Фарҳанги миллӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастӣ ва пойдории давлату миллат аст. Ин фарҳанги оламшумул на танҳо мероси таърихии гузаштагони мо, балки унсури асосии худшиносиву худогоҳии имрӯза ва оинаи равшани ояндаи миллат ба шумор меравад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ки решааш аз қаъри қарнҳо срчашма мегирад, имрӯз ҳам афзалияти худро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон собит намудааст.
Дирӯзи фарҳанги миллӣ гувоҳи равшани таърихи пурғановати ниёгони мост. Осори хаттӣ, адабиёт, забони модарӣ, суннатҳои мардумӣ, расму ойинҳо, санъату меъморӣ ва ҷаҳонбинии аҷдодӣ дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфта, ба миллати тамаддунофари тоҷик симои хоси маънавӣ бахшидаанд. Дар ҳар давраи таърихӣ фарҳанг ҳамчун омили муқовимат ва нигаҳдорандаи ҳастии миллат амал кардааст. Барои ҳамин рӯзгоре, ки гузаштагони мо тай намудаанд, сарчашмаи ибрат ва ифтихор барои имрӯз ва фардои мост.
Имрӯзи фарҳанги миллӣ бар заминаи таҷрибаи ғании таърихӣ ва дастовардҳои илму техникаи муосир рушд мекунад. Дар даврони истиқлолият бо иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, эҳё гардид.
9 сентябри соли 1991 кишвари азизи мо Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Маҳз дар иҷлосияи тақдирсози XIV-ум Пешвои муаззами миллат қайд намуда буданд:“Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст”.
Тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи мавҷудияташ ба миллати куҳанбунёди тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид намудааст. Лекин ин миллат тавассути хиради волои фарзона фарзандони фидоиаш тавонист дар арсаи таърих алорағми душманон аз маҳвшавӣ наҷот ёбад, ба истиқлолияти дурахшони имрӯзааш расад.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг таваҷҷуҳи хоса дошта ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти рӯзмарра мебошад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамалакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯи зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида мавқеи арзишманде касб кард.
Мусаллам аст, ки падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Фарҳанги ориёӣ, ки мо яке аз меросдорони асили он ҳастем, ба башарият китоби муқаддаси “Авасто” ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намудааст. Фарҳанги аҷдодии мо бо шиори фарогир ва боарзиши “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзую омоли инсониятро ҳакимонаю орифона ифода намудааст. Ин суханони пурҳикмат на барои як қавму миллат, балки барои ташаккули афкору рафтори аҳли башар хидмат намудааст. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта ба ганҷинаи тамаддуни башарият Зардушту Монӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯали Синову Носири Хисрав, Шайх Аттору Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаҳанги миллӣ ин суннатҳои мусиқии аҷдодӣ мебошад, ки бо шоҳкориҳои безаволи худ дар рушди тамаддуни умумибашарӣ нақши боризе дорад. Халқи тоҷик дорои мусиқии суннатии нотакрори хеш буда, бо ҳунару эҷоди устодони забардаст аз қабили Борбади Марвазиву Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Иброҳими Мавсиливу Котибии Хоразмӣ, Абӯнасри Форобиву Ибни Сино, Сафиуддини Урмавию, Қутбиддини Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавию Абдураҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороиву Дарвешалии Чангӣ ва ҳазорони дигар комил гашта дар арсаи олам муаррифӣ гардидааст. Пайваста ба ин мусиқии ҷаҳонгир ғазалҳои нобу каломи мавзуни шоирони мо Рӯдакию Низомӣ, Хусраву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Ҳилолию Бедил, Соибу Сайидо, Ҳайрату Шоҳин ва дигарон бо силсиланавоҳои он чун ҷону тан ба ҳам пайвастаанд.
Мусиқии суннатии тоҷик дар масири таърих тавассути мактаби “устод-шогирд” таълим дода шуда, аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст. Дар ин сайри таърихӣ латофату назокаташро ташаккул дода, шӯҳратёр гаштааст. Дар мазмуни ин асарҳои безаволи мусиқӣ ҳам рӯҳияи шодию ҳам андӯҳ ва инчунин, сарнавишти рӯзгори мардум танинандоз гардидааст.
“Барномаи давлатии рушди мусиқии шашмақом, фалак ва мактаби суннатии “ устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ба рушди мусиқии суннатӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ин иқдом бо мақсади эҳёву ҳифзи мероси мусиқии асили тоҷик, нигоҳдошти суннатҳои маънавии тоҷикон, ба монанди “Шашмақом” ва “Фалак”, ки яке аз самараҳои шоҳкории башарият пазируфта шудааст, расман эътибори худро пайдо намуд.
Баҳри рушд намудани мусиқии суннатӣ, сарвари давлат ба ҳар як жанри суннатӣ мақоми давлатӣ доданд, ки аз арҷгузорию фарҳангпарварии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр “ Рӯзи Фалак” эълон карда шуд. Инчунин дар Кумитаи радио ва Телевизиони Тоҷикистон ансамбли “Фалак” таъсис дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи мусиқии суннатии фалак нақши беандоза мегузорад.
12-уми майи соли 2000 бо фармони Президенти кишвар бо мақсади эҳё ва таъмини минбаъдаи рушди нодиртарин жанри мусиқии классикӣ- Шашмақом мақоми давлатӣ гирифт.
Ин иқдом баҳри рушду нумуи ин шоҳасари мусиқии аҷдодӣ замина гузошт. Ба ғайр аз ин, дар партави ин фармон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик низ мақоми давлатӣ ва ба ансамбл номи устоди бузурги “Шашмақом” Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.
Шоҳасари гаронқиммати мусиқии анъанавии устодонаи халқи тоҷик “Шашмақом” бо шукӯҳу латофату назокату ҷалоли ғоявиаш дар радифи “Шоҳнома”– и безаволи Фирдавсӣ, “Маснави”- и маънавии Мавлавӣ, ғазалиёти ноби Саъдиву Ҳофиз ва дигар шоҳкориҳои адабиёти ҳазорсолаву пурғановати классикии мардуми тоҷик ҷой дошта, дар хазинаи бои фарҳанги мо маскан гирифтааст.
“Шашмақом” асос ва қуллаи баландтарини фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд аз умқи асрҳо то ба имрӯз расидааст. Ин шоҳасари мусиқии классикии тоҷикон падидаи нодир буда бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву маънавии аҳли башар ҳамбастагӣ дорад. Ба ин санъати волои аҷдодӣ дар симпозиумҳои байналмилалии мусиқишиносони мамолики гуногун ба монади Салоҳ-ал-Маҳдӣ (Тунис), доктор Анна Чикановска (Лаҳистон), Абдулкарим Қорӣ (Алҷазоир), композитор Андрей Шпай ва доктори илмҳои санъатшиносӣ В. С. Виноградов (Москва), Ангелика Юнг ( Олмон), Ж. И Бадраа (Муғулистон) баҳои сазовор додаанд.
Соли 2003 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО “Шашмақомро”-ро шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд. Ин шарофати бузург уфуқҳои наверо баҳри рушди мусиқии орифонаи суннатии тоҷик боз намуд ва дар тамоми манотиқи кишвар ансамблҳои мақомсароиву сурудҳои халқию фалаксарои таъсис дода шуданд, ки дар замони истиқлолият самараҳои хуб ба даст оварданд
28-октябри соли 2023 таҳти №504 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2024-2028 қабул гардид, ки Шашмақому Фалакро, дар замони муосир тақвият бахшид ва истеъдодоҳои ҷавони умедбахш рӯи саҳнаи ҳунар омаданд.
Ин воқеаҳои таърихӣ аз он далолат медиҳанд, ки жанрҳои мусиқии суннатии мо дар ҳимоя ва ғамхории ҳукумат қарор гирифт ва масоили таълиму таҳиқиқи он таҳти назорати масъулин ва олимони соҳа гирифта шуд. Бо ин васила марҳилаи паҳуҳиши илмӣ, таҳқиқу таҳлили ҳамаҷонибаи мусиқии суннатӣ ва тақвият бахшидани услуби таълимии мактаби суннатии устод- шогирд мавқеи худро гузошт. Соли 2003 дар Душанбе нахустин Академияи мақом бо ибтикори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов таъсис дода шуд, ки барои рушди мақомсароии тоҷик такони ҷиддӣ бахшид. Ташкил ва баргузории симпозиумҳо байни сарояндагони кишварҳои гуногун ба як анъанаи доимӣ табдил ёфт.
Соли 2010 жанри миллии Фалак мақоми давлатӣ гирифт ва ҳамасола санаи 10-уми октябр дар саросари кишвар Рӯзи Фалак бо тантана ҷашан гирифта мешавад.
Илова бар ин дар асоси мақоми давлатӣ гирифтани мусиқии суннатии тоҷик дар муассисаҳои умумӣ ва олии касбӣ шӯъбаҳои сарояндагии халқӣ кушода шуд, ки дар он ду бахш фаъолият менамуданд: бахши мақом ва фалак. Мақсад ва ташкил намудани шуъба дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби мусиқии суннатӣ мебошад.
Дар ин раванд ба ғайр аз жанрҳои мусиқии ҳирфавӣ, боз дигар жанрҳои мусиқии мардумӣ, аз ҷумла, суруд ва мусиқии маросимӣ, ки аз ҷониби худи халқ эҷод шудааст эҳёву рушд намуд. Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки санъати мусиқӣ ва жанрҳои гуногуни он рӯз то рӯз бо навъҳои тоза ба тоза афзун меёбад, мукаммал мегардад ва ҳамчун оинаи рӯҳияи мардум, ба оммаи васеи мардум армуғон мегардад. Солҳои 2019- 2021 бо ташаббуси бевосита Пешвои муаззами миллат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин тадбир боз як такони ҷиддӣ барои пешрафт ва инкишофи фарҳанги миллат ва санъати халқи тоҷик бахшид.
Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик пурғановат буда аз умқи асрҳо бо таровату нафосаташ тавассути фарзона фарзандонаш рушд намуда, такомул ёфта то замони мо интиқол ёфтааст. Ин сарвати бебаҳоҳоро метавон сутуд, бо он ифтихор намуд ва омӯхту муаррифӣ кард. Моро зарур аст, ки дар ин раванд пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Зеро Ҷаноби олӣ, эҳёгару меъмори миллати тоҷик, ҳимоятгар ва муаррифкунандаи фарҳангу санъати тоҷик мебошад.
Бояд зикр намуд, ки танҳо бо ифтихор намудан рушд бахшидани фарҳанги миллӣ, ба хусус мусиқии суннатӣ муроде ҳосил намегардад. Баҳри рушди ҳамаҷонибаи мусиқии суннатӣ мебояд масоили таълими он дар ҳама муассисаҳои таълимӣ вобаста ба талаботи замони нав ба роҳ монда шавад.
Ходими калони илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ
Раҳимов Билолиддин

