Пас аз се соли "хати сиёҳ" ба Сурхакӣ баргашт

Ба пешвози 81-солагии Ғалаба

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ бо амри дил баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаҳои набард рафтаву беш аз 92 ҳазорашон бар нагаштанд. Онҳо барои аз фашистон озод намудани шаҳру деҳоти Русия, Украина, Белоруссия, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва давлатҳои Аврупои Шарқӣ далерона ҷангида, дар муҳорибаҳои шадид ҳалок ва дар хоки он сарзаминҳо дафн шудаанд. Лавҳаҳои ёдбуд ва нимпайкараи бисёр тоҷикписарони қаҳрамон дар оромгоҳҳои он кишварҳо қомат афрохтаанд.

Дорухӯҷа Шоҳхӯҷаевро соли 1942 дар қатори 25 нафар муаллими ноҳияи Ғарм (ҳозира ноҳияи Тоҷикобод) аввал ба ноҳияи Байрамалии Туркманистон фиристоданд. Баъди тайёрии ҳарбӣ дар кӯҳҳои Кушкаи Махачқалъа бо душман ҷангид. Истеъдоду қобилияташро ба назар гирифта, ӯро бо омӯзишгоҳи афсарии Тошканд фиристоданд. Вале онро хатм накарда, баъди се моҳ боз ба фронт сафарбар карданд. Ҳангоми ба Саратов ворид шудан поезди онҳо мавриди ҳамлаи самолётҳои бомбаандози душман қарор гирифт. Дорухӯҷа бо як чолокӣ худро аз вагон ба берун партофт. Гӯё ҳама ҷоро оташ ва садои таркиши бомбаҳо фаро гирифта буд.

Аксари ҳамяроқонаш ҳалок шуданд. Аз як двизия ҳамаги 44 нафар боқӣ монд. Онҳоро ба 4 мошини боркаш ба шаҳри Дмитрий оварданд. Тӯли чор рӯз ба захмҳояшон малҳам ва ба дардҳо шифо бахшиданд. Сипас Дорухӯҷа ва ҳамяроқонашро ба тарафи Курск равон карданд. Дар борхалтаҳояшон нони хушку дони офтобпараст доштанду халос. Қариб шабу рӯз роҳ мегаштанд. Рӯзи сенздаҳум аз ҳуш рафта афтод. Чун ба худ омад, ҳамроҳонашро наёфт. Беҳолу бемадор қадам мезад. Ҳарчанд даст мебардошт, мошинҳои ҳарбӣ наистода босуръат гузашта мерафтанд. Ӯ бо қувваи охирин аз паси мошине, ки дар болояш пушка буд, давида савор шуд. Қисми ҳарбиашро ёфта, дар озод кардани шаҳри Белгород ширкат намуд. Рӯди Деснаро тавассути симтаноб убур карда, шаҳри Черниговоро аз душман озод намуданд.

Шаби 24 октябри соли 1943 ҳангоми гузаштани рӯди Днепр немисҳо заврақҳояшонро бо минамётҳо заданд ва баъдан ба ҳуҷум гузаштанд. Дорухӯҷа аз пояш маҷруҳ шуд ва аз ҳуш рафт. Аранге ба худ омад, ки ӯро бо ароба мебурданд. Пояшро ҷарроҳӣ карда, аз буҷулак буриданд. Вале он боз сироят ёфт ва аз зону буриданд. Баъди ду моҳ пояшро аз рон кӯтоҳ карданд.

Муддати мадид дар беморхона хобид. Рузе як нафар баробари ворид шудан бо садои баланд ба забони тоҷикӣ гуфт, ки "эй ягон тоҷик ҳаст". Баробари наздик шудан Дорухӯҷа ӯро садо кард ва онҳо ҳамдигарро чун бародарони ҷонӣ ба оғӯш кашиданд. Ӯ аз деҳаи Қалъаи Лаби Об буда, ба наздикӣ мерафтааст. Зимни хайрухуш Дорухӯҷа аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳангоми аз деҳаи Сурхакӣ гузаштан ба хонаи онҳо даромада, ба модараш муждагонӣ диҳад, ки писараш зинда аст ва ба наздикӣ бармегардад.

Модараш ҳанӯз се сол қабл "хати сиёҳ"-и ӯро гирифта, аз марги фарзанди ягонааш шабу рӯз мегирист ва ба арвоҳаш фотеҳа мехонд. Бо шунидани ин хабар ба Абдураҳим ҷома ва ягона говашро дод. Модар акнун аз шодӣ мегирист ва роҳи писари гумгаштаашро мепоид. 3 ноябри соли 1945 ба Ғарм расид. Шариконаш, ки пои равон доштанд, баъди аз қайди комиссариати ҳарбӣ гузаштан, ба зодгоҳи хеш шитофтанд. Дорухӯҷа танҳо монд бо ҳамон пои чӯбинаш. Шом фаро мерасид. На ягон шиносашро пайдо кард ва на ягон маркабе ёфт, ки ба Сурхакӣ равад.

Аз роҳгузарон фаҳмид, ки як нафар ҳамсоядеҳааш аз Ялдамич дар маркази ноҳия сукунат дорад. Суроғ карда хонаи ӯро ёфт ва шабро дар айвонаш гузаронд. Вале соҳибхона ба ӯ он қадар таваҷҷуҳе зоҳир накард. Субҳидам бо ҳамон асобағалу пои чӯбинаш ба роҳ баромад. Чанд роҳгузар баъди салому пурсупос ба ҳоли ӯ изҳори таассуф намуданд.

Вале ягон маркабсаворе ба назар намерасид. Шамоли сард мевазиду Офтоб низ ба ғуруб рафт. Пояш дард мекард. Бо азобе чанд қадаме ниҳод. Аз ҷои пайванд хун мезаҳид. Бо дока онро баст ва лаҳзае дароз кашид. Дорухӯҷа ба худ андешид, ки агар дар ҳамин ҳол бимонад, аз хунукӣ ҷон ба саломат намебарад ва ба дидори модари азизаш намерасад. Шавқи дидор ба ӯ қувват бахшиду чун дар майдони ҷанг ба хазидан оғоз кард. Тақрибан чор километрро ба ҳамин минвол тай кард ва ба ҳамин мавзее, ки "Полигон" меномандаш расид. Шаб аз нисф гузашта буд. Аз дуриҳо садои уллоси гургону ак-аки коҳилонаи сагон ба гӯш мерасид. Ногоҳ суроберо дид, ки ба тарафи ӯ ҳаракат мекард ва торафт бузургтар мешуд. Чашмонашро молида, нигоҳашро ба он дӯхт. Саворае буд, ки аспашро бо ҷадала меронд. Бо по рост шуд ва савораро шинохт. Ӯ дӯсти наздиктаринаш Мирзораҳим буд… Фурсате нагузашта боз як сиёҳие аз дур пайдо шуд, ки бошитоб меомад. Модараш ӯро ба оғӯш кашида, мегиристу пои чӯбинашро мепалмосид. Маълум гардид, ки касе ба деҳаашон хабар додааст. Рафиқаш Мирзораҳим ҳарчанд аз раиси колхоз хостааст, ки аспи колхозро диҳад, то Дорухӯҷаи маъюбро ба деҳа расонад, вале ӯ розӣ нашудааст. Бинобар ҳамин, то як поси шаб гузаштан интизор шуда, аспро ноаён аз тавила бароварда ба ин тараф шитофтааст.

Модараш низ тоқат накарда, аз паси Мирзораҳим ба пешвози ҷигарбандаш омадааст. Баъди як моҳ Сергей, корманди комиссариати ҳарбии ноҳия ба хонаи онҳо омада, зимни мулоқот ба ӯ маслиҳат дод, ки ба парвариши занбӯри асал машғул шавад. Зеро бо ин ҳолат аз уҳдаи дигар корҳо баромада наметавонад. Бо вуҷуди ин Дорухӯҷа чанд муддат ба кишоварзию боғдорӣ машғул шуда, пешниҳоди ӯро аз хотир набаровард. Вале дар водии Рашт (ҳозира Тоҷикобод) ин соҳа ба роҳ монда нашуда буд ва ҳатто дар бораи он маълумоте надоштанд.

Чун огаҳ шуд, ки дар ноҳияи Шаҳринав ба занбӯриасалпарварӣ оғоз кардаанд, кӯлборашро аз туту чормағз ва кулчаҳои ширмол пур карда, озими сафар шуд. Ҳамаи коргарон рус буданд. Зуд ба онҳо унс гирифта, беш аз як ҳафта таҷриба андӯхт. Ба ӯ як қуттӣ занбӯри асал доданд ва бо чӣ машаққатҳое онро ба зодгоҳаш овард. Ҳамин тавр Дорухӯҷа соли 1951 аввалин маротиба занбӯриасалпарвариро дар водии Рашт (дар ноҳияи Тоҷикободи имрӯза) ба роҳ монд.

Баъди ду-се сол онро ба 4 оила расонд. Соли 1955 раиси колхоз 16 қуттӣ занбӯри асал оварда, парвариши онҳоро ба уҳдаи Дорухӯҷа вогузор кард. Теъдоди он то соли 1985 ба 500 оила расид. Имрӯз шуғли дӯстдошта ва сердаромади мардум соҳаи занбӯриасалпарварист ва асали водии Рашт навъи аъло ба шумор меравад. Ҳарчанд синни бобои Дорухӯҷа аз 90 гузашта бошад ҳам, нигоҳубини 30 оила ба зиммаи ӯст.

- Баъзеҳо маро таъна мезананд, ки солат ба ҷое расидааст ва тарки ин шуғл намо. Онҳо дарк намекунанд, ки мани маъюб ба шарофати ҳамин касб солиму бардамам ва умри дароз дидам ва аз он дил канда наметавонам, - мегӯяд бобои Дорухӯҷа.

Оре, дар Қуръони карим сурае ҳаст бо номи Наҳл, яъне занбӯриасал ва дар он омадааст: "Ва Парвардигори ту ба сӯи занбӯри асал илҳом фиристод, ки аз кӯҳҳо ва аз дарахтон ва аз он чи (мардум) бино мекунанд, хона бисоз! Сипас, аз ҳар мева бихӯр ва ба роҳҳои Парвардигори хеш ром шуда, равон шав! Аз шиками ин занбӯрон ошомидание бармеояд, ки рангҳои он гуногун аст; дар он (ошомиданӣ) барои мардум шифо аст. Ҳамоно дар ин бора барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд нишонаест".

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари илмии ПИТФИ 

 

 

барчасп: