Акробатика яке аз жанрҳои асосии сирк аст. Маънои акробатика "acrobatеs" - "ба боло раванда", "он ки бо нӯги по қадам мезанад"-ро дорад. Акробатика таърихи куҳан дорад, ҳанӯз пеш аз милод дар Мисри Қадим, Руми Қадим ва Юнони Қадим маълум будааст, ватани аслии онро Юнони Қадим медонанд. Асоси акробатика – моҳирона, санаъаткорона идора намудани бадан, қавӣ сохтани мушакҳост. Акоробатика чун жанри махсус дар сирк дар охири асри 18 пайдо шуд ва босуръат рушд кард. Хусусияти фарқкунандаи ин жанр тобоварии бемислу монанди ҷисмонӣ, мушакҳои пурқувват ва моҳирона идора карда тавонистани бадан аст. Акробатика беш аз 30 навъ дорад, бинобар гуногунранг буданаш дар сирк нисбат ба дигар жанрҳо мавқеи устувору афзалиятнок дорад. Донистан ва иҷро карда тавонистани унсурҳо/элементҳои акробатика ба ҳамаи ҳунармандони сирк – масхарабоз, гимнаст, жонглёр ва ғ. зарур аст. Машқу тамрини акробатика ҳамаи мушакҳоро инкишоф медиҳад, неруи бузурги ҷисмонӣ, матонати рӯҳӣ, чолокӣ, тобоварӣ мебахшад, умуман ба тамоми бадан асари муфид мегузорад, андомро зебову хушнамуд месозад.
Акробатика дар ду самт инкишоф ёфтааст: ҳамчун як навъи варзиш ва ҳамчун жанри сиркӣ. Шак мезананд, ки акробатикаи варзиширо ҳунармандони сирк асос гузоштаанд, ҳатто бисёр ҳунармандони сирк дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Ин гуфта ҳаргиз маънои онро надорад, ки акробатикаи сирк ва спорт аз ҳам тафовут надошта бошанд, дар акробатикаи варзишӣ ташаккули инкишофи ҷисмонӣ ва дар зимн тарбияи инсон дар мадди аввал аст, акробати сирк зӯру тавони ҷисмонро дар либоси бадеӣ нишон медиҳад, ба таъбири дигар образ меофарад.
Акробатика ба акробатикаи партерӣ ва акробатикаи ҳавоӣ ҷудо мешавад, дар навбати худ ҳар кадоми онҳо боз шаклу навъҳои зиёде доранд.
“Партер” (parterre) вожаи франсузист, маънои “дар замин”-ро дорад, яъне навъҳои гуногуни акробатикаи партерӣ бевосита дар саҳна, дар рӯи замин иҷро мешаванд, аз ҷумла: ҷаҳиш, машқҳои зӯрталаб (силовой), пластикӣ, аспдавонӣ ва ҳунарнамоӣ дар болои аспи тозон. Ҳар кадоми ин навъҳо вижагиҳои худро доранд. Акробатикаи ҷаҳиш он машқҳоеро дар худ муттаҳид мекунад, ки ба ҷаҳишҳои гуногун асос ёфтааст. Шарти муҳим дар ин намуд тез, босуръат ҷаҳидан ва давр хӯрдани бадан аст. Акробатикаи ҷаҳиш бояд дар сонияҳои башумор иҷро гардад, ҷисми акробат дар ин сонияҳо ҳолатҳои гуногунро мегирад – печу тоб мехӯрад, муаллақ мезанад, рост мешавад ва ғ. Акробатикаи ҷаҳишро бо ҷаҳидан дар ҷои ист, дар ҳолати давидан ва бо истифода аз ашё иҷро менамоянд. Ин номераҳоро танҳо ва дастаҷамъона бо истифода аз трамплин, батут, тахтаи хеззанонанда (подкидная доска) ва ғайра ба амал оварда мешаванд. Ҳар кадоме тарзу усул, роҳу равиши иҷрои худро доранд.
Акробатика дар болои асп навъи дигари акробатикаи партерӣ аст. Ин навъ бо иштироки ду нафар ва ё гурӯҳи ҳунармандон/варзишгарон дар рафти гардиш ё давидани асп намоиш дода мешавад. Номераҳои акробатикӣ бо асп дар таърихи ташаккули сирк нақши бориз доранд. Номоишҳои сиркӣ бо аспҳо дар тӯли асрҳои 18 ва 19 аз номераҳои асосии сирк ба шумор мерафтанд. Акорбатикаи болои асп аз шумори номераҳое аст, ки то имрӯз мавқеи худро дар сирк нигоҳ доштааст, пайваста такмил меёбад ва мақбули тамошобинон аст.
Акробатикаи ҳавоӣ. Хусусияти хоси акробатикаи ҳавоӣ дар он аст, ки трюкҳои акробатикӣ дар асбобу олоте, ки бо трос дар гунбади сирк овехта шудаанд, ба амал оварда мешаванд. Акробат ба воситаи нардбони ресмонӣ ё канат ба боло баромада, бо асбоби акробатикӣ номераро иҷро мекунад. Дар сирки имрӯз ду намуди акробатикаи ҳавоӣ маъмул аст: акробатика дар чаҳорчӯба ва дар штамборт (олмонӣ: stamm- тана, bord- гӯша). Чаҳорчӯба (рамка) асбоби одитарини акробатикаи ҳавоӣ мебошад. Аз рӯи шакл он росткунҷаи оҳанӣ аст, ки бо ду трос ба гунбад овехта шудааст ва дар он ду нафар ҳунарманд трюкҳои гуногуни акробатикиро иҷро менамоянд: ба дасти шарик такя зада пойҳоро ба боло рост кардан, ҳамин тавр сарро ба сари шарик гузошта пойҳоро ба боло рост намудан, ҳамин машқ, вале бо ду даст сари шарикро доштан, инчунин дар нардбони муаллақи начандон баланд рост истодан ва ғайра.
Акробатика дар штамбортро гурӯҳи иборат аз се -чор нафар иҷро мекунад: шахси аввал пойҳояшро ба асбоб монда мустаҳкам меистад, шахси дуюм пойҳояшро ба рони шахси якум гузошта рост истода дастҳояшро ба боло мебардорад, шахси сеюм бо дастҳояш ба дасти шахси дуюм такя дода танашро рост нигоҳ медорад. Ин намуди акробатика дар сирки солҳои бистум ва аввали солҳои сиюми сирки шӯравӣ маъмулу машҳур буд, ҳоло бинобар маҳдудияти трюкҳо кам намоиш дода мешавад.
Шарҳу баёни тамоми навъҳои акробатика аз имкон берун аст, он гунҷоиши як китобро дорад, ҳамин қадар метавон гуфт, ки акробатика вобаста ба пешрафти ҳаёт, завқи тамошобин такмил меёбад, мураккаб мегардад ва табиист, ки чунин пешрафт дар навбати худ аз ҳунарпешагон машқу тамрини пайваста, дараҷаи баланди тобоварӣ ва омодагии ҷисмониро талаб мекунад.
Ф. Ҷӯрақулов,
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

