ВАСФИ ВАТАН ДАР ШЕЪРИ МУОСИР

Васфи ватан яке аз мавзуъҳои меҳварии ашъори тамоми шоирону адибони дунё қаламдод мегардад. Бе муболиға метавон гуфт, ки шоирони ватандӯсту ватансаро баробари сарбозони шуҷоу далере, ки дар ҳифзу ҳимояи ватан мижа таҳ намекунанд, бо қаламфарсоӣ дар ҳимояи ватан ва тарғиби арзишҳои он устувору собит ҳаракат мекунанд. Ҳабиб Юсуфӣ ба ҳақиқат аз ҷумлаи шоирони ватансароси тоҷик аст, ки дар васфу аҳаммияти ватан чунин бинвишта:  

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама пештар «Ватан» гӯяд.

 

Ватане, ки шоир тасвир мекунад, муқаддас аст, ватанест, ки метавонад касро бахтиёр кунад, чун модар азизу меҳрубон ғамхор аст. Агар зарур шавад, ҷонашро барои ватан дареғ намедорад:

 

Ба роҳи ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

 

Гузашта аз ин, Ҳ. Юсуфӣ ватанро дар шеъри худ «Ишқи Ватан» — «модар», «ҷону ҷаҳон», «боғу бӯстон»-и худ номида, дар роҳи ҳифзи он ба ҷонфидоӣ омода буданашро бо дили аз муҳаббат саршор ва мисраъҳои оташбор тасвир кардааст.

 

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,

Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст.

 

Ифтихори шоир фақат аз ватани азиз аст:

 

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

 

Тараннуми ватан дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар алоқамандӣ ва тавъам бо рушди маҳорати эҷодии шоир падид омадаанд. Вай перомуни зебоии диёр ва муҳаббат ба он бо самимияту садоқати баланд шеърҳои зиёде гуфтааст. Паҳнои дили шоир фароху пурғунҷоиш буда, тавсифи ватан бо он ҳама бузургию шаҳомат, дарёву кӯҳсор, бешазору саҳроҳо ва марғзоронаш, шахсиятҳои бузургу фидокор ва сарбаландаш дар қалби шоир маъво гирифтаанд:

 

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

 

Мирзо Турсунзодаро метавон пешсафи шоирони ватансарои тоҷик номид. Дар эҷодиёти ӯ аз шеърҳои «Мамлакати тиллоӣ» (1938с.) ва «Оҳанрабо» (1939с.) то ашъори солҳои охир мафҳуми ватан дар тимсоли рӯдҳову кӯҳсор, чашмаву дараҳо, шаҳру деҳот, саҳрову биёбон ва кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон шахсиятҳои алоҳидаи кишвар, саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик қарор доштааст, ки чунин мазмунҳои тасвирӣ ба тақвияти ҳисси зебопарастии хонандагон мусоидат менамояд.

 

Ман намедонам чӣ сон тасвир созам бо сухан

Рангу бӯи беназири дилкашатро, эй Ватан?!

Гар чаман гӯям, надорад қимататро сад чаман,

Ростӣ, гаштӣ биҳишти бемисоли марду зан,

Хубият дилро кушода чун гулистон мекунад.

 

Дар назми солҳои охири садаҳои 20-у ибтидои 21-и тоҷик мавзуъҳои ватанхоҳӣ, бедории миллӣ, худшиносӣ, ахлоқӣ, накӯҳиши ҷанги бародаркӯш мавқеи марказӣ доштанд ва суханвароне чун М. Қаноат, А. Сафар, Л. Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор, Ҳ. Ғоиб, Гулназар, А. Муродӣ, М. Ғоиб, С. Айюбӣ ва дигарон ҳар кадом бо диди тоза ва услуби хосси эҷод мавзуъҳои мазкурро мавриди баррасии бадеӣ қарор медоданд.

Дар нимаи дуюми карни ХХ дар шеъри точик мавзуи меҳри ватан домани фарох касб намуда, соҳиби паҳлӯҳои тозаву нав гардид. Ватан, дар тасаввури шоири достонсарои тоҷик Муъмин Қаноат бо риштаҳои ноаёни гуногун бо фарзандон ба таври ҷовидона пайванд буда, ин гирудори мустаҳками муҳаббати диёрро ҳеч қуввае гусаста наметавонад.

Дар шеъри Бозор Собир бошад, ватан ва дарки он ҳам кулбаи падарӣ аст, дар деҳаи Суфиён, ҳам ноҳияи Файзобод, ҳам Тоҷикистон ва кулли минтақаи форсизабононро шоир ватани ачдодии худ медонад.

Шоир ба гузаштаи кишвараш назар меандӯзад, ҳолу аҳволи онро тасаввур мекунад ва аз шаҳомати он меболад. Бозор Собир ватанро бетаровату беранг дида наметавонад, балки онро воқеӣ, табиӣ ва рангоранг тасаввур менамояд. Тасвири мӯшикофонаи ватан дар шеъри «Тоҷикистон» ба мушоҳида мерасад:

 

Тоҷикистон. Тоҷикистон

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст...

 

Шоир намехоҳад, ки як зарраи хоки ватанаш Тоҷикистон кам шавад. Агар Лоиқ бо бурдани хоки Тоҷикистон кишварҳоро пайвастанӣ шавад, Б. Собир хоку обҳои ба кишварҳои дигар бурдаро баргардонида оварданист:

 

Ҳар куҷое рафтам аз оғуши ту,

Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,

Пои худро раҳ ба раҳ то сарҳадат,

Бар замин афшонда рафтам,

Аз паям то кам нагардад заррае хоки камат...

 

Гарчанде ҷангҳои шаҳрвандӣ муддате Бозор Собирро аз ватани аҷдодиаш дур партофта бошад ҳам ӯ ҳеҷ гоҳ он мавзее, ки хуни нофаш он ҷо рехтааст, дар он ҷое, ки ӯ ба камол расида, қалам ба даст гирифта шеър гуфтааст фаромуш карда наметавонад. Ӯ агаp ҷисман аз ватан дур афтода бошад ҳам рӯҳан бо ёди ватан буд. Баъди оворагардиҳои зиёде бо даъвати Пешвои миллат ба ватан баргашт ободиву пешравиҳои кишвару миллаташро дар замони истиқлол бо чашми худ дид, ба сарвари сулҳовару ватани гулгулшукуфонаш назар карда, бо меҳру сидқу вафо гуфт:

 

Дубора созамат ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту,

Ба устухони хештан.

 

Дар ҳақиқат шеъри дилрас ҳамеша хонандаи худро ёфта, тавассути образу тасвирҳои ҷолиби бадеӣ, диди тоза ва бозёфтҳои шоирона дар қалбҳо ҷойгузин мегардад.

 

Ман Ватанро соф бе шарҳу баён фаҳмидаам,

Аз пайи молу шамолаш раҳравон фаҳмидаам

Ман ба ӯ вобастаам ҳам бо қадам, ҳам бо қалам,

Подароҳашро агар гум мекунам, гум мешавам.

 

Шеъри устод шеъри истиқлол ва истиқлолхоҳист, чунки шоираш дар ҳар мавриде сарозоду вораста будааст. Баъди осори устод Айнӣ маҳз шеъри ӯ ва чанд шоири айнимарому айникалом буд, ки мардуми моро ба худшиносиву худогоҳии бештаре хонд, сафҳаҳои ҳассоси ғаму шодии халқамонро пеши назарҳо муҷассам намуд, ғуруру ифтихори миллӣ ёд дод. Ҳазорон ёду хотираҳо шоҳиданд, ки дар ҳама ҷои Тоҷикистон ва қаламрави бузурги забонамон чӣ гуна гарму самимӣ истиқболаш мекарданд! Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. Ҳамеша ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирӯзу имрӯзи Тоҷикисонро шеъри дилрасу монданӣ кард. Солҳои дуриаш аз ватан пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рӯ ба озодиву даст ба ободӣ ниҳода, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд. Шоири Тоҷикистон буд ӯ, шоири тоҷикон буд ва то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.

Лоиқ Шералӣ, ки аз шоирони маъруфи ин даврон ба ҳисоб мерафт дар бораи Ватан бо муҳаббати том сухан мегӯяд:

 

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар...

 

Қаҳрамони лирикии Лоиқ бо тамоми ҳиссиёт тақдири худро бо тақдири халқ пайваста, аз нигоҳи таърихӣ онро ба гузаштаву замони муосир алоқаманд месозад. Аз мисраъҳои зер оҳанги меҳри бадард ба гузаштаи халқ ба гӯш мерасад:

 

Тоҷикистон мазҳари мин,

Сарамани камзамин,

Ту саросар куҳсорӣ.

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз,

Ҳар куҷо рафтанд,

муште хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ,

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

 

Хулоса, аҳли қалам тавассути дилбохтагию фидокориҳои қаҳрамони ғиноӣ хонандаро дар руҳияи худшиносӣ тарбият карда, ҳиссиёти наҷиби меҳанпарастиро дар вуҷуди ӯ бедор месозанд ва қалби ӯро ба зиндагӣ, ба обу хоки ватан ва пайвастагиҳои он гарм менамоянд. Чунин усули тасвири ватанхоҳӣ ва эҳсоси ватандорӣ бозгӯи қувват гирифтани эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шеъри муосири тоҷик мебошад.

Мирзоев Саъдӣ

ходими калони

шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: