Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии ин шахсиятҳо, дар маросими расмӣ капсулаҳои хокро қабул карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот анҷом дода, масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуд.
Гуфта мешавад, сафари ҳайати Тоҷикистон ба Русия бо ҳадафи иштирок дар маросими қабули капсулаҳои хок аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд. Онҳо соли 1937 дар давраи таъқибҳои сиёсӣ ва репрессияҳои сталинӣ бо иттиҳомҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” боздошт ва дар канори шаҳри Маскав ба қатл расонида шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар қабрҳои дастаҷамъӣ ба хок супурда шуда буданд.
Баъд аз марги Иосиф Сталин, дар солҳои 1950-ум ҳарсе расман бегуноҳ эътироф гардиданд.
Имрӯз ҷанозаи Қаҳрамони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум баргузор гардид.. Пас аз мувофиқаи роҳбарони Тоҷикистону Русия, хокистари ӯ баъд аз даҳсолаҳо ба Ватан баргардонида шуда, дар зодгоҳаш аз нав ба хок супорида шуд.
Ҳанӯз соли 2007 бо Хосиятбону, духтари Нусратулло Махсум-Қаҳрамони Тоҷикистон мусоҳиба ороста будем, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ расид ва онро ба муносибати аз нав ба хок супурдани хоки қаҳрамон дар зодгоҳаш пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
СУХАНОНИ ВОПАСИНИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ
(Суҳбате бо Хосиятбону, духтари Нусратулло Махсум - Ќаҳрамони Тоҷикистон)
Хосият Махсумова мутаваллиди соли 1925, деҳаи Чашмакизии ноҳияи Рашт. Хатмкардаи факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, муаллимаи хизматнишондода.
-Дарро сахт кӯфтанду чор нафар бо сару либоси ҳарбӣ хунсардона вориди хона гардид. Ба пурсишҳои падарам ҷавоб надода, ӯро ба утоқи кориаш дароварданд ва дарро бастанд. Ману додарам аз модарам, ки моту маҳбут гардида буд, мепурсидем, ки онҳо кистанд ва ба падарамон чӣ кор доранд. Ба саволҳои мо модарам китф дарҳам мекашиду сарамонро сила мекард ва ашкҳояшро ноаён пок менамуд.
Баъди чанд муддат падарам бо ҳамон либосҳои низомиаш берун омад ва онҳо ӯро иҳота карда буданд. Ордену медалҳои падарам ва он туфангчае, ки ҳамеша бо худ гирифта мегашт, ба назар наменамуд. Падарам ошуфтаву парешон буд. Модарам гирён пурсид: «Мо чӣ кор кунем?» Падарам гуфт, ки «ба Кремл, ба Комитети Марказӣ даромада ҳамаашро мефаҳмам».
Яке аз онҳо пурсид:-«Что вы там говорите?» Падарам бо итоб гуфт: «Я говорю, что я ни в чем не виновен. Сейчас приедем в Кремль, зайду в ЦК и всё выясню».
Ин охирин дидор ва суханони падарам буд, ки 12 июли соли 1937 рӯй дод ва то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳанд, - мегӯяд Хосият Махсумова - духтари Нусратулло Махсум.
-Хосият Нусратуллоевна, чанд сол дар Маскав иқомат доштед, кадом хотираҳо аз падар дар ёдатон нақш бастаанд?
-Падарам моро моҳи декабри соли 1933 ба Маскав овард. Ӯ дар бахши илмҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва банақшагирии Академияи назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист таҳсил мекард. Мо дар хонаи ҳукуматӣ, ки дар назди кинотеатри «Ударник» воқеъ буд, зиндагӣ доштем. Пятнитский, раиси Интерком, Никита Хрушёв ва Абулқосими Лоҳутӣ низ дар ҳамин бино зиндагӣ мекарданд. Падарам ва аҳли хонаводаи мо бо устод Лоҳутӣ дӯстии наздик доштем. Устод доимо аз ман хоҳиш мекард, ки шеъреро ба русӣ ва ё тоҷикӣ қироат намоям. Бароям китоби хешро бо чунин соядаст «Ба кашшофи азизам» тақдим намуд. Зани устод Лоҳутӣ моро дӯст медошт ва то охири ҳаёташон равуо ва мукотиба доштем. Ман синфи 4 ва Акбаршоҳ синфи 3-ро дар Маскав ба итмом расондем. Ғайр аз ману Акбаршоҳ ва додари хурдиам Музаффар, ки нав чашм ба ҷаҳон боз карда буд, боз ду бародари бузургам бо мо буданд: яке Мунавваршо дар факултети таърихи Донишкадаи педагогии ба номи Бубнов таҳсил мекарду дигаре Анваршоҳ соли 1936 мактаби ҳарбии Москваро ба итмом расонд. Ҳамон сол хонадор шуда, ба Владивосток рафт.
Падарам ба таҳсили мо, фарзандон, аҳамияти ҷиддӣ медод. Бо суханҳои нарму хуш муомила мекард. Камгап буд. Ҳеҷ гоҳ ҳарфи дуруште аз падарам нашунидаем.
Баъзан муаллимон хонаамон омада ба падарам дарс медоданд. Ҳангоми талаффуз ва ё навиштани бархе калимаҳо саҳвҳои падарамро ислоҳ мекардам. Падарам бо меҳрубонӣ сарамро навозиш карда мегуфт, ки «Хосият, нағз хон, ҳатман муаллима шав. Занону духтарони тоҷикро омӯзон, тарбия намо». Ҳамин тавр сухани падарамро гирифта, муаллима шудам ва чиҳил соли умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшидам. Аз як нигоҳи падар мо мефаҳмидем, ки чӣ кор бояд анҷом диҳем. Ҳама фарзандон, хусусан Акбаршоҳро хеле дӯст медоштанд.
-Оё ба кадом сабаб бурдани падаратонро нагуфтанд ва бо шумоён минбаъд чӣ гуна муносибат мекарданд?
-Ба мо чизе нагуфтанд. Пурсишҳои мо бепосух монданд. Чанде нагузашта ҳамон соли 1937 Мунавваршоро аз донишкада ва аз сафи комсомол хориҷ карданд.
8 сентябр ба гиряву зории мо нигоҳ накарда, модарамро ҳамон шахсони либоси низомипӯш бурданд. Музаффар ҳанӯз кӯдаки ширмак буд. Хайрият бегоҳӣ ҷавоб доданд. Рӯзи дигар ману Акбаршоҳро ба хонаи пазироии бачаҳо бурданд. Баъди се рӯз ба поезд савор карда, ба шаҳри Горкий фиристоданд. Акбаршоҳро аз ман ҷудо карданд. Маро тавассути киштӣ аз рӯди Акал гузаронида, ба як русто оварданд.
Модарам ба хотири кӯдаки ширмак доштанаш дар Маскав монд, вале ҳаққи берун рафтан надошт.
Модарам бесавод бошад ҳам, бо акаам Мунавваршо ба идораҳои дахлдор рафта, даъво кардаанд, ки фарзандонашро баргардонанд.
Моҳи октябр акаам омада, маро боз ба Маскав овард. Мо намедонистем, ки 31 октябри соли 1937 падарамро парондаанд, инро пас аз сафед шуданашон фаҳмидем. 4 декабр модарамро бо сару либос ва кӯдакаш бурданд. Қабл аз видоъ модарам гуфт, ки бо акаам ба Сталинобод баргардем. Мунавваршо моро ба Сталинобод овард. Дар хонаи апаам Хайрӣ зиндагӣ мекардем. Худо раҳмат кунад, шавҳараш Меҳроб Мироқилов чанд бор ба Маскав навишт. Соли 1940 аз модарам нома омад, ки дар лагери Семниковскийи Ҷумҳурии худмухтори Мордва маҳбус аст ва ба ӯ ҳашт сол додаанд. Байни ҳам мукотиба барқарор кардем. Мунавваршоро соли 1938 ба Қазоқистон бадарға карданд. Вай соли 1954 баргашт. Аммо Анваршо баъди оғози ҷанг зану фарзандонашро ба Ленинобод бурда, худ ба ҷанг рафт ва соли 1942 дар Украина ба шаҳодат расид.
Ман соли 1943 мактаби миёнаро хатм кардам ва ба факултети механика-математикаи Донишкадаи хӯроквории саноати консерви Одесса, ки солҳои ҷанг ба Сталинобод кӯчонда буданд, дохил шудам. Ҳангоме ки ба ҳаждаҳ даромадам, ба номи Сталин, Калинин ва Берия ариза навиштам, ки модарам бесавод, дар ҷое кор намекард ва ба ӯ бе ҳеҷ гуноҳе ҳашт сол додаанд.
Моҳи ноябри ҳамон сол маро директор даъват кард ва гуфт, ки ба номат барқияи ҳукуматӣ омадааст. Дар барқия навишта шуда буд: «Вопрос об освобождении вашей матери решается». Директор маслиҳат дод, ки назди модарам равам.
Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 1943 бо азобу машаққате ба ноҳияи Семниковскийи Мордва расидам. Ба хонаи як зани мордвагӣ рафта шабро гузаронидам. Субҳи он рӯз ба вокзали Семниковский омадам, вале комендант маро нагузошт, ки бо поезд ба лагер равам. Он ҷо маҳбусон кор мекарданд. Чун фаҳмиданд, ки ман духтари Ҳалимаам, чашми комендантро хато карда, ба поезди боркашон нишонда огоҳ карданд, ки агар сардори маҳбас пурсад, бояд пиёда омаданамро ба ӯ бигӯям. Баробари муроҷиат ба сардори маҳбас ӯ ҳайратомез ба ман нигариста бо кадом роҳ ба ин ҷо омаданамро пурсид. Ман изҳор кардам, ки пиёда аз ҷангал омадам. «Магар аз гургҳо наметарсӣ»,- пурсид ӯ. Гуфтам: «Не, ба хотири дидани модарам аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чӣ наметарсам!». Сипас телефон карда садои модарҷонамро шунида, қариб беҳуш гардидам. Охир ман ӯро шаш сол боз надида будам. Ман панҷ рӯз бо модарам дар хонаи Лидия Александровна ном зани накӯкору раҳмдил якҷо будем.
-Оё Музаффар бо модаратон набуд?
-Музаффар то овони ширмакӣ бо модарам будааст. Сипас ӯро ба хонаи бачагон фиристодаанд. Модарам изҳори ташвиш карданд, ки дар як моҳ як бор Музаффарро медидаанд. Сардори бефарзанди маҳбас ният доштааст, ки ӯро писархонд кунад. Аз ин рӯ модарам фармуданд, ки ҳангоми бозгашт Музаффарро бо худ барам.
Мулоқотам бо Музаффар хеле аҷиб сурат гирифт. Ман ба хонаи бачаҳо рафтам, яке аз кормандони он гуфт: «Вот, к одному из наших детей приехала из далека сестра».
«Эта моя сестра!»- гуён давида худашро ба оғӯши ман партофт.
Мо шаш сол боз ҳамдигарро надида будем. Охир ӯ ҳамагӣ се моҳ дошт, ки мо аз ҳам ҷудо шуда будем!
Бо модараму Музаффар боз ду рӯз бо ҳам будем. Ҳуҷҷати озодии модарам низ омада будааст. Вале комендант аз мо пинҳон дошт. Ману Музаффар бо модарам хайрбод кардем ва маро низомиён ба поезд шинонданд.
-Он вақтҳо роҳбарони ҷумҳурӣ бо шумоён чӣ гуна муносибат мекарданд?
-Ростӣ, ман аз Шамсулло Юсуфов, раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе, хеле миннатдорам. Барои дарёфти чипта то Мордва ёрӣ расонд. Бори дигар баъди бозгашт хоҳиш кардам, ки барои ба хонаи бачаҳо гузарондани ҳар сеи мо мусоидат намояд. Баъди ду рӯз моро пазируфтанд. Аксар ба мо бо ҳисси дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ рафтор мекарданд.
Ман ҳар рӯз ба вокзал баромада, роҳи модарамро мепоидам. Ниҳоят ӯ 18 майи соли 1944 омад. Акбаршо дар курси омодагии Донишгоҳи кишоварзӣ мехонд. Раиси донишгоҳ ба Акбаршо як хона дод, ки мо ҳама он ҷо кӯчидем.
-Тақдири минбаъдаи бародаронатон чӣ тавр сурат гирифт ва падаратонро кай сафед карданд?
-Ман соли 1947 донишгоҳро хатм кардам. Хостанд, ки маро ба аспирантура фиристанд, вале ман нигоҳубини модару бародаронамро афзал донистам. Дар мактаби миёнаи рақами 10 ба кор оғоз кардам. Соли 1949 ба Тӯйчӣ Қобилов ба шавҳар баромадам. Аз соли 1960 то соли 1985 сарварии Омӯзишгоҳи омӯзгориро ба ӯҳда доштам.
Акбаршо соли 1948 пас аз хатми Донишгоҳи кишоварзӣ муддате дар Бадахшон кор кард. Соли 1952 имтиҳоноти аспирантураро бо баҳои аъло супурд, вале онҳое, ки баҳои се доштанд, гузаштанду Акбаршо не. Ман ба Академияи илмҳо даромадам. Ҳар гуна баҳона пеш оварданд. Ба масъулон бо алам гуфтам: «Ҳеҷ гап не, вақташ меояд, Акбаршо кӣ будани худро ба шумо нишон медиҳад». Охир мо аз соли 1937 то соли 1957 фарзандони «душмани халқ» будем.
Соли 1957 падарамро сафед карданд. Пас аз як сол Акбаршо дар аспирантура нахонда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Минбаъд ба гирифтани унвони академики Академияи фанҳои Тоҷикистон мушарраф гардида, дар вазифаҳои вазири хоҷагии қишлоқ, ноиб- президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, ҷонишини Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ кор карда, беш аз 80 асари илмӣ навиштааст ва соли 2001 вафот кард. Ба модарам 500 сӯм, ки маблағи калон ба ҳисоб мерафт, нафақа медоданд. Музаффар ба Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, 300 сӯм стипендия мегирифт. Ҳатто пули он ашёи рӯзгоре, ки дар Маскав доштем, ба мо фиристоданд. Онро ба худоии падарам дар зодгоҳашон Чашмакизӣ сарф намудем.
- Шумо чашмдор будед, ки ба падари бузургворатон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон медиҳанд?
- Диламон ба умед буд. Соли 1991 ба ифтихори 110-солагии падарам дар зодгоҳаш пайкара гузоштанд. Соли 2001 маросими ёдбудаш дар Фарҳангистони улум сурат гирифт.
Хушбахтона, 27 июни соли равон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлат, дар майдони асосии ноҳияи Рашт ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро эълон карданд.
Шодии мо, пайвандон, ҳадду канор надошт. Охир, мо замоне фарзандони «душмани халқ» будем. Азиятҳои бисёре кашидем. Ба Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯям, ки хидматҳои падари моро қадр намуданд.
Он рӯз Хайринисо Мавлонова, муовини сарвазир, маро ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ кард ва он кас ба ман гулдаста тақдим намуданд, ки сарам ба осмон расид.
Ман соҳиби 4 фарзанд, 15 набера ва 10 абера буда, имрӯз нафақахӯрам ва шукри Худо, шукри Истиқлол ва шукри чунин Президент мекунам, ки кишвари моро рӯз ба рӯз ободу зебо мегардонад.
Мунаввари Сафар,
ходими пешбари илмии ПИТФИ


