Имрӯз таҳти ин мавзуъ дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Артиши миллӣ ҳамоиши илмӣ дар доираи мизи мудаввар бо иштироки олимону донишмандон ва коршиносон баргузор карда шуд. Нишастро номзади илмҳои филологӣ, директори пажуҳишгоҳ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким кушода эълон намуда, бо суханони муқаддимавии худ ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. Номбурда аз фурсати муносиб истифода намуда, доир ба аҳаммияту зарурат, нақш ва раванди таъсисёбии чунин як артиши мукаммал ва пуриқтидор сухан гуфт.
Сипас Аминзода Абдулфаттоҳ сухани табрикотиро ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шамсзода Саидалӣ Сафар дод. Мавсуф сараввал ҳозиринро бо солгарди Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, бурдбориҳо таманно намуд. Ҳамзамон вобаста ба аҳаммияти Артиш сухан намуда, аз рӯзҳои таъсисёбии он ёдовар гардид. Махсусан андешаҳои созанда ва пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллатро, ки доир ба таъсисёбии Артиши миллӣ гуфтаанд, зикр намуд. Эшон таъкид варзид, ки нақши аҳли фарҳангу маориф низ дар ҳифзу ҳимояи ватан баробари сарбозони саффи Қувваҳои Мусаллаҳ меистад. Онҳо метавонанд бо қалам, фикру андеша ва ғояҳои ватандӯстона тафаккури мардумро дигар намоянд ва ба зиддӣ хатарҳои замони муосир муборизаи беамон баранд.
Баъдан ба қисмати асосии барнома гузашта, сухан ба мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии пажуҳишгоҳ Абдуллоев Шамсуддин дода шуд, ки мавсуф дар мавзуи “Артиши миллӣ – мактаби матонату шуҷоат" маъруза ироа кард. Дар маъруза бештар аз нақши созандаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар суботу амнияти ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи матонату шуҷоат, ҷасорату тавонмандӣ, ҳувияту худшиносӣ, муҳаббату самимият нисбати ватан ва муҳофизати он сухан гуфта шуд. Сарбозони далеру шуҷое, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми ватан ба таври шабонарӯзӣ мижа таҳ намекунанд, соҳиби аҷру подоши бениҳоят баланд мебошанд.
Ҳаминтавр ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии пажуҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Табаров Нурулло ба минбар баромада, дар мавзуи “Артиши миллӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар” маъруза хонд. Мавсуф кушиш ба харҷ дод, то нақш ва аҳаммияти Артишро дар амнияту субот, устувории аркони давлат ва ҳифзи марзу буми он аз газанди бадхоҳону нотавонбинон нишон бидиҳад. Аз суханони Табаров Нурулло дарк гардид, ки Артиши миллӣ, ки тавъам бо ба даст овардани истиқлолият ва ошубҳои дохилӣ, дар замони басо мураккаб ва хатарзо таъсис гардид, мартабаи онро ба раддаи дастовардҳои бузурги замони истиқлол мерасонад. Сҳиб набудан ба чунин як артиши соҳибқудрат, ин маънои мавҷуд будани хатарҳои бузургро дошта, хоссатан истиқлолияти кишвар бидуни он дар мавриди хатар қарор мегирад.
Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ, шоири ширинкалом Мирзоев Саъдӣ низ дар мавзуи “Васфи ватан дар назми тоҷик” маъруза ироа кард. Номбурда сухани худро бо қироати шеърҳои ватандӯстона оғоз намуда, таъкид варзид, ки аз шоирони классики тоҷик шуруъ гардида, то шоирони муосир васфи ватанро мавзуи калидии эҷодиёти худ қарор додаанд. Моҳияти ватан дар маркази таваҷҷуҳи шоирон қарор дошта, бо шеърҳои ҳадафрасу оташини худ пайваста мардумро ба ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва муҳаббати он ташвиқу тарғиб намудаанд. Ӯ чанд пора ашъори тозаэҷоди худ, ашъори Бозор Собир ва Муъмин Қаноатро, ки ба мавзуи ватандӯстию меҳанпарстӣ бахшида шудаанд, қироат намуд ва мавриди таҳлилу тафсир қарор дод.
Мушобеҳ ба ин мавзуъ ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии пажуҳишгоҳ Мунаввари Сафар маърузаи дигареро таҳти унвони “Ғояҳои ватандӯстӣ дар “Шоҳномаи Фирдавсӣ” ироа намуд. Мавсуф дар суханронии худ таъкид варзид, ки дар “Шоҳнома” ғояҳои муҳими ватандӯстӣ, тарбиявӣ гирдоварӣ шудаанд, ки метавонанд дар таълиму тарбияи инсон ба таври муассир истифода шаванд. Дар «Шоҳнома» ватан на танҳо як сарзамин, балки рамзи номус, шараф, озодӣ ва ҳастии миллат аст. Муҳаббат ба ватан, ҳифзи он ва ваҳдати мардум паёми асосии ин асари ҷовидона мебошад. Дар «Шоҳнома» ватан волотарин неъмат шумурда мешавад. Чунки қаҳрамонон барои ҳифзи он ҷони худро дареғ намедоранд.
Ҳаминтариқ дар қисмати музокираҳо ходими пешбари илмии шуъбаи ахбори омма ва табъу нашри пажуҳишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ профессор Муродӣ Мурод, ходими пешбари шуъбаи фаъолияти китобдории пажуҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Комилзода Шариф, муовини директори пажуҳишгоҳ оид ба корҳои методӣ, номзади илмҳои филологӣ Каримова Гулзира фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, вобаста ба раванди баргузории ҳамоиш, муҳтавои маърузаҳо ва рушду таҳаввули қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Исоев Қ, котиби илмии ПИТФИ



