Назаре ба китобхонаҳои ноҳияи Ҷайҳун

Дар идомаи сафари хидматӣ, ки аз 4-ум то 13-уми августи соли 2025 дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон идома ёфт, пас аз таҳқиқу пажуҳиши китобхонаҳои ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Ҷайҳун раҳсипор гардидем. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун бо масъулон мувофиқа намуда, эшонро аз мақсади сафари хеш огоҳ сохтем. Бо кумаки онҳо директори китобхонаи марказӣ Муқимиён Ориёнабону Шодизода даъват гардид ва моро дар корҳои пажуҳишӣ ҳамроҳӣ намуд.

Пажуҳиш нишон дод, ки дар ҳудуди ноҳия айни ҳол 24 китобхона, марказӣ ва бачагона,  бо шумули 22 китобхона-филиалҳо арзи ҳастӣ доранд. Аз ин теъдод 5 адад дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, 4 адад дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир, 3 адад дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, 3 адад дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, 2 адад дар Ҷамоати деҳоти Яккадег ва 6 адади дигар дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бо фонди умумии 121049 нусха китоб фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод 32101 адади онҳо бо забони тоҷикӣ, 72994 адад бо забони русӣ ва 15954 адади дигар бо забонҳои гуногун мебошанд. Ҳамзамон дар махзани электронии китобхона 1800 нусха китобҳои электронӣ бо забони тоҷикӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо ба таври пайваста махсусан иштирокчиёни “Озмуни фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, истифода мебаранд.

Қасри фарҳанги ноҳия, китобхонаи бачагона, ки дар бинои қаср ҷойгир аст ва китобхонаи марказӣ аз ҳам фосилаи дур надоранд. Нахуст корро аз Китобхонаи марказӣ оғоз намуда, чун ҳарвақта Раҷабова Азиза ва Сидиқова Таманно бо китобдорон пурсишҳо гузаронида, вазъи китобхонаро мушоҳида намуданд ва аксбардорӣ низ карданд. Бештар Раҷабова Азиза ба китобдорон тарзи дурусти ҷобаҷогузории китобҳо, газетаҳо ва чигуна аз рӯи тартиби алифбоӣ гузоштани дафтарчаҳои хонандагонро фаҳмондадиҳӣ намуд ва дар бораи феҳрист ва аҳамияти он низ суҳбат анҷом дод. Чунки ба роҳ мондани тартиботи мазкур дар ин китобхона низ аз рӯи қавоиду талаботи соҳаи китобдорӣ амалӣ нагардида,  ҳамзамон аз феҳрист, хусусан феҳристи алифбоӣ нишоне нест. Ба гуфтаи кормандони собиқадори китобхона то замони ҷанги шаҳрвандӣ феҳрист вуҷуд доштааст, аммо пас аз он аз байн рафта, дубора барқарор карда нашудааст. Китобдорони китобхонаи мазкур чун кормандони китобхонаи марказии ноҳияи Панҷ қисмате аз китобҳоро дар дафтари махсус қайд намуда, аз рӯи он ба хонандагон китоб медиҳанд. Инҷониб бо директори китобхона Муқимиён Ориёнабону муддати бештар аз як соат пурсишҳои сотсиологӣ гузаронида, бо ҳуҷҷату асноди оморӣ ва ҳисоботӣ ошно гардидам, баъдан ба мушоҳидаи китобхона пардохтам.  

Китобхонаи марказӣ соли 1938 таъсис ёфта, айни замон дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, кучаи Бобоҷон Ғафуров 30 қарор дорад. Макони ҷойгиршавии китобхона бад набуда, вазъи бино низ дар ҳолати хуб қарор дорад. Онро соли 2024 аз таъмири ҷорӣ баровардаанд.    Китобхона аз фонд, толори хониш, утоқи директор ва шуъбаи такмили адабиёт иборат мебошад. Аз мушоҳидаҳо баромад, ки масоҳати толори хониш, нишастгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. 22 ҷои нишаст мавҷуд аст, ки аз он  9 курсияш шикаста, ҳамзамон дар гармои тоқатфарсо таҷҳизоти ҳавосардкунӣ вазъ нашудааст, ки ин омил аз китобхон таҳаммули гушношунидро талаб мекунад. Теъдоди хонандагони китобхонаи марказӣ  дар соли 2024 ба 6093 нафар мерасанд. 3940 омаду рафт, 5576 диҳиши китоб сурат гирифта,  дар ҳамаи китобхонаҳои марказонидашуда 207 чорабинӣ, 27 адад Китобхонаи марказӣ, 21 адад китобхонаи бачагона ва 159 адад китобхонаҳои деҳотӣ, бо иштироки 2429 нафар баргузор карда шудааст. Маҷмуан дар китобхонаҳои ноҳияи Ҷайҳун 26 корманди асосӣ фаъолият намуда, аз ин теъдод ҳамагӣ 1 нафар корманди олии тахассусӣ мебошаду халос. Боқӣ, 2 нафар олии умумӣ, 12 нафар миёнаи тахассусӣ, 5 нафар миёнаи ғайритахассусӣ, 6 нафар миёнаи умумӣ мебошанд. Директори китобхонаи марказӣ Муқимиён Ориёнабону Шодизода низ китобхонаро ғайритахассусӣ роҳбарӣ мекунад ва дар соҳаи китобдорӣ соҳиби таҷрибаи кофӣ нест. Ин боис гардид, ки мо ҳангоми пурсиш гузаронидан аз собиқадор Аёзова Тобистон кумак талаб кунем.  Ёдовар бояд гардид, ки аз 24 китобхона 8 ададаш бо бинои алоҳида таъмин буда, 16 адади дигар ба бинои алоҳида таъмин нестанд. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолӣ 8 китобхона барҳам хӯрдааст. Ёдовар бояд гардид, ки китобхона бо 18 рӯзномаву маҷалла обуна мебошад.  

Китобхонаи бачагона тақрибан 200 метр дуртар аз китобхонаи марказӣ, дар як утоқи хурди бинои қасри фарҳанги ноҳия ҷойгир буда, ҳамагӣ бо фонди 13031 нусха китоб, ки 2494 адади он бо забони тоҷикӣ, 9238 адади дигар бо забони русӣ ва 1299 адади дигар бо забонҳои мухталифанд, фаъолият мекунад. Аз теъдоди мазкур дар даврони истиқлолият ҳар сол 60 то 70 адад китоб илова гардида, дар шаш моҳи соли 2025  62 адад китоби нав ворид гардидааст. Ба таъкиди директори китобхона он 62 адад китоб бачагона буда, хоси наврасону кӯдакон аст. Аммо китобҳоро дар рафҳо надидему пурсон гардидем, ки онҳо дар куҷо қарор доранд. Директор ба ҷевони пӯшида ишора намуд ва мо китобҳоро аз назар гузаронидем. Маълум гардид, ки аксари он китобҳо низ ба бачагону наврасон тааллуқ надоштаанд.

Ба саволҳои “Барои хонандагони синни хурди то мактабӣ”, “Барои хонандагони синни хурди мактабӣ”, “Барои хонандагони синни миёнаи мактабӣ”, “Барои хонандагони синни калони мактабӣ”, дар умум чанд номгӯйи “китобҳои илмӣ-маърифатӣ барои кӯдакон ва наврасон ворид шудааст?”, ҷавоби мушаххас нагирифтем. Чунки директори китобхонаи бачагона вобаста ба ин саволҳо на ба таври хаттӣ ва на шифоҳӣ маълумот дода натавонист. Мушоҳидаву пурсишҳо нишон доданд, ки дар китобхона ягон адад донишнома мавҷуд набуда, ҳамзамон бо ягон маҷаллаву рӯзномаи хоси кӯдакону наврасон обуна нашудааст. Ба гуфти масъули китобхона то соли 2023-2024 маҷаллаи “Хорпуштак” ба таври обуна дастрас мегардидааст, имрӯз бошад дастрас намегардад. 

Раванди сафарҳои хидматӣ ва мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, рушду дурнамо ва мушкилоти онҳо тақрибан яксон ба назар менамояд. Ҳолати воқеӣ баёнгари он аст, ки фаъолияти китобхонаҳо як навъ қолабӣ, шахшуда ва тақлидӣ ба роҳ монда мешавад. Гӯиё яке аз пайи дигар ҳаракат дошта, мустақилона тағйирот ва навоварие  рӯи кор намеоранд. Масъулини китобхонаҳо сабаби асосии мушкилотро дар моддиёт ва дастгирӣ наёфтанашон аз ҷониби сохторҳои марбута мебинанд. Хосатан директори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Шодизода чанд бор таъкид варзид, ки аз бисёр сохторҳо меоянду мераванд, аммо бенатиҷа.  Ҳолати воқеӣ бошад, бозгӯи он аст, ки барои ҳама ҷонибҳои масъала асосан бетаваҷҷуҳӣ, бетаҷрибагӣ ва харҷ накардани ҷаҳду талош сабаб мегардад. Махсусан кадрҳои соҳибмалакаву соҳибтаҷриба дар рушди китобхонаҳо нақши муҳим мебозанд.

Ҳаминтариқ аз мушоҳидаҳо ва таҳқиқи вазъу ҳолати кунунии китобхонаҳои ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва хулосаҳои директорони китобхонаҳо чанд пешниҳод ба вуҷуд омад, ки амалӣ намудани онҳо ба пиндори мо аз манфиат холӣ нахоҳад буд:    

  1. Таъмини китобхонаҳо, хусусан китобхонаҳои деҳот ба биноҳои алоҳида;
  2. Таъмини китобхонаҳо бо кадрҳои тахассусӣ ва соҳибтаҷриба дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
  3. Таъмини китобхонаҳои бачагона бо маҷаллаву газетаҳои хоси наврасону мактаббачагон;
  4. Таъмин китобхонаҳои бачагона бо адабиёти бадеӣ;
  5. Таъмини китобхонаҳо бо шабакаи ҷаҳонии интернет, ҳаддалақал, китобхонаи марказӣ;
  6. Барқарор сохтани китобхонаҳои барҳамхӯрада;
  7. Аз таъмири ҷорӣ баровардани тамоми китбхонаҳои маҳал;
  8. Аз хазина берун сохтани китобҳои куҳнаи ба забони русӣ, ки хонанда ба онҳо эҳтиёҷ надорад;
  9. Хариди адабиёти нав ва дархӯри хонанда;
  10. Баргузор намудани курсҳои омӯзишии кутоҳмуддат ва семинарҳо;
  11. Ба роҳ мондани барномаи компютеркунонии китобхонаҳои маҳал.

Умуман дар раванди сафари хидматӣ ба ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  китобхонаҳо мавриди мушоҳида ва таҳқиқ қарор дода шуда, бо масъулони китобхонаҳо 4 адад пурсишномаҳои сотсиологӣ, ки вобаста ба вазъу ҳолати кунунӣ ва фаъолияти ҳамаҷонибаи китобхонаҳо тарҳрезӣ гардидаанд, гузаронидем. Бо директорон ва китобдорону кормандони китобхонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки бештар ба тартибу тарзи дурусти ҷобаҷогузории китобҳо, нашрияҳо ва дуруст ба роҳ мондани дафтарчаи хонандагон алоқаманд буд. Ҳамзамон теъдоди зиёди аксҳо ва наворҳои видеоии мақсаднок бо худ ба хазинаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот овардем, ки бозгукунандаи вазъу ҳолати воқеии китобхонаҳоянд. Илова бар инҳо тамоми ҳисоботҳо, маълумотҳо вобаста ба китобхонаҳоро бо худ овардем, ки дар раванди таҳқиқоти илмӣ ҳамчун факту далели муътамад истифода хоҳанд гашт.   

Исоев Қадриддин,

мудири шуъбаи

фаъолияти китобдории

 ПИТФИ   

барчасп: