ХОТИРОТ АЗ АЙЁМИ ХИДМАТ ДАР САФФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ШУРАВӢ (ба муносибати 33-юмин солгарди Артиши миллӣ)

Соли 1984 баъди кушишҳои зиёде, ки мехостам актёр шавам ва ё рӯзноманигор, ба мақсад нарасидам, яъне аз имтиҳонҳои давлатии воридшавӣ нагузаштам. Ҳадаф аз интихоби чунин ихтисосҳо он набуд, ки ин вазифаҳо маоши баланд доштанд, балки аз ҳама маъруфтарин ихтисосҳои дунё маҳсуб меёфтанд. Бисёриҳо ҳарф мезананд, ки дар имтиҳонҳо хешутаборӣ ва ё шиносбозӣ набуд, сад дарсад хатои маҳз аст. Сараввал вақте ба шуъбаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон соли 1982 ҳуҷҷат супоридам, аз имтиҳони фанне ноком шудам, ки онро дар ягон макотиби таҳсилоти умумӣ дарс намегуфтанд ва новобаста аз ин ман дар образи муаллим – бе садо (маҳорат) фаъолияти худро нишон додам. Фақат эълон шуд, ки соати 14-и рӯз рӯйхати нафарони аз имтиҳонгузашта маълум мешавад. Агар ному насаби довталаб набошад пас он нафар аз имтиҳон нагузаштааст. Мутаассифона ному насаби ман дар он рӯйхат ҷой надошт.

Яке аз муаллимон пешниҳод намуд, ки агар хоҳед бе ягон талаботи зиёдатӣ метавонем шуморо ба факултаи китобдорӣ гузаронем. Рости гап он вақтҳо дар фикри ҷавонон китобхоначӣ шудан таън буд ва ман ҳам ба вай муаллим гуфтам, ки наход ман чор сол хонаму китобхоначӣ кор кунам. Хуллас қобили қабул надонистам. Баъди як сол бошад, яъне дар соли 1983 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридам. Дар таҳлил вақте ки диданд ки аз забони хориҷӣ баҳо надорам ҳуҷҷатҳои маро гардониданд. Дар шаҳодатномаи синфи 10 (аттестат)-и ман аз забони хориҷӣ баҳо набуд ва ҳамин сабаб шуд, ки ҳуҷҷатҳои маро қабул накарданд. 

Билохира бо пешниҳоди як нафар корчаллон, доно, маъруф ва боинсоф аз деҳаи худамон шодравон раҳматии Дайён ба ноҳияи Ёвон ба мардикорӣ сафар намудам. Аз аввал як моҳи пурра дар манбаи ҷамъоварии пахта (заготхлоппункт) дар самти «Ёвон-3» кору фаъолият доштам, ки маоши моҳонаам вобаста ба фаъолияти корӣ 450 рубли онвақтаро ташкил дод. Дар идома дар моҳи дуюмаш 24 рӯзи корӣ доштам, ки ба ман 900 рубл маош навиштанд. Бо каме зиёдтар аз 900 рубл автомашинаи жигулӣ ва ё “Москвич” харидан мумкин буд. Мақсад аз 24 рӯзи корӣ ҳарф задан он аст, ки пас аз як моҳу 24 рӯз падарам ба ҳамон ҷойи корам даъватномаи комиссариати ҳарбии ноҳияамонро оварда доду гуфт, ки – писарам, акнун бояд ба хидмати ҳарбӣ равӣ!

Баъдан дар рӯзи дигар аз ҷойи кор бо хоҳиши худам баромадаму аз ноҳияи Ёвон ба сӯи хона раҳсипор гаштам. Тибқи анъанот гӯсфандеро куштанду ҳаққу ҳамсоя, хешу табор ва рафиқонамро як пиёла чой додем. Ба шаҳри Душанбе фиристода шудем ва дар тақсимот мо 52 нафар наваскарон аз ноҳияи Ғарм (Рашти имрӯза. Он вақтҳо ноҳияи Тоҷикободи имрӯза ҳам ба ҳайати Ғарм шомил буд), ба шаҳри Архангельски собиқ давлати Шуравӣ фиристода шудем.

Хидмат дар саффи қувваҳои мусаллаҳ

Моҳи ноябри соли 1984 дар шаҳри Архангельск ба хидмат шуруъ намудам. Қаблан моро ба яке аз шаҳракҳои тобеи он Пуксоозеро ҷой доданд. Дар се моҳи хизмат ба мо тарзи итоат намудан, тирандозӣ ва дигар масоили марбут ба посбонии маҳбусонро омӯзониданд. Вақти тақсимоти сарбозон фаро расиду ман «мактаби сержантӣ»-ро интихоб намудам. Баъди таҳсили 6-моҳа дар қисми ҳарбии 65/71 ба гирифтани рутбаи «сержанти хурд» мушарраф гардидам.

Пасон маро ба ҷойи қаблии хидмат, яъне ба Пуксоозеро – қисми ҳарбии 65/13 фиристоданд ва «командири отделения» таъйин намуданд. Акнун, ки мо алакай нӯҳ моҳи хидматамон сипарӣ гардида буд, моро «черпак» меҳисобиданд, даъвати навро бошад-«салабон». Низом ҳамин буд, ки бояд салабон ба черпак итоат намояд. Марбут ба ҳамин муноқишаҳо зиёд мегардиданд. Новобаста аз ҳамаи ин ягон сарбоз, сержант ва ё прапорщик ҳуқуқи арзу шикоят намуданро надошт, ноҷавонмардӣ, хабаркашӣ, хислати пасти инсонӣ маҳсуб меёфт. Ин буд қонуни нонавишта байни хидматчиёни ҳарбӣ. Дар муноқишаҳо сарбозон ҷароҳатҳои гуногун мегирифтанд, вале касе нисбат ба касе шикоят намебурд. Агар ягон ҷурме дар рӯю бадани сарбоз дида шавад, сарбоз мегуфт, ки ғалтидам, рафиқашро намефурӯхт агарчанде, ки аз вай зарба хӯрда бошад. Имрӯз нафрати одам меояд ба бархе аз инсонҳо, ки хабаркаширо пешаи худ интихоб намудаанд.

Вақти таҳсил дар «мактаби сержантӣ» дар шаҳри Архангелск фаро расид. Бо тартиби муайян ҳар бегоҳ ба «наряд»-наряди шабонарӯзӣ 8-10 нафар сарбоз таъйин мегардиданд. Дар он ҷо сарбозоне адои хизмат доштанд, ки онҳоро «черпак» ва ё «дед» мегуфтанд, ки он аллакай якуним ё ду соли хидматро адо карда буданд.

Нафароне, ки ба наряд таъйин мегардиданд, то соати як- дуи шаб як-якуним тонна картошкаро (барои хӯроки се баталён) тоза менамуданд ва 12 адад дегҳои хӯрокпазӣ (котёл)-ро мешустанд. Дар чунин вақти шаб ҳама афсарон, сержантон ва роҳбарияти мактаб (ба истиснои наряди шабонарӯзӣ) дар истироҳат буданд. Нафароне, ки ба наряд таъйин мегардиданд, ҳамаашон огоҳ буданд, ки бо онҳо шабона аз набудани роҳбарият истифода менамоянду муносибати хуб намекунанд, барои он ки онҳо «салабонанд».

Акнун мушаххастар ҳарф занем, ҳамхидматонамро илтимос намудам, ки биёед якҷо муқобилият менамоем. Онҳо, яке бо номи Малцев аз Ҷумҳурии Украина ва дигаре аз Ҷумҳурии Қазоқистон буданд ва мо 3 нафар, ки таъйин гардидем қариб русиро намедонистем. Соат якуними шаб шуд ва аз як дарича (ҷойи доду гирифти воситаҳои хӯрокпазӣ) як нафар ба тарафи ман ишора намуд, ки ба пешаш равам. Ман ба пеши ӯ рафтам, пурсид, ки тоҷикӣ ё ӯзбек?

 

Ман гуфтам, ки тоҷик ва ӯ дигар чизе нагуфту даричаро пӯшид. Ман нисбат ба дигар ҳамхидматон (дар наряд) бузургҷусса менамудам, аз ин сабаб буд, ки аввал маро ҷеғ зада тарсониданӣ шуданд. Ҳамин тариқ, аз дигар дари даромад, ҳашт нафар ворид шуданду ҳар якеро тасма ба дасташ буд. Яке аз онҳо истакони алюминии чойнӯширо, ки барои сарбозон ба рӯйи миз мегузоштанд, ба тасмааш печонида чунон ба пушти ман зад, ки дар ҳаётам бори аввал чунин дардро эҳсос намудам. Дигараш як шаппотӣ ба рӯям зад ва сеюмӣ як мушт ба тарафи рости баданам зад. Ҳамхидматони ман касе аз ҷояш нахест, ягон умеде нашуд, ҳама тарсиданд. Онҳо ҳашт нафар буданду мо се нафар. Ман сарпӯши яке аз кастрюлро, ки зеридаст буд гирифтаму, ба тарафи онҳо гуфтам, ки «ты умираеш или я», дигар русӣ намедонистам. Онҳо ханда карда, дигар кордор нашуданд ва он нафарони дигар, ки ҳамхизмати ман буданд як-як мушту лагад хӯрданд.

Ҳамин тавр, таҳсил дар чунин муассисаҳои ҳарбӣ беҳад мушкил буд, монанди оне, ки русҳо мегӯянд, «тяжело в учение-легко в бою» ва ҳамаи ин мушкилиҳо дар асл дарси ҳаёт, ҳалкунандаи мушкилот ва монанди он буд. Масалан, барои хӯрок хӯрдан ҳамагӣ 10 дақиқа пешбинӣ шуда буд, вале баъди 6-7 дақиқа фармон мешуд, ки хӯрокхӯрӣ ба охир расид ва фурсат барои ягон чиз намеёфтӣ. Баъзе аз сарбозон дар рӯзҳои аввал ҳануз нанишаста, фармони хестан мешуд, сарбоз бе хӯроки нисфирӯзӣ мемонд, агар дар кисааш як буридаи нон аз болои дастархон мегирифт ва ба даст меғалтид азоби аз ҳама сангинро дучор мешуд ва ба наряди шабонарӯзӣ маҳкум мегардид.

Чизи дигаре, ки ҳеҷ аз ёдам намеравад, дар ҳафта ду маротиба машқи давидан ба масофаи 5-6 км анҷом дода мешуд, қариб ба ҳар як сарбоз як адад радиостансияи тамғаи «Р-105» медоданд, яъне дар дав мушкилӣ эҷод менамуданд. Дар ҳолате, ки сарбоз даҳ қадам қафо мемонд, тамоми ротаро (100-150 нафар) ба қафо мегардониданд, нафаре, ки қафо монда буд, онро нафарони дигар як мезаданд ё даст қатӣ мехалонданд. Дар баъзе ҳолатҳо сарбози қафомонда гиря мекард, меғалтид, қувваташ намерасид, вале касе ба назар намегирифт. «Як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас» гуфта, шиори ҳарбӣ аз ҷониби фармондеҳ бонг мезад.

 Имрӯз он рӯзҳоро ба ёд оварда, ба хулосе омадам, ки ҳамаи ин лозим буд, мактаби ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, сабр доштан, гурӯсна мондан, ки ҳамааш тобовар сохтани  сарбоз ба мушкилиҳо буд, дарси ҳаёт будаанд.  

Ҳар моҳ ё баъзан дар се моҳ як-ду маротиба машқи ҳарбии умумӣ гузаронида мешуд; машқ чунин буд: соати 05-06-и пагоҳӣ ҳамаро бо эълони “Бонги хатар” аз хоб мехезониданд. Баъди саф оростан эълон менамуданд, ки нафаре чанд аз ҷинояткорон аз маҳбас гурехтаанд ва бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин дастгирашон кунем. Ҳар як сарбоз бо масофаи байнашон 5-10 метр ба кофтукоби онҳо (ҷинояткорон) дар ҷангалзор шуруъ менамуд. Дар ёдам ҳаст, ки бори аввал дар чунин машқ иштирок намудаму вақте монда шудам таги дарахте бо пушт худамро партофта, истироҳат мекардам ва ногаҳон ба чашмам расид, ки ду мӯзаи «керзӣ», дар қисми болоии дарахт овезон аст, гумон бурдам, ки яке аз он маҳбусони гурехта аст. Ба касе чизе нагуфта, ба назди командири отделения омадам ва бо ишора ӯро фаҳмондам, ки яке аз ҷинояткорон ба дарахт баромада пинҳон гаштааст. Командирамон ҳамзамон яроқашро ба тарафи болои дарахт, ки ҷинояткор он ҷой менишаст, гардонида, бо фармон ӯро маҷбур сохт ба поён фарояд. Дастони ӯро ба пушташ бо тасмачаи махсус баста ба қисми ҳарбӣ бурданд. Дар ҷамъбасти машқ ба ман барои дастгир намудани яке аз ҷинояткорон, ҳамчун сарбози шуҷоу далер «раҳматнома» тақдим намуданд. Баъд аз итмоми ин амалиёт фаҳмидем, ки ҳамаи ин сохтакорӣ, яъне тамрин будааст.

Ҷавонписар, ки аз ин имтиҳони ҳаёт мегузашт, дар баробари пурқувват гардиданаш боз эҳтироми калонсол, эҳтироми рафиқ ва монанди инро дар мағзи худ ҷой мекард. Ҳифзи ватан барояш муқаддас буд. Тарбия чунин пеш мерафт, ки сарбоз барои ватан ҷонашро дареғ намедошт. Хислати мардонагӣ меомӯхт, эҳтироми роҳбар ва иҷрои чорабиниҳоро ҳама бо як мақсад иҷро мекарданд.

33-юмин солгарди Артиши миллӣ муборак бошад!

Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,

Мудири шуъбаи фарҳанг

ва саъатшиносӣ

барчасп: