Шоирро гӯяндаи шеър мебинанд, аммо шоири ҳақиқӣ замонро тафсир мекунад, дарди мардумро ба забон меорад. Он чиро, ки миллат эҳсос мекунад, вале баён карда наметавонад, ӯ ба сухан табдил медиҳад. Лоиқ Шералӣ шоири барҷастаи тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ӯ ҳамтақдир, ҳамдард, ҳамнафаси миллати тоҷик буд. Ашъори бузурги ин шоири нотакрор сабаби ҳамкорӣ бо бисёр ҳунармандон гардид.
Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷурабек Муродовро бо Лоиқ Мирзо Турсунзода шинос карда буд. Аз он давра дӯстӣ ва ҳамкории эҷодии ин ду шахсиятҳои бузурги миллат оғоз ёфт. Қариб ба 100 шеъри Лоиқ Ҷурабек Муродов оҳанг бастааст. “Ушшоқи Душанбе”, Дарёи дил”, “Маро дигар намеёбӣ”, “Парвона медонад”, “Сапеда” аз ин зумра шеърҳоянд. Ҳунарманд дар бораи шоир Лоиқ чунин мегӯяд:
“Тавлиди Лоиқ тақдири миллат буду ва фавташ талхии ин тақдир. Солҳо мегузагранд, асарҳо сипарӣ мешаванд, вале шеъри баландпарвози Лоиқ, чун мавҷҳои пурталотуми Зарафшон ба дилҳо туғён мебахшад, чун лаъли Бадахшон ҷилои нав мегирад ва чун водиҳои Зарнисору куҳои сарбаланди Тоҷикистон ба олами маъниҳо ғановати тоза ато мекунад”.
Афзалшо Шодиев Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки зиёда аз 20 сол бо устод Лоиқ ҳамкорӣ карда, беш аз 60 ғазали шоирро оҳанг баста сароидааст, дар бораи ин шахси нотакрор чунин мегӯяд:
“Баъди ҳазор соли Рудакӣ омадани Лоиқ барои адабиёти мо як ҳодисаи оддӣ набуд. Ман бисёр ба худ мегӯям: гӯё баъди 1000 сол руҳи шеъри гумшудаи Рӯдакӣ дар симои Лоиқ дубора зинда шуд.
Устод Лоиқ шоири худодод буданд. Пеш аз Лоиқ шеър як ҷараён дошт, баъд аз Лоиқ ҷараёни дигар гирифт. Ӯ тавонист, шеъри тоҷиконро аз доираи сухани маъмулӣ берун оварда, ба сатҳи андешаи миллӣ бардорад.
То имрӯз ҷавонон байтҳои ӯро аз ёд мекунанд. Ин нишонаи бузургии шоир аст. Шеъре, ки мардум онро танҳо мехонад, мумкин аст фаромӯш шавад, аммо шеърро ки мардум аз ёд мекунанд, дигар ба қисми хотираи миллат табдил меёбад.
Ягон маҳфил, ягон базм ягон нишасти тоҷикона нест, ки дар он шеъри Лоиқ садо надиҳад. Ӯ ба зиндагии мардум чунон ворид шуда буд, ки гуё шеъраш нафаси худи мардум бошад”.
- Бузургии устод танҳо дар шеър набуд - ёдовар мешавад Афзалшо Шодиев. Дар инсонгарӣ ҳам бузург буданд. Ҳама устодони аз худашон калонсолро эҳтиром мекарданд. Дар маҳфилҳо вақте сухан мегуфтанд, ҳама гӯш мекарданд. Баҳсояшон амиқ, дақиқ, донишмандона буд. Он кас сабки ҳамаи шоирони форсизабонро медонистанд ва аз як байт - соҳиби онро мешинохтанд. Бо вуҷуди он ҳама шуҳрат бисёр хоксор буданд, қайд мекунад ҳунарманд.
“Аммо устод нисбат ба оҳанг бисёр сахтгир буданд. Бисёр вақт мешуд, ки оҳангеро қабул намекарданд. Мегуфтанд:
-Не ин ҳанӯз дарди шеърро наёфтааст...
Онҳо боз ҷустуҷӯ мекарданд. То он даме, ки оҳанг бо рӯҳи шеър як шавад. Вақте оҳанг ба устод Лоиқ писанд меомад, аз чашмонашон маълум мешуд.
Сурудҳои-“Ҳасрат”, “Ҷавонӣ рафт”, “Пири хирад”, “Сино”, "Будааст”, “Сӯзишгоҳи инсон”, “Ту напурсу ман нагӯям”, “Куҳу камар”, “Самарқанду Бухоро”- натиҷаи ҳамкории онон буда, дар дили мардум зиндаанд. Инҳо танҳо суруд нестанд, пораҳои руҳии миллатанд”.
Толибхон Шаҳидӣ - оҳангсози машҳури тоҷик, бо Лоиқ, ҳам ҳамсоя, ҳам дӯст буданд, эҷодиёти шоирро чунин баҳо медиҳанд: Ӯ шоири нотакрор буд. Вай на танҳо дигарон, ҳатто худро дар шеърҳояш такрор накардааст. Лоиқ Шералӣ аз баландии сухан ба умқи кайҳон фурӯ рафт”.
Оҳангсоз лаҳзаҳои дӯстию ҳамкориашонро чунин ба ёд меорад:
“Симфонияи “Садо” солҳои 80-уми асри гузашта, дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон садо медод. Шоме дар хона нишаста будам, ки Лоиқ ворид шуд. Дар рафти суҳбат у шеъри “Агар”- ро қироат кард. (“Агар мо метавонистем, ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем”...). Баъди гӯш кардан ман дарҳол эҳсос кардам, ки Лоиқ бо ин шеър ҳолати замонро баён мекунад. Зеро он солҳо бисёр чизҳоро ошкор гуфтан мумкин набуд. Суханҳо да зеҳн мемонданд, дар дил фишурда мешуданд. Аммо Лоиқ бо як калимаи “Агар” ҳама чизро гуфт. Калимае, ки ӯ дар худ ҳам дард дошт, ҳам эътироз, ҳам орзу. Аҷиб он буд ки он “Агар”- дар зиндагии худи ман низ ҷой дошт. Шояд барои ҳамин он шеър ба дилам нишаст”. Ҳамин тавр консерти барои алт ва оркестри симфонӣ бо номи “Агар” эҷод гардид.
Он лаҳза Толиб Шаҳидӣ тасмин гирифт, ки асаре бо номи “Агар” офарад. Асаре, ки на танҳо шунида шавад, балки эҳсос гардад. Аммо насиб набудааст, ки ни мақсадро замоне, ки Лоиқ зинда буд, амалӣ созад. Танҳо баъди марги ӯ ин андеша шакл гирифт ва филномаи мусиқии “Агар” рӯи кор омад.
Дар ин филми кутоҳ Лоиқ оиди шоир ва нақши ӯ дар ҷомеа чунин мегӯяд: Шеър як равзанае, даричае ҳаст, ки шоир аз он ба дунё нигоҳ мекунад. “Рисолати шеър ва шоирӣ ин аст, ки - инсонҳоро инсонтар кунад, зиндагиро ба чашми мардум зеботар вонамуд кунад, ошиқонро ошиқтар кунад, одамони накӯкорро бисёртар ба накӯкорӣ даъват кунад. Агар шоир заррае ҳам бошад, бо шеъраш дарди мардумро сабук кунад - ин барои ӯ хушбахтист...
Соли 2025 аз ҷониби Шарифи Ҳамдампур-публитисти шинохтаи кишвар, таъсисдиҳандаи Медиа-холдинги “Оила”, силсилакитобҳо бо номи Ҳаёти одамони наҷиб -“ҲОН”-, ки дар давраи шӯравӣ ҳамчун “Жизнь замечательных людей” – “ЖЗЛ” ба забони русӣ хело машҳур буд ба чоп расид. С. 2026 китоби нави ӯ аз ин силсила, роман-зиндагиномаи Толиб Шаҳидӣ, бо номи “Агар” пешкаши хонандандагон гардид. Худи муаллиф Ҳамдампур дар бораи номи “Агар“ гирифтани китоб - чунин посух дод: “Агарҳо” зиндагии моро ба дуроҳӣ мебаранд. Бидуни “агар” – “мо метавонем” бояд гуфт, бе “агар” нақшаҳои дар пеш мондаро анҷом бидиҳем. Инсонро “агар” аз пешбар шудан маҳрум месозад”.
Рӯнамои китоб дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ 18 май бо иштироки зиёиёни тоҷик, меҳмонони хориҷӣ бо як шукуҳи хосса гузашт. Дар ин маҳфил нашрҳои махсуси рӯзномаи “Тоҷикистон” бахшида ба 80-солагии Толиб Шаҳидӣ ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ, ки зиндагии худро барои сухан, миллат, фарҳанг бахшид, чун армуғон ба ҳамагон пешкаш шудаанд. Ҳамин тавр, як шеъри “Агар”-и шоири нотакроре, ки тавонист миёни шеър ва тақдири миллат пули устувор созад, ба эҷоди асарҳои нави шахсони барҷастаи диёрамон, ҳамчун Толиб Шаҳидӣ, Шарифи Ҳамдампур сабаб шавад.
20 май дар зодрӯзи шоир дар шаҳри Панҷакент-ватани устод, ҷашни 85-солагии Лоиқ Шералӣ дар “Кохи Лоиқ” таҷлил гардид, ки дар қатори дигар меҳмонон аз дохилу хориҷ Шарифи Ҳамдампур бо гуруҳе рӯзноманигорон бевосита иштирок намуданд.
Агар давлат марз дошта бошад, шеър ва мусиқӣ марз надоранд. Онон дар дилҳо зиндагӣ мекунанд ва метавонанд онҳоро тасхир кунанд. Агар шеър ва мусиқиро як идда инсонҳо дарк кунанд, пас пайванди ин ду навъи эҷод барои доираи васеи инсонҳост, ки онҳоро ба зиндагӣ дилгарм ва ба ояндаи нек раҳнамун месозад.
Саида Рустамова, мусиқишинос

