҳои халқӣ, иду маросимҳои динӣ пайдо шудаанд, гурӯҳи дигар бо тағйиру такмил аз спорт омадаанд. Жанрҳои сиркӣ дар якҷоягӣ мазмуну мундариҷаи барномаву намоишҳои сиркиро ташкил медиҳанд, аз рӯи мазмуну мундариҷа ва шакл аз ҳам фарқ кунанд ҳам, вале комилан аз ҳам ҷудо нестанд, балки якдигарро такмил медиҳанд. Масалан, жонглёр метавонад аз элементҳои эквилибристика истифода барад, ҳайвонҳо “қаҳрамон”-и номераҳои масхарабоз буда метавонанд ва ғ.ҳ. Аммо ин пайвандҳо ба услуб ва раванди жанри асосӣ халал намерасонанд, балки онро пурмазмуну ҷолиб мекунанд. Ин омезиши жанрҳо аз ибтидои асри ХХ оғоз гардид ва то кунун рушду такомул меёбад ва асалан ин падида аз вижагиҳои умдаи ҳамаи анвоъи санъат аст.

Дар санъати сиркӣ, сарфи назар аз он ки кадом жанр ба тамошобин пешниҳод мегардад, дақиқкорӣ (точность) аз ҳама муҳиму асосист, яъне ҳама ҳаракату амал, имову ишора, паридан, ҷаҳидан, муаллақ задан, муносибат бо ҳайвонот бояд гаштаву баргашта, моҳҳо машқу тамрин шавад, то хатое рух надиҳад, дар сирк “тахминану тақрибан” вуҷуд надорад, дар акси ҳол, ба гуфти коргардони маъруфи рус А. Медведкин “шер сари ромкунандаро мегазад, акробат аз зери гунбад ба рӯи саҳна сарнагун меафтад, масхарабоз бо оҳи пурдарду пурҳасрати тамошобин, ки дилтанг шудааст, гуселонида мешавад”.  

Жанрҳои сиркӣ шахшуда, қолабӣ нестанд, чигунагии истифода, мазмун ва бадеияти онҳо аз маҳорати коргардону ҳунарманд, тахайюли аҳли эҷоди сирк вобаста аст. Коргардону ҳунарпешагон метавонанд ба рукнҳои асосии жанр такя карда, сужети нав, саҳнаҳои нав офаранд, ба ифодаи дигар, жанр дар дасти коргардону ҳунарманди тавоно рангу ҷилои тоза меёбад ва саҳнаи сиркро ҷаззобу бошукуҳ мегардонад. Дар ин мавридҳо истифода аз мазмунҳои аҷибу хотирмони ҳаёти рӯзмараи мардум, суннатҳо ва расму русуми миллӣ метавонанд сарчашмаи омӯзиш бошанд. Ба мисол, омӯзиш ва мушоҳидаи ҳаёти бошандагони минтақаву маҳалҳои гуногуни кишвар ва расму оинҳое, ки миёни онон пойдор аст, барои сирк маводи пурарзишу нотакрор дода метавонад, ҳунарҳои зебои халқӣ ва санъати касбиро омезиш дода, барномаҳои хотирмон офаридин ба сирк шӯҳрат меоварад, миёни ҳаводорон маҳбубияти бештар пайдо мекунад. Чунин сужетҳо барномаҳои сиркро рангин мекунанд, ба чашми меҳмонону хориҷиён гарму ширин мерасанд, ба дилу дидаи ҳаводорони сирк менишинанд. Дар вақташ коргардон Р.Е. Славский боре мушоҳида мекунад, ки занону духтарони тоҷики кӯҳистон сатил ё кӯзаи обро ба тори сар гузошта, қоматро рост нигоҳ дошта, озод роҳ мераванд, на танҳо роҳ мераванд, балки бо якдигар гуфтугӯ ҳам мекунанд, аммо як қатра об ба замин намерезад. Ҳамин манзара ба хаёлу хотири ӯ хутур мекунад, муҷиби дар саҳнаи сирк пайдо шудани номераи “Духтари кӯзабадаст” мегардад. Духтарон пиёлаву косаву кӯзаро ба фарқи сар гузошта, ҳар гуна ҳаракатҳои латиф намуда, дар саҳнаи сирк нозук “мехироманд”. Ороиши бадеӣ, сару либоси шинаму зебои миллӣ, нишасту бархости тоҷикона ва созу оҳанги муносибу мувофиқ – ин рангомезиҳо ва тобишҳои нав – манзараро ба чашми тамошобин шинаму зебову табиӣ ҷилва дод ва мавҳи ҳайрат намуд. Аз хаёлу хотири касе нагузашата буд, ки як пораи ҳаёти духтарони деҳот – аз дарёву чашма об овардан – метавонад ин қадар марғуб ба саҳна ояд. Ин сужет шодоб аз як лаҳзаи зиндагии бошандагони деҳот буд, лаҳзаи хушу гуворову хотирмон. Чунин сужетҳоро ҷустану ёфтан ва ба саҳнаи сирк овардан ба сирк сурату сирати тоҷикӣ мебахшад, ҷанбаи миллии онро баланд мебардорад. Ин манзараро бошандагони деҳот дидаанд, нағз медонанд, барои онон як чизи одӣ ва муқаррарӣ аст, аммо вақте бо ороиши бадеӣ, бо рангу ҷилои тоза ба саҳнаи сирк омад, ба тамошобин завқу сурур бахшид, як пораи ҳаёти бошандагони кишварро хушу гуворо гардонд.

Санъат метавонад лаҳзаҳои ҷолиби ҳаётро диданӣ намояд, то зиндагии халқи худро беҳтару бештару хубтар донем. Санъат чунин қудратро дорад!

Дар ниҳояти сухан ёдрас мекунем, ки жанрҳои сиркӣ дар сиркшиносии як қатор кишварҳои дунё солҳо пеш мавриди омӯзиш ва тадқиқу таҳқиқ қарор гирифта буданд. Масалан, сиркшиноси рус З. Гуревич дар ин мавзӯъ тадқиқоти пурарзише дорад, ки бо номи “Дар бораи жанрҳои сиркӣ” (О жанрах советского цирка) бо таҳриру такмил ду маротиба нашр шудааст. Умед аст, ки рушду такомул ва вижагиҳои жанрҳои сиркӣ дар сирки тоҷик дар ояндаи наздик мавриди омӯзиши муҳаққиқони ҳирфаии сирк қарор хоҳанд гирифт.

Ф. Ҷӯрақулов,

шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: