«ШАШМАҚОМ МУАРРИФГАРИ САНЪАТИ КАСБИИ ТОҶИК ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ»

Санъати мусиқӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои фарҳанги миллї ба шумор рафта, таърих, ҷаҳонбинї ва завқи эстетикии ҳар миллатро таҷассум менамояд. Маҳз дар ин масир Шашмақом на танҳо як навъи мусиқӣ, балки яке аз мактабҳои бузурги ҳунар, фалсафа ва фарҳанги миллӣ буда, дар тулли асрҳо ҳамчун намунаи волои санъати касбии тоҷик ташаккул ёфтаву имрeз дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро кишвари дорои тамаддуни қадим муаррифӣ мекунад. Маврид ва мақоми маърӯзаи имрӯзаи банда паҳлуҳои шинохти муҳими ин санъати касбиро дар бар гирифта, аз ҷойгузин гаштани он дар арсаи ҷаҳонӣ ба қадри имкон рӯшани хоҳам андохт.

Воқеан, вақте сухан аз Шашмақом меравад, сухан танҳо аз мусиқӣ нест. Сухан аз таърихи чандинҳазорсолаи тамаддун, аз ҷаҳонбинии ирфонӣ, аз зебоипарастии миллати тоҷик ва аз мактаби камназири ҳунари касбӣ меравад. Шашмақом таҷассумгари ҳофизаи таърихии миллат буда, дар худ фалсафа, адабиёт, мусиқӣ ва ахлоқи волои инсониро муттаҳид кардааст.

Барои дарки вазни ин масъала, пеш аз ҳама бояд донист, ки Шашмақом аз кадом умқи таърих сар мезанад. Санъати мусиқии ҳирфаӣ, аз ҷумла мақомхонӣ, шурӯъ аз давраи ҳукмронии Сосониён (асрҳои III–VII) хеле рушд ёфта буд. Шоҳони Сосонӣ эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди ҷамъиятӣ бардошта, дар ин давра ромишгароне ба монанди Борбади Марвазӣ, Саркаш, Накисои Чангӣ ва Ромтини Чангӣ ба ин мусиқӣ замина гузоштаанд.

Пас аз истилои арабҳо ин анъана аз байн нарафт. Мусиқии касбии мардумӣ, ки ба шеъри форсӣ-тоҷикӣ иртиботи қавӣ дошт, дар ҳудуди мамолики Шарқи Наздику Миёна паҳн гашт ва баъдан дар давраи Аббосиён ҳатто ба Аврупо низ роҳ ёфт. Дар асрҳои миёна ин суннат дар марказҳои фарҳангии Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Ҳирот таҳти номи «Дувоздаҳмақом» камол ёфт. Мувофиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои XIII – XVII «Китобу-л-адвор» - и Абдулмуъмини Урмавӣ, «Мақосиду-л-алҳон» - и Абдулқодири Гӯянда ва «Рисолаи мусиқӣ» - и Абдурраҳмони Ҷомӣ дувоздаҳмақом дар ин марказҳои фарҳангии асримиёнагӣ маъмул будааст ва мусиқишиносони қадим мақомҳои ин силсиларо ҳамчун намунаи олии мусиқии ҳирфаӣ шарҳ додаанд. Шашмақом идомаи мантиқӣ ва таҳаввули бадеии ҳамин анъанаи куҳанбунёд аст, ки дар Бухоро ҳамчун марказ ба камоли худ расид.

Хусусияти ниҳоии Шашмақомро аз ин ҷиҳат бояд таъкид кард, ки дар матнҳои вокалии он ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил ва Навоӣ зиндаанд. Яъне иҷрогари Шашмақом ҳам мусиқишинос аст, ҳам шоирдон, ҳам файласуф. Ин маҳз ҳамон чизе аст, ки Шашмақомро аз дигар низомҳои мусиқии ҷаҳон ҷудо мекунад ва онро ба шоҳасари яклухти тамаддун табдил медиҳад. Аз ҳамин рӯ, дар гузашта Шашмақомро «фалсафаи оҳангдор» низ меномидаанд ва гоҳо аз он ҳамчун «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мекунанд (Сабаб? 1. Шашмақом яке аз мукаммалтарин ва нозуктарин намунаҳоитмусиқии классикии Шарқ аст. 2. Он rоида, низом ва мактаби махсуси иҷроро дорад. 3. Барои омӯхтани он дониш, сабру маҳорати баланд лозим аст. 3 Дар он маъноҳои ахлоқӣ, ирфониву фалсафӣ дида мешавад).

 Шашмақом ташаккул ёфт, ҳифз шуд ва аз насл ба насл тавассути анъанаи «устод-шогирд» ба тариқи шифоҳӣ интиқол меёфт. Аввалин кӯшиши ҷиддии нотагирии Шашмақом дар оғози асри XX сурат гирифт. Профессор В. А. Успенский бори аввал дар таърих Шашмақомро ба нота гирифта, бо номи «Шашмақоми Бухоро» соли 1924 дар Маскав нашр кард. Аммо ин нашр нопурра буд. Марҳалаи мукаммалтар соли 1947 фаро расид, вақте ки бо ташаббусу раҳнамоии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарори махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва устодони мусиқии мактаби Бухоро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов  бо ҳамдастии муҳаққиқи рус Виктор Михайлович Беляев кори сабти нотаи Шашмақомро ба анҷом расонданд. Натиҷаи ин кори тарихӣ нашри академии панҷҷилдаи Шашмақом дар солҳои 1950–1967 дар Маскав  буд. Бояд тазаккур дод, ки мусиқишинос ва пажӯҳишгари шӯравӣ Виктор Беляев, ки умри худро ба сабти нотаии Шашмақом бахшида буд, нуқтаи муҳимеро қайд карда буд:  «ин мусиқӣ чандон мураккаб ва чандон зебост, ки ҷаҳон ҳанӯз кашфашро накардааст».

Гузаришгоҳи навбатии муҳим соли 1979 буд. Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт ва дар он аввалин бор таълими Шашмақом аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ монда шуд. Ин рӯйдод нишон дод, ки Шашмақом дигар танҳо мероси маҳфилӣ нест — он вориди низоми расмии фарҳангу таҳсилот гардид.

Марҳалаи асосии он ин даврони Истиқлолият мебошад. Яке аз нахустин ва рамзитарин қадамҳои давлати соҳибистиқлол дар ин замина он буд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12-майи соли 2000 таҳти №294, рӯзи 12-май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон расман муқаррар гашт. Ҳамон сол ба муносибати 50-солагии ташкилёбии Ансамбли «Шашмақом» ба он мақоми давлатӣ дода шуд ва пас аз он дар тамоми навоҳӣ ансамблҳои шашмақом ташкил шуданд, ҳатто мактабҳои бачагонаи мақомсароён рӯи кор омаданд.

Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, таърихитарин рӯйдод соли 2003 буд. ЮНЕСКО 7-ноябри соли 2003 Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд. Аз ин лаҳза Шашмақом мақоми расмии ҷаҳониро касб кард ва тоҷикон ҳуқуқи пурраи маънавиро доштанд, ки ба ҷаҳониён бигӯянд: “Ин садо аз тамаддуни мост, ин оҳанг таърихи мост”.

Дар идомаи ин сиёсат, соли 2017 «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд барои солҳои 2017–2021» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид.

         Дастоварди навтарини муаррифии Шашмақом дар арсаи байналмилалӣ рӯйдоди соли 2025 дар маркази ҷаҳон  дар Париж буд. 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ барномаи фарҳангии «Шоми Шашмақом» бо иштироки ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии «Гулрез» баргузор гардид. Ин рӯйдод тасодуфӣ набуд. Дар ҳошияи ин ҷашнвора 64 нафар аз Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки 16 танашон муҳаққиқону олимон буданд. Ин маъно дорад, ки Тоҷикистон дигар танҳо ансамбл намефиристад олимон, пажӯҳишгарон ва дипломатони фарҳангиро мефиристад. Ва ин фарқи бунёдӣ аст.

Имрӯз Шашмақом дар толорҳои Париж, Маскав, Истанбул ва Пекин садо медиҳад. Пажӯҳишгарони этномусиқишиносии Аврупо ва Амрико онро мавзӯи тадқиқоти ҷиддии академӣ қарор дода, дар баробари мусиқии классикии Ҳиндустон ва низоми мусиқии мақоми арабӣ меомӯзанд. Аммо муаррифии Шашмақом дар арсаи ҷаҳонӣ вазифаи нотамоме аст  он ҳар рӯз ба заҳмат, ба пажӯҳиш ва ба хирад ниёз дорад.

Ниҳояти сухан, Шашмақом яке аз дастовардҳои бузурги фарҳанги тоxик буда, муаррифгари санъати касбии тоҷик дар арсаи ҷаҳонї мебошад. Он таърихи кӯҳан, фарҳанги пурғановату завқи баланди бадеии миллати тоҷикро таҷассум намуда, маҳз аз замони Сосониён то имрӯз ришта напурида, яклухти суннат, шеър, мусиқӣ ва фалсафаро дар бар гирифта,  эътирофи ЮНЕСКО ва сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлол ин мавқеро расмияти ҷаҳонӣ бахшидааст. Вазифаи мо  олимон, санъатмандон ва муҳаққиқон он аст, ки ин садоро ба куллии ҷаҳон бирасонем.

Каримоа Шаъмигул-ходими

калони илмии ММФТ-ПИТФИ

барчасп: