Ҳанӯз панҷ сол қабл андешаҳои худро оид ба дӯстиву ҳамкориҳои ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов бо ду шоири бузурги миллат-Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистон” ба табъ расонда будем ва умед доштем, ки масъулони чорабиниҳо барои иштироки устод Ҷӯрабек Муродов талошҳо меварзанд...
Чанде қабл мардуми шарафманди тоҷик ҷашни солгарди ду шоири бузурги миллат-110-солагии устод Мирзо Турсунзода ва 80 солагии устод Лоиқ Шералиро таҷлил намуданд. Шоирону нависандагон, масъулони фарҳанг ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ чи дар сатҳи ноҳияву шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ хотира ва андешаҳои хешро оид ба зиндагӣ ва осори ин ду шоири маҳбуб баён карданду ҳам ба ашъори баланди ватандӯстонаашон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин санъаткорон бар ашъори онҳо суруд хонданд.
Агар ин ду шоири бузурги миллат дар ҳаёт мебуданд, бе ягон шаку шубҳа дар ин ҷашнвораҳо боз ҳам ҳамдаму ҳамрози худ ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродовро даъват мекарданду аз сурудҳо ва лаҳни рӯҳнавози эшон на танҳо худашон, балки тамоми иштирокдорону тамошобинон ҳаловат мебурданд. Зеро қариб 60 сол аст, ки сурудҳои бар ашъори шоирони классик, хоса бар ашъори ин ду шоири маҳбуб ва дигар шоирон офаридаи ӯ дили миллионҳо мухлисонашро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар бисёр кишварҳои дунё тасхир намуда, фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ кардааст.
Ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ бахшида ба ҷашни зодрӯзи ин ҳунарманди маъруф иброз доштанд:
Ҷӯрабеки азиз!
Ба камтарин истеъдодҳо тақдир шудааст, ки ҳунарашон то ба ин дараҷа ба тамошобинони гуногунзабон, гуногунмазҳаб ва гуногунанъана писанд ояду тавонад шуҳрати санъати миллаташро ба арсаи васеъи байналхалқӣ барорад. Хушбахтона, Шумо ба чунин саодат сарбаландона расидед.
Шӯрои Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурӣ, муштоқониэҷодиёти сеҳрангезатон, умедворанд, ки дар оянда ҳам бо ѓайрати зиёд ва садоқати фарзандона, меҳнат менамоед, бунёдгарӣ мекунед ва дар китоби муқаддаси миллатамон саҳифаҳои нав ба нави рангин эҷод карда, бо кашфиётҳову фаъолияти ҷамъиятии худ барои ҳарчи зудтар пойдор намудани сулҳу амонӣ, зиндагии осоишта дар ҷумҳурии азизамон саҳмгузорӣ менамоед.
Ҷӯрабек Муродов аз соли 1963 бо Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ то охири умрашон ҳамдаму ҳамроз буданду ҳамкорӣ доштанд. Аз ин рӯ устод Мирзо Турсунзода ба истеъдоди ин ҳунарманди асил чунин баҳо доданд:
«Ҷӯрабеки азиз, ту ба шеърҳои ман ҷони дуюм ато кардӣ, бо оҳангҳои ту ва маҳорати сурудхоният шеърҳоям билкул ба тарзи дигар садо медиҳанд.
Дӯстон, Ҷӯрабекро бо чашми кам мабинед. Халқи мо хушбахт аст, ки Ҷурабек барин сарояндаву мутриби нотакрор дорад».
Устод Лоиқ Шералӣ дар матлаби хеш таҳти унвонӣ «Ҳамрозу дамсози халқ» оид ба ҳамкориву муносиботи Мирзо Турсунзода бо Ҷӯрабек Муродов менависад:
Ҳофизи мумтози мо Ҷӯрабек Муродов дар муҳити савту суруд миёни ҳамсангони худ танҳо нест, аз он фарзонагони санъати сарояндагии замонист, ки халқ аз ҷавон то пир ӯро узви хонадони худ мешуморанд ва овозхоне мисли ӯ, ки аз дилу ҷигари халқ баромадааст, дар дилу ҷигари халқ мақоми ҳамешагӣ хоҳад дошт, зеро аз оҳангҳои қадимӣ (классикӣ) то халқӣ, аз байту рубоӣ то ѓазал, аз оҳангҳои ҳаммонанд то оҳангҳои густурдаи худи сароянда ҳама пайвастаанд ва ҳама розу ниёзи халқро бозгӯ мекунанд ва гӯё халқ Ҷӯрабекро мисли Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов барои эҳтиёҷи худ, барои тантанаи рӯҳ ва таскини дардҳои худ офаридааст. Аз ин рӯ, Ҷӯрабек фақат зодаи волидайни худ нест, балки зодаи эҳтиёҷи рӯҳи халқ аст. Бо суруди Ҷӯрабек бо лаҳни абрешимини ӯ зиндагӣ ширин ва рангинтар менамояд, орзуҳо наҷибтар ва роҳҳо қарибтар ба чашм мерасанд.
Овози Ҷӯрабек рамзи – рамзи овози баланд ва гардани фарози халқи мо, рамзи муттасили мусиқии тоҷикист.Дар таронаҳои ӯ ҳам ѓурури қуллаҳо ва ҳам тамкини водиҳои зарнисор, ҳам тундии рӯдҳои куҳӣ ва ҳам софии чашмаҳои сабоҳӣ, ҳам авҷу барор, ҳам ранҷу тимор, ҳам гармҷӯшиҳои эҳсоси ҷавонӣ, фурӯнишастагиҳои пирон-хулоса авзои халқ таҷассум шудааст.
Ҷӯрабек аҳли завқ, аҳли дил ва аҳли дард аст. Байту рубоиву дубайтиву ѓазалу таронаҳое, ки аз шоирони пешин ва имрӯзӣ ва аз офаридаҳои мардум интихоб мекунад, шаҳодати онанд, ки дили нозукписанд ва завқи баланд дорад. Ва халқ, ки модари ҳамаи завқҳост, чунин соҳибзавқро кайҳо писандидааст, вагарна мо ҳофизоне дорем, ки то сурх шудани ваҷоҳат то барҷастани чашмҳо аз чашмхона то фурӯ бастани овоз фарёд мезананд, аммо овозашон шӯълае ва сурудашон дарде надорад.
Ҷӯрабек ба сафарҳо дасти хушк намеравад ва аз сафарҳо ҳам дасти холӣ бар намегардад. Пас аз ҳар сафар дар хазинаи таронаҳои ӯ як сурӯди тоза, як тобиши нав дар оҳангҳо, як ҷилваи дигаре дар овози ӯ пайдо мешавад. Дар сафарҳои ватанӣ ӯ, пеш аз ҳама, сурӯдҳои тоҷикиро тарѓиб мекунад, вале қариб аз ҳар халқ як ду таронае низ дар захира дорад ва мувофиқи завқи шунавандагон месарояд. Ҷӯрабек берун аз Ватан ба Эрону Афѓонистон, Ҳиндустону Покистон, Туркияву Сурия, Лубнон, Австрия, Булѓория, Белгия ва Канада бо боли суруд парвоз кардааст. Ва дар бозгашт мо дар барномаи ӯ сурудҳои тозае шунидаем, ки дастовези сазовори ҳофиз барои халқи мо ва таровате дар санъати овозхонии мост. Ҷӯрабек, чуноне, ки гуфтем, дар мактаби таронаҳои халқӣ ба воя расидааст. Сурудҳои халқиеро, падари деҳқоннасабаш месуруд ва дубайтиву рубоиҳое, ки модари хуштабъаш мехонд, дар дили ӯ дар зеҳни ӯ лона доштаанд. Пас, дар солҳои донишомӯзӣ олами суруду мусиқӣ ҳарчӣ бештар ҳастии ӯро фаро гирифт. Соли 1963 ӯ дар фестивали республикавии ҳаваскорони санъат бори аввал ба Душанбе омад, суруди мураккаби «Қушчинор» ва чанд таронаи анъанавӣ шиносномаи ӯ ба шунавандагон ва ҳаводорони ҳунари овозхонӣ буд.
Баъд аз ин имтиҳон Ҷӯрабек чанд оҳанги марѓуби Боймуҳаммад Ниёзовро бо салиқаи тозатаре иҷро кард, ҳарчанд, ки ин оҳангҳо моли худаш набуд, аммо тарзи адои онҳо писанди мардуми соҳибзавқи мо гардид. Аз он пас Ҷӯрабек ба шеърҳои бисёр сара оҳангҳои муносибе баст, ба сурудҳои классики «Шашмақом» ва таронаҳои мардумӣ рӯ овард. Эҷодиёти ӯ дар се ришта-риштаи сабки «Шашмақом», риштаи сабки халқӣ ва риштаи таронаҳои муосир то имрӯз давом мекунад.
Оҳангҳои ин ҳофизи нозукадо ба шеърҳои Устод Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигар шоирони муосир пару боли қавитаре ато карданд. Устод Мирзо Турсунзода ҳар гоҳ овози Ҷӯрабекро мешуниданд, мегуфтанд, ки аз ҳофизони муосир Ҷӯрабек ягона касест, ки шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу маѓзи шунаванда мерасонад, ман ба ростӣ, аз хонишу ромишгариҳои ӯ ҳаловат мебарам.
Дар ҳақиқат, силсилаи сурудҳое, ки Ҷӯрабек аз эҷодиёти устоди шодравон Мирзо Турсунзода пардохтааст, моҳияти фалсафӣ ва гражданияти суруди муосири тоҷикиро ифода мекунад Аз суруди «Оҳанрабо», ки аввалин оҳанги Ҷурабек ба шеъри устод буд, то «Замин», «Ватан», «Ганҷинаи сурудҳо», «Ҳамин кофист», «Дараи арӯсон», «Дили модар ва ѓайра ҳама андар ҳам ҳамсадо ва ҳамовоз будани ҳофиз ва замонро таҷассум мекунад. Хусусан, суруди «Модар» ва «Замин», ки ҳам маромномаи шоир ва ҳам маромномаи ҳофизанд. Вақте ки Ҷӯрабек суруди «Ватан» - ро бори аввал дар фурудгоҳи Монреал барои устод Мирзо Турсунзода ҳамчун бозёфти эҷодӣ ва барои гузаштан аз имтиҳони эшон мехонад, муаллими бузургвор бо самимият ва ризомандӣ ин оҳангро меписанданд ва ҳофизро муборакбод мекунанд. Ва баъд вақте ки ӯ ин суруди нави худро бори дуввум дар саҳнаи Монреал барои тамошогарон месарояд, аз миёни толор гиряи ҳасратолуди касе ба гӯш мерасад. Маълум мешавад, ки «дар як маҳаллаи Ню-Йорк қариб ҳаштод оилаи форсзабону туркзабон зиндагӣ мекардаанд, аз ҷумлаи онҳо ҳашт нафар ба мошинҳо савор шуда аз Ню-Йорк ба Монреал, ки масофаи ин ду шаҳр 1400 километр мебошад, меоянд. Онҳо консерти нахустини моро (бо иштироки Ҷӯабек Муродов, Рауф Азаматов ва Гавҳар Мирҷумъаева, аз телевизион дида, нону фатир пӯхта ба роҳ ба пешвози мо баромадаанд. Оҳангҳои тоҷикӣ ба шеърҳои Рӯдакӣ, Ҳофиз, Қассоб, Турсунзода Шукӯҳӣ дар иҷрои Ҷӯрабек дар зал ѓулѓула меафканад. Ман бештар ба аҳли зал, махсусан ба он гурӯҳ эътибор медодам, медидам, ки аз ҳаяҷон аз чашмонашон ашк равон мешуд. Ашки ҳасрат ашки дуриҳо мерехт» -менависад дар сафарномаи худ Холмурод Шарифов.
Оҳангҳои мустақил офаридаи Ҷӯрабек ҳама нишони муҳаббат ва ихлоси ӯ ба устодони маънавияш Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон ва Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов буда, аз дигар тараф давоми эҷодкоронаи сабки онҳо бо шеваи худ аст.Санъаткори навҷӯю навписанд Ҷӯрабек Муродовбо вуҷуди пуркорӣ хазинаи моро хеле ѓанӣ кард. Оҳангҳои ӯ, ба ростӣ, обрӯи суруди тоҷикиро баланд бардоштанд.
Мавлуда Шарифова дар китоби хеш бо номи «Ҷӯрабек Муродов», ки беҳтарин ва мукаммалтарин китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин санъаткори асил маҳсуб меёбад, аз хотироти ҳофиз меорад, ки устод Мирзо Турсунзода ба Ҷӯрабек Муродов «писарам» ё «писари азизам» гӯён муроҷиат менамуд. Шаби ҷашни 60-солагии Мирзо Турсунзода суруди «Нонреза» - ро он чунон таъсирноку бо маҳорати баланд хонд, ки устод ба риққат омада ашк рехтанд. ҶӯрабекМуродов низ ба устод садоқати бемислу монанди фарзандӣ зоҳир мекард.
Устод зимни беморӣ васияти охирини худро ба ӯ чунин иброз доштанд: --Ҷӯрабекҷон, писарам, ҷисми маро худатон даруни қабр гузоред. Ва аз рӯи васият ҷисми устоди бузургвори худро ба хок гузошт.
Мавлуда Шарифова ин журналист ва нависандаи боистеъдод дӯстиву рафоқат ва муҳаббати Лоиқу Ҷӯрабекро ба дӯстии Ҷалолуддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ шабоҳат додаст. «Устод Лоиқу устод Ҷӯрабекро на танҳо шеъру суруд ба ҳам пайваста буд. Ин ҳар ду табиатан ҳам ба якдигар шабоҳат доштанд. Ҳар ду ҳам инсондӯст, хоксор, дар рӯзи шодӣ шодишарику дар рӯзи ѓам ѓамгусори мардум. Онҳо ҳар дуяк хел андеша мекарданд, як хел миллати худ, Ватани худ, модари худро дӯст медоштанд, мардумро ба худшиносиву ваҳдат, меҳанпарастиву қадршиносӣ ҳидоят мекарданд ва як хел ба дарди миллат месӯхтанду мегиристанд. Сурудҳо Бар ашъори Лоиқ «Забонгумкарда», «Сапеда», «Арӯсбиёрон», «Хазонрез», «То зи худ норозиям», «Аз кӯҳ чун санге фитад», «Агар тирам ба сар борад», «Хосияти дукокула», «Ушшоқи Душанбе» ва ѓайра кайҳо боз дар дили мардум нишаста, ки бо ҳавои баъзе аз онҳо пиру барно мерақсаду аз садои дардолуди бархе ашк мерезад. Шеъри «Панди куҳна» ба ҳасудону сифлатабъон, ки ҳар ду аз дасти онҳо озор медиданд, нигаронида шудааст:
Ёрон ба каф пиёлаву дар дил ѓубор чист?
Лоиқ Шералӣ ду шеърашро ба Ҷӯрабек бахшидааст, ки яке бо матлаи
Ҳар кас, ки буд дар пайи озори Ҷӯрабек,
Ҳеҷ аст дар баробари осори Ҷӯрабек.
Ва дигаре:
Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст,
Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст.
Бо чунин далелҳои раднопазир нуктаи фавқуззикрро таъйид менамоем, ки аз ҳама шахси ба ҳар ду шоири маҳбуб - устод Мирзо Турсунзода ва устод Лоиқ Шералӣ қарин, ҳамдаму ҳамрозу дамсоз устоди барҷастаи санъат, Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз дӯстиву ҳамкории онҳо хуб огаҳанд ва интизор буданд, ки дар ин ҷашнвораҳо тавасути ВАО ва радиову шабакаҳои телевизионӣ устод Ҷӯрабек Муродов хотироти худро оид ба ин ду шоири шаҳири миллат баён месозанд ва бо сурудҳо аз ашъори эшон пешкаши онҳо мегардад. Вале афсус, ки ин нукта аз хотири масъулони ҷашнвораҳо ва радиову шабакаҳои телевизионӣ зудуда ва васияту гуфтаҳои ҳар ду шоир нодида гирифта шуданд.
Мунавари Сафар,
ходими пешбари илмии ПИТФИ


