ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Бо ташаббус ва иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расид, ки ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳдо гардид.

Мавриди зикр аст, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои “Шоҳнома” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: "Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома", ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт".

Президенти кишвар аз мавзуъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳаммияти бузург бархӯрдоранд.

Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози "Шоҳнома" ниёзи бештар дорем.

Бояд ёдрас шуд, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров - "Тоҷикон" ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.

“Шоҳнома” на танҳо асари таърихию қаҳрамонист. Дар он ғояҳои муҳими ватандӯстӣ, тарбиявӣ гирдоварӣ шудаанд, ки метавонанд дар таълиму тарбияи инсон ба таври муассир истифода шаванд. Дар “Шоҳнома” ватан на танҳо як сарзамин, балки рамзи номус, шараф, озодӣ ва ҳастии миллат аст. Муҳаббат ба ватан, ҳифзи он ва ваҳдати мардум паёми асосии ин асари ҷовидона мебошад. Дар «Шоҳнома» ватан волотарин неъмат шумурда мешавад. Қаҳрамонон барои ҳифзи он ҷони худро дареғ намедоранд.

 

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

 Муҳаббат ба ватан, ҳифзи марзу бум ва истиқлол рамзи мардонагӣ ва шараф аст. Шахсиятҳои ҳамосӣ чун Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Сиёвуш, Тӯс ва дигарон барои ҳифзи Эрон аз душманон мубориза мебурданд. Ҷангҳои Эрону Турон пеш аз ҳама ҷанги дифоъ аз ватан мебошанд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ саршор аз абёти ҳамосӣ дар ишқ ба ватан аст, ки авҷи он дар ин байт таҷаллӣ ёфтааст:

 

Дареғ аст, ки Эрон вайрон шавад,

Куноми палангону шерон шавад.

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Бад-ин буму бар зинда як тан мабод.

 

Байти дувум таъкид бар фидо кардани ҷон барои кишвар, пойдорӣ ва дифоъ аз он, яъне ба баҳои ҷон ҳифзи марзу буми ватан аст.

Шоир далерию нотарсӣ, ҷонфидоию қаҳрамониро дар ҳифзи марзу буми ватан тавсиф намуда, таъкид мекунад:

 

Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,

Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.

 

Фирдавсӣ сипоҳиён, яъне мудофиони ватанро  ба далерию нотарсӣ, ҳушмандиву зиракӣ ва чобукию тавонмандӣ даъват намуда, мегӯяд:

 

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

 

Дар «Шоҳнома» ватан на танҳо як сарзамин, балки рамзи номус, шараф, озодӣ ва ҳастии миллат аст. Муҳаббат ба ватан, ҳифзи он ва ваҳдати мардум паёми асосии ин асари ҷовидона мебошад.

Имрӯз мо шоҳиди онем, ки вазъияти ҷаҳони муосир хеле муташанниҷ аст. Бахусус абарқудратҳо ба умури дохилии баъзе аз давлатҳо дахолат намуда, бо аслиҳаи навтарин таҳдид ба ҷанг доранд.

Фирдавсӣ ҷангро қотеона маҳкум мекунад. Ӯ онро воситаи мақбули ҳалли низоъҳо намедонад. Шоир сулҳро васф мекунад ва бародаркуширо бо кадом ҳадафе, ки набошад, мавриди накуҳиш қарор медиҳад:

 

Бародаркушӣ аз пайи тоҷу тахт,

Нахонад туро некдилу некбахт.

 

Шоир илму дониш ва хирадро меситояд ва таъкид мекунад:

 

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Ба дониш бувад мардро обрӯй,

Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.

 

Мунаввар САФАРОВ,

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

барчасп: