Ҳамасола дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашнҳои миллию фарҳангӣ ҳамоишҳои илмӣ дар доираи конференсияҳо ва мизҳои мудаввар доир мегардад. Дар радифи таҷлили чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ПИТФИ доир ба натиҷагирӣ ва ҷамъбасти лоиҳаҳо нишастҳои илмӣ баргузор месозад, ки 30-юми декабри соли 2025 ҳамингуна конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ: мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо»-ро баргузор намуд. Конференсияи мазкур асосан аз ҷониби Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ ба роҳ монда шуда, кормандони он ироаи маърузаҳои илмиро ба уҳда доштанд.
Нахуст директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳии худ ҳамоиши илмиро ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба мавзуи конференсия андешаҳои худро иброз намуд. Аминзода Абдулфаттоҳ аз фаъолияти солонаи ПИТФИ натиҷагирӣ намуда, дар маҷмуъ онро хуб арзёбӣ кард. Ҳамзамон аз камбудиву мушкилот ёдовар гардида, барои ҳарчи бештар бартараф намудани онҳо таъкид варзид. Номбурда конференсияи мазкурро як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ арзёбӣ кард ва фаъолияти маркази мазкурро самарабахш унвон намуда, нақши Пажуҳишгоҳро дар муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддӣ калон арзёбӣ кард.
Баъдан мудири бахши мероси фарњанги ѓайримоддии Маркази мероси фарњангии тољикони ПИТФИ Њусейнзода Зафар Бањодур дар мавзуи “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ: аз инвентаризатсия то муаррифии онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ” суханронӣ намуда, мафҳуми истилоҳи инвентаризатсия ва аҳаммияту зарурати онро ёдовар гардид. Ҳамзамон раванди воридсозии унсурҳои арзишманди таърихӣ ва шартҳои онро ба созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО шарҳ дод.
Сипас намояндаи ПИТФИ дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, номзади илмҳои таърих, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Қурбониддин Аламшоев дар мавзуи “Мероси фарҳанги ғайримоддии минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон: миёни хатар ва пойдорӣ” суханронӣ намуда, махсусан ҳунари ҷуроббофӣ ва тарзу усули бофтани он, ашёи истифодашаванда ва рамзу хосияти нақшу нигори хоссеро, ки дар ҷуробҳо инъикос меёбанд, мавриди зикру баррасӣ қарор дод.
Лайло Носирова ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ низ дар конференсия маъруза ироа намуда, доир ба мавзуи “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ-табиӣ дар афсонаҳои тоҷикӣ” суханронӣ кард. Номбурда зикр намуд, ки дар кишвари мо ёдгориҳои таърихӣ-табии ниҳоят зиёд мавҷд буда, ҳар яке таърихи куҳан ва ҷолиб доранд. Аҳаммияти онҳо то ба онҷо мерасад, ки афсонаҳои халқӣ саршор аз зикри онҳо мебошад. Аз ҷониби дигар афсонаҳо ва ё устураҳои халқи тоҷик ёдгориҳои таърихии сарзамини моро инъикоси воқеӣ намуда, дар тарғибу ташвиқ ва зинда нигоҳ доштани онҳо нақши басо бориз мегузоранд.
Баъдан дар мавзуи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ – омили ҷалби сайёҳон”, Акобир Абдуллоев мудири бахши мероси фарҳанги моддии Маркази мероси фарњангии тољикон суханронӣ намуда, собит сохт, ки яке аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ дониста мешавад. Муҳаққиқ дар натиҷаи сафарҳои хидматӣ ба маконҳои таърихию сайёҳии кишвар ва мушоҳидаҳои бевоситаи муносибати сайёҳони дохилию хориҷӣ ба хулоса меояд, ки ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ ҳам боиси ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон гардида, ҳам ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.
Пасон сухан ба Файзигул Насрудинова ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дода шуд, ки номбурда дар мавзуи “Ҷойгоҳи дарахтони муқаддас дар фарҳанги мардуми тоҷик” суханронӣ намуда, тавассути андешаҳои илмии асоснок нақши дарахтони соҳибтаърихро дар ғанисозии фарҳанг ва муаррифии он исбот сохт. Чанде аз дарахтони соҳибтаъриху соҳибарзишро, ба монанди чинор, бед, тут, ки дар миёни мардуми мо тибқи боварҳо мавриди эҳтирому икром қарор доранд, зикр намуд.
Дар охир ходими калони илмии ММФТ Шамъигул Каримова дар мавзуи “Саҳми марказҳои ҳунармандӣ дар рушди касбу ҳунарҳо: мушкилот ва дурнамо” маъруза доир карда, фаъолияти самараноки иддае аз марказҳои ҳунармандии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисорро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон мушкилоти мавҷударо, ки дар соҳа ба назар мерасанд, мавриди зикр қарор дода, роҳҳои ҳал ва баъзе пешниҳодоти судмандро низ ироа намуд.
Ҳаминтариқ дар қисмати музокираҳо ва табодули афкор аз ҷониби иштирокдорони конференсия: Мурод Муродӣ, Ҷумъазода Меҳроб, Қурбон Хоҷаев, Комилзода Шариф, Мунаввари Сафар, Абдуллоев Шамсуддин, Маҳмаднабӣ Баёнӣ ва дигарон ба маърузакунандагон суолҳо пешниҳод шуда, ҳамзамон андешаҳои ноб иброз гардиданд.
Исоев Қадриддин,
котиби илмии ПИТФИ



