Дойра, табл, нағора созҳои зарбии мусиқии мардуми тоҷик, карнай сози нафасии қадимаи мисин дар сартосари олам маъмулу машҳур буда, ҳунармандони он бо ҳунари волои худ оламиёнро ба ваҷд овардаанд.
Ин созҳои мусиқии мардуми тоҷик таърихи қадима дошта, сарчашмаи пайдоиши баъзеи онҳо ҳатто аз ҳазорсолаи пеш аз мелод об мехӯрад. Ин созҳо сохт, намуд, тарзи садодиҳӣ хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ҳунарҳои дойранавозӣ, карнайнавозӣ дар бахши “Ҳунархои иҷроӣ” дар феҳристи милии мероси фарҳанги ғайримоддӣ сабт гардидааст.
Дар гӯшаю канори кишварамон наврасон ва ҷавонон ба созҳои мусиқии мардумӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ҳунари дойранавозӣ ва карнайнавозӣ шуғл варзида дар тарғибу ташвиқи фарҳанги мусиқии суннатии халқамон саҳми худро мегузоранд.
Зимини сафари хидматӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон маълум гардид, ки шавқу ҳаваси хусусан наврасон ва ҷавононро ба ҳунари дойранавозӣ ва карнайнавозӣ ба назар гирифта директори мактаби санъати бачагонаи ноҳия ба номи Борбади Марвазӣ Саида Эргашева, ки дар соҳаи фарҳанг собиқаи кории зиёда аз 15 сола дошта, хатмкунандаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст, ансамблҳои дойра ва таблнавозон, карнайнавозонро ташкил додааст.
Тули чанд сол аст, ки омӯзгор Ҳусейн Эшматов ҳамчун донанда ва устоди касби хеш нозукиҳои санъати амалӣ, назариявии сози қадимаи тоҷик дойра ва таблакро ба 20 нафар шогирдон ва ҷавонони дилбохтаи ҳунари асил меомӯзонад. Дар машғулиятҳои ҳаррӯза шогирдон зарбҳои уфар, чорзарб, чаппазарбро пайваста машқ намуда маҳорату истеъдоди худро сайқал медиҳанд.
Барномаи ансамбл рангин буда онро оҳангу навоҳои “Дилхироҷ”, “Полка”, “Шаҳритусча”, “Бухороча” ташкил додааст.
Ансамбл мекӯшад асарҳои эҷодкардаи дойрадасти маъруфи халқи тоҷик Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саттор Фозилов “Тӯёна”, “Рақси пахта”, “Гулрез”, “Хатлон”-ро омӯзад.
Аъзоёни ансамбл дар наздашон мақсад гузоштанд, ки дар давраи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок намуда, асари “Хатлон”-ро бо зарбҳои андозаи 7/8 эҷодшуда ки он бо ду сози зарбӣ дойра ва таблак иҷро мешавад, аъзоёни ҳакамон пешкаш намоянд. Ансамбл доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо навою созҳои дилангез ҳамеша диққати ҷомеаро ба худ ҷалб намояд.
Маҳмуд Абдуламитов дастпарвари Колеҷи мусиқи ба номи Аҳмад Бобоқулов дар мактаби санъати бачагона аз фанни карнай дарс гузашта аз нозукиҳои карнай бархурдор аст. Ӯ ҳамеша пайи ҷустуҷуву дарёфти оҳангҳои марғуб қарор дошта, доираи мусиқифаҳмию мусиқидониашро муттасил такмил медиҳад. Асбоби мусиқии карнай маҳорату ҳунармандӣ ва назокату санъати вижаро талабгор аст, ки на ҳар кас метавонад ба он комгор бошад.
Талошҳои ӯ дар ҷодаи мусиқии миллӣ пурбарор буда, чун роҳбари ансамбли карнайнавозон ба шонздаҳ нафар дилбохтагони сози карнай силсилаи оҳангҳои “Шодиёна”, “Тӯёна”, “Карнайбазм”-ро меомӯзад.
Ҷашну чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, санаҳои муҳими миллию давлатӣ дар вилоят ва ноҳия бо иштироки фаъоли ансамбли карнайнавозон таҷлил гардида мусиқии хушнаво ва санъати роҳатнавози дойраю карнай ба дилҳо суруру шодӣ, ба ҷонҳо роҳату фароғат бахшида, инсонро ҷониби дарки зебоию ҷаҳони маънавият ва маърифат раҳнамун месозад.
Ғуломов Фазлиддин

