ТААССУБУ ХУРОФОТ ОҚИБАТҲОИ ДАҲШАТБОР ДОРАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

Мутаассифона, то имрӯз дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат амалҳои ноҷоизу носавоб, ки марбут ба хурофоту таассуб ва тақлидҳои беҳудаанд, ба назар мерасанд. Ростӣ, баъзе аз мардуми мо ончунон ба таассубу хурофот ва урфу одатҳои беҳуда пойбанд шудаанд, ки онҳо аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд. Бӯсидани хоки мазореву тавоф кардани он ва ё дар назди қабр ё мазоре қурбонӣ кардан чӣ маъно дорад?

Пешвои миллат зикр карданд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Ғайр аз ин баъзе ҷавонон аз рӯи ҷаҳолату нодонӣ ва ҳирсу таассубу хурофот ба кишварҳои ҷангзада чун Ироқу Сурия сафар карда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва аксари онҳо ҳалок гардиданд. Зану фарзандони онҳо дар лагеру зиндонҳои кишварҳои мазкур дар ҳоли ногувор қарор доштанд. Ба ҷурми ҳамсари террорист ва ё ба гурӯҳи террористӣ шомил будан онҳоро дар ин кишварҳо ба ҳабси тӯлонӣ ва абад маҳкум карда буданд. Бо ташаббус ва ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳамаи кӯдакон ба Ватан баргардонда шуданд.

Пеш аз ҳама, мо бояд бидонем, ки таассуб чист ва хурофот аз куҷо сарчашма мегирад? Таассуб дар фарҳанги форсии «Амид» ба маънии ҷонибдорӣ кардан, ҳамчунин, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тарафдории кӯр-кӯрона, мутаассибӣ ва хурофотпарастӣ низ омадааст. Маънои таассуб қабул накардани ҳақ ҳангоми зоҳир шудани далели ҳақ буда, он дорои анвоъи гуногун, аз ҷумла нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, лисонӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғайра мебошад. Таассуб дар раъйро чунин тавсиф кардаанд: таассуб назареро бидуни интихоб кардани вақти кофӣ барои таҳқиқи он ва бидуни эътибори он ки он назар мунсифона мебошад ё не ихтиёр кардан аст. Он раъйи интихобшуда мусбат аст ё манфӣ. Вале аз он бидуни эътибори далелҳои дастрасбуда тақлид карда мешавад. Масдару маншаи чунин таассубҳо қалби инсонҳост, майлу рағбати манфиатҳо, кибру ғурур, таъсири муҳиту забон, мафтун шудан ба илму раъйи худ мебошад. Таассуб худ як мусибатест, ки баъзан бузургонро ба тасарруф ва фикру назари хато расондааст ва таъсири он хатоҳо то замони мо расидааст. Шайтон, ки душмани қасамхӯрдаи башар мебошад, аз замони ҳазрати Одам то имрӯз ҳазорон маротиб аз тариқи таассубҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра ба қалби инсонҳо роҳ ёфта, башариятро дар муқобили ҳамдигар шӯрондааст ва хуни миллионҳо нафар дар чунин ҷангҳо ва адоватҳои таассубӣ рехта шудааст. Таассуб як бовар ва рафтор аст, ки бо ҳарорати бечуну чаро барои тамоми аҳдоф бо мавзуоти мухталиф ё бо шуру шавқи васвосӣ барои тафриҳ ва саргармӣ анҷом шавад Ба ибораи дигар таассуб ба маънои эътиқод ва боварии шадид ва ғайри мантиқӣ нисбат ба ягон чиз аст, ҳатто агар он чиз иштибоҳ ва нодуруст бошад

Чуноне ки зикр кардем, таассуб чанд навъ аст: Таассуби нажодӣ: Ин навъ таассуб ба табъиз (нобаробарӣ ва рафтори ноодилона) ва қазовати нодуруст бар асоси нажод ё ранги пуст ишора дорад. Ин падида ба вижа дар кишварҳои чанднажодӣ ба назар мерасад. Таассуби динӣ: Ин навъ таассуб шомили қазоватҳои манфӣ нисбат ба афроде ҳаст, ки ба дин ё мазҳаби хосе эътиқод доранд. Ин навъ таассуб маъмулан ба ихтилофоти мазҳабӣ ва ҷангҳо доман мезанад. Чунончи соли 1387 бо фармони Темурланг аз сарони буридаи мардуми Исфаҳон дар атрофи қалъаи шаҳр 50 калламанора сохтанд. Таассуби қавмӣ: таассуби қавмӣ ба қазоватҳои нодуруст бар асоси қавмияти афрод ишора дорад. Ин навъ таассуб метавонад ба зиддиятҳои қавмӣ оварда расонад. Дар ҳамин ҷо метавон ёдрас шуд, ки 16 декабри соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Қобилҷони даҳсола дар натиҷаи тарғиби афкори қавмӣ-миллатгароӣ дар байни гурӯҳе, ки қотил ва волидонаш ба он шомил буданд, кушта шуд.

Бинобар ин дини мубини ислом тамоми анвои таассубро ҳалоксозанда ва ҳаром эълон кардааст. Ислом ҳамеша зидди таассуб аст ва ҳамеша ба пайравонаш таъкид мекунад, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва худопарастӣ бояд зиндагӣ намоянд.

Дигар навъи эътиқод, ки дар қалби инсонҳо пайдо мешавад ва онҳоро аз роҳи мустақим мунҳариф месозад, ин хурофот аст. Хурофот ба боварҳо ва аъмоли ғайримантиқӣ ва беасосе дода мешавад, ки реша дар тарс, ҷаҳл ё сӯитафоҳум аз табиат доранд ва иртиботе байни рӯйдодҳои номуртабит барқарор мекунанд, монанди эътиқод ба бадшиносии гурбаи сиёҳ ё шикастани оина. Аксари ин боварҳо аз насле ба насли дигар мегузаранд ва пояи илмӣ ва мантиқӣ надоранд ва бо фарҳанги омма ва суннат даромехтаанд. Худи калимаи хурофот, чуноне ки дар «Ғиёс-ул-луғот» оварда шудааст, аз Хурофа ном як марди араб гирифта шудааст. Ӯ гуё ба париён ошиқ шуда буд ва суханҳое мегуфт, қи мардум ба онҳо бовар намекард. Аз ин рӯ, минбаъд ҳар касе сухани беҳуда ва бемаъно мегуфт, ӯро ба ҳамон нисбат дода, мегуфтанд, ки хурофот мегӯяд. Он батадриҷ дар байни мардуми мо низ паҳн шуд. Хурофот бидуни маншаи динист.

Яке аз шаклҳои хурофот ин сеҳру ҷодугарист, ки зуҳуроти он дар байни мардуми мо дида мешавад. Қонунгузорӣ нисбат ба онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, муҷозот таъин кардааст. Бо вуҷуди ин иддае ба фолбинию ҷодугарӣ машғуланд ва мардумро ба доми фиреб мекашанд. Ҳол он ки ягон фолбин ва ё соҳир ба дарди касе намехӯрад. Агар молу колои онҳо дуздида шавад ё ба ягон мусибате дучор оянд, ҳамон мушкилоти худро ҳал карда наметавонанд.

Дар партави Паём

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

 

барчасп: