ВАШГИРДИ БОСТОН (Файзобод) дар ривоятҳои мардумӣ

Қалъаи Сангини қадим имрӯз фақат дар ҳофизаи таърих монда... Ин қалъаи аз хоку санг биноёфта, ки дар васат, самтҳои шимолу шарқ ва ҷанубии он се теппаи баланд қомат афрохтааст, ҳамчун ёдгории гузаштаи аҷдодон ҳанӯз боқист ва макони муқаддасу сеҳрноке маҳсуб мегардад. Дар ин ҷо ҳама чиз: теппаҳои баланди аз сангу хок қадкашидаи боазамат, пойгоҳи хамвори байни онҳо, ки аз сатҳи муқаррарии замин хеле баланд воқеъ гардидааст, мазори Хоҷа Ҳотам Асами Балхӣ, ки бо тарҳи меъмории худ дар Тоҷикистони ҷанубӣ камназир аст, гӯристон, сангҳои мухталифи дорои навиштаҷоти гуногуни арабӣ, боқимондаҳои шаҳру девору дарвозаҳои ба хок яксоншуда, ҳамагӣ дар зери харобаҳо маҳфузанд. Ривоятҳо дар бораи ин мавзеъ аз беҳтарин ёддоштҳоеанд, ки дар хотираи мардуми ин маҳал боқӣ мондаанд.

Ривоятҳо роҷеъ ба шаҳри қадимии Вашгирд будани Қалъаи Сангин ва ҳазорҳо сол пеш дар замони Фаридун сохта шудани он ба ин харобаҳои бостонӣ пайванди ногусастание доранд.

Ривояти аввал: Сохтмони Вашгирд

Қалъаи Сангин, ки замоне маркази вилояти Вашгирд будааст, дар миёни паҳнои водии Файзобод воқеъ мебошад. Қалъаи аз хоку санг биноёфта зиёда аз 100 гектар масоҳат дошта, дар самтҳои шимолу шарқ ва ҷанубии он се теппаи баланд қомат афрохтаанд. Теппаҳои мураббаъшакли боазамати он бо сохтмони мақбараи Ҳоҷа Ҳотами Асами Балхӣ, бо паҳнои ҳамвор, бо гӯристону навиштаҷотҳои гуногун, бо харобаҳои тарҳи девору дарвозаҳо, бо чашмаҳо ва боқимондаҳои қубурҳои сафолин, бо сафолпораҳо, бо асбобҳои сафолину оҳанию мисӣ, ба сиккаҳо ва ҳайкалчаҳои буддоӣ, ки гоҳе ба ҳукми тасодуф ва ё таҳқиқи муқаддамотии бостоншиносон пайдо карда шудаанд, бисьёр ҷолиб буда, аз гузаштаи дури ин шаҳри бостонӣ дарак медиҳанд.

Аз тарафи шарқу ҷануби қалъа дарёчаи Элок ва аз самти шимолу ғарбии он наҳри Оби Лояк гузашта, ба Элок ҳамроҳ мешавад. Дар қисмати ғарбии қалъа деҳаи Ҷонварсӯз ва дар тарафи шарқии он деҳаи Сари Чашма ҷой гирифтааст.

Доир ба Қалъаи Сангин мардуми ин маҳал ривоятҳои зиёде доранд. Яке аз он ривоятҳо шаҳри бостонии Вошҷурд (шакли арабишудаи  Вашгирд) будани Қалъаи Сангин ва аз тарафи шоҳи одилу хайрхоҳ ва некӯкору халқпарвар – Фаридун сохта шудани он мебошад.

Шоҳаншоҳи муқтадиру тавоно, Фаридун, ки замона дар ҳукми иродаи ӯ буд, барои ба ҷаҳониён намоиш додани иқтидор ва шукуҳу шаҳомати салтанат, боз ҳам мустаҳкамтару пойдортар намудани кишвар ва муҳофизати халқу устувории ҳукумат фармон медиҳад, ки дар миёни водии Вашгирд пойтахт ва дижи ӯ бунёд гардад. Вузаро ва дигар  аркони давлат ба машварат пардохта, беҳтарин ҳунармандону косибони оламро ҷамъ  меоранд. Тамоми халқ барои сохтани қалъа сафарбар мешавад. Ҳамин тавр, дар болои теппаи баланди ҷанубӣ дижи шоҳӣ сохта мешавад, ки бо зебоии худ дар олам назир надошт. Баробари ба анҷом расидани сохтмони қалъа дар пойгоҳи он растаҳою дӯконҳои косибону тоҷирони шаҳр ҷой мегиранд. Вашгирд рӯ ба ободӣ ниҳода, овозаи бунёди қалъа ва қасри беназири шоҳӣ ва ободониву зебоии он ба атрофу акнофи олам паҳн мегардад.

Ривояти дуввум: Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар Вашгирд

Шоҳаншоҳи Вашгирд Фаридун баъд аз он, ки барои малика ва шоҳдухтар қасрҳо бунёд мекунад, фармон медиҳад, ки фаро расидани айёми баҳор, яъне Наврӯз таҷлил гардад.,

Чопарони тезрав фармонро ба тамоми мардум эълон карда, даъватномаҳои шоҳро ба шаҳру вилоёт  ва мамолики Шому Чағониён , Рашту Кумед, Бадахшону Хатлон, Қубодиёну Тирмиз, Балху Зобулистон, Бухорову Самарқанд, Хуросону Мозандарон ва Исфаҳону Нишопур бурда, донишмандону суханварон, навозандагону овозхонон, ҳунармандону паҳлавонони номиро барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба Вашгирд давъат менамоянд. Бо фаро расидани Наврӯз шоҳи Вашгирд – Фаридуни номвар дари хизонаро кушода, ба тамоми мардум инъомҳо бахшида, асиронро озод ва халқро бо шодиву нишот ҳидоят мекунад.

Одамон дар тамоми гӯшаю канорҳои вилоят гулханҳо афрӯхта, ба айшу тараб мепардозанд. Дар ҳама ҷо шӯру валвала, савту навои навозандагону овозхонон баланд мешавад. Ошиқони дилдода ба ҳам розу ниёз мегӯянд. Саворони чобук ва паҳлавонони сахтчангол майдондорӣ мекунанд.

Шоҳаншоҳ меҳмонони арҷмандро дар қасри бошукӯҳи хос ҷой медиҳад. Баробари аркони давлат ва меҳмонон дар ин ҷашн беҳтарин суханварону донишмандон, навозандагону хонандагон, гӯяндагону масхарабозон, раққосону ҳунармандон ва сипоҳиёни номдор иштирок мекунанд. Шоҳаншоҳи Вашгирд тамоми сафирон ва аҳли маҳфилро бо фаро расидани айёми Наврӯз табрик мегӯяд. Меҳмонон низ дар навбати худ номаҳои табрикӣ ва таҳниятии худро ба ӯ арз намуда, бақо ва пойдории салтанаташро орзӯ мекунанд. Соқиёни моҳталъати ёқутлаб, ки бо оростагию перостагӣ ва ҷамолу камоли худ дилҳоро мусаххар менамуданд, ҷомҳои заррини аз шароби кӯҳан лабрезро бо ҳазор карашмаю нози дилфиреб ва адоҳои ширин ба аҳли маҷлис пешкаш менамоянд.

Базми шоҳона аз нури қандилҳо ва ҷамоли зебосанамони фариштахисол чун рӯзи равшан аст. Суханварон бо ашъору мадоеҳи наврӯзӣ, навозандагон бо созу навои рӯҳафзо, раққосон бо рақсҳои дилфиреб, масхарабозон бо шӯхию мазҳакаҳои ширин ҷашнро боз ҳам бошукӯҳтар ва масарратбахштар месозанд. Шоҳаншоҳ дар интиҳои ҳар ҳунарнамоӣ аҳли он шуғлро бо дурру марворид ва ҷавоҳироти гаронбаҳо сарафроз мекунад. Базм то субҳидам давом мекунад. Рӯзҳои дигар бо навбат дар майдони васеъи назди қалъа, ки аз нафаси ҳаётбахши баҳор бо сабзаву гулҳо пӯшида гашта буд, мусобиқаи чобуксаворону тирандозон, чавгонбозону гуштигирон, дорбозону ҳунармандон ва говҷангу хурусҷанг тартиб карда мешавад.

Шоҳаншоҳ бо тамоми аркони давлат ва маликаву шоҳдухт дар тамоми ин ҳунарнамоиҳо чун тамошобин ва ҳакам иштирок намуда, беҳтарин паҳлавонону ҳунармандонро бо лутфу марҳамати шоҳӣ сарафроз месозад.  Баъд аз ду ҳафта  дар базми охирин, шоҳ маҷлиси тараб ороста, тамоми меҳмонону сафиронро, ки акнун майли ба шаҳру давлату мамолики худ баргаштанро доштанд, бо иззату икроми зиёд пазироӣ карда, иҷозат медиҳад, ки ба Ватани худ баргарданд. Онҳо баъди бозгашт ба Ватан овозаи шукуҳи салтанат ва базму сури наврӯзии Вашгирдро ба тамоми дунё мерасонанд. 

Ривояти саввум: Ганҷи Фаридун

Саворе ҳангоми говгум аз деҳаи Дарагиён ба тарафи деҳи Файзобод мерафтааст. Вақте ки ба назди теппақалъаи ҷанубии Қалъаи Сангин мерасад, дарвозаи калони бозеро мебинад. Фикр мекунад, ки рӯз бегоҳ шудааст, беҳтар аст, ба ҳамин ҷо ворид шуда, шабро рӯз кунад. Баробари аз дарвоза даромадан худро дар ганҷинае мебинад, ки ҳама ҷо хирворҳои тиллову нуқра ва дурру марворид рехта шуда, касе ҳам онро нигаҳбонӣ намекунад. Мард дар ҳайрат афтода, гумон мекунад, ки ба ганҷинае даромадааст ва дур нест, ки  ӯро дузд пиндошта ба қатл расонанд. Мутаҳаййирона аз дарвоза берун шуда, мехоҳад дар куҷо будани худро донад, вале баробари аз дарвоза хориҷ шудан тамоми чизи дидааш, нопадид гардида, аз он дарвозаи кушода ва ганҷина асаре намемонад. Савор бештар ба ҳайрат афтода шояд роҳгум зада бошам гӯён, соате чанд дар атрофи қалъа мегардад, вале дигар нишонае аз он дарвозаю ганҷина наёфта, ночор ба Файзобод меравад ва дар меҳмонхонаи Раҳмат мингбошӣ воқеаро нақл мекунад. Одамон аз шунидани ин воқеъаи ҳаяҷоновар ба шавқу шӯр омада, азми пайдо намудани ганҷинаро менамоянд. Дар байни эшон пирамарде буд бузургу донишманд, ҳозиринро аз ин амал боздошта, бар эшон тавзеҳ менамояд, ки ганҷина мутааллиқ ба Фаридун буда, ҳанӯз дар замони зиндагии шоҳ тавассути сеҳру ҷоду аз назарҳо мастур гардидааст. Он, танҳо ба чашми касе боз хоҳад шуд, ки муҳри сеҳр ба номи ӯ бошад.

Ш. Нуриддинов,

номзади илмҳои филологӣ,

С. Мирзоев,

ходими калони шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: