Тоҷикистони азизи мо бо садҳо дарёҳои хурду бузург, дорои обҳои гуногуни маъданиву шифобахш, чашмасорони мусаффо ҳамчун манбаи обҳои ошомиданӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеӣ муайянеро ишғол намудааст. Ба ҳамин минвол метавонем дар бораи яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво, ки дар байни кӯҳҳои баланд ва ҳавои тозаву форам, дар ноҳияи Варзоб, як ганҷинаи табиӣ бо номи Хоҷа Оби Гарм ҷойгир шудааст, маълумот диҳем.
Хоҷа Оби Гарм дар ноҳияи Варзоб, тақрибан 40-50 км шимолтар аз шаҳри Душанбе, воқеъ аст. Ин макон дар соҳили дарёи Варзоб ҷойгир буда, барои расидан ба он роҳи мошингард дастрас аст. Барои бисёре аз сокинони шаҳр сафари истироҳатӣ ба ин ҷо танҳо як соат вақтро дар бар мегирад. Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм дар тӯли 80-соли мавҷудияти худ ҳазорон дардмандонро шифо бахшида, дар сар то сари мамлакат ва мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравию берун аз он маъмулу машҳур гаштааст.
Чашмаи “Хоҷа Оби Гарм” дар таркиби оби гарми худ моддаҳои минералиро дорост. Ҳарорати табии об ба 45-50 дараҷа расида, таркиби он аз унсурҳои сулфат, гидрокарбонат, натрий ва калсий бой аст. Мувофиқи тадқиқоти гидрогиолегӣ ва балнеологӣ, оби чашмаи Хоҷа Оби Гарм ба як навъ обҳои терминалӣ- минератӣ маҳсуб мешавад, ки ин гуна обҳо дар қабатҳои чуқури зери замин, дар натиҷаи фишор ва фаъолияти вулқонӣ, бар руйи замин мебароянд.
Ин чашмаи гарми табиӣ бо обҳои шифобахш ва иқлими муътадили кӯҳӣ, яке аз маъруфтарин маконҳои истироҳатию табобатии сокинони пойтахт ва дигар минтақаҳои атроф ба ҳисоб меравад. Ин осоишгоҳ аз машҳуртарин ва қадимтарин осоишгоҳҳои мамлакат ба ҳисоб рафта дар он ба сифати табобатӣ оби гарм ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ҳамин бартарияташ онро дар тамоми олам маълуму машҳур гардонида, оби шифобахши Хоҷа Оби Гарм дар ҷаҳон ягона буда, даҳҳо намуди бемориро табобат мекунад. Аз дидани ин муъҷизаи худодод шахс ангушти ҳайрат газида, ба қудрати илоҳӣ иқрор мегардад. Охир, бубинед: буғи шифобахш, ки ҳарорати гармиаш ба 97 дараҷа мерасад, аз зери замин берун мешавад ва дар хизмати инсон қарор мегирад. Ин қудрати илоҳист, вагарна миллионҳо тонна сӯзишворӣ сарф намоем ҳам, наметавонем ба таври шабонарӯзӣ чунин буғро истеҳсол намуда, дар хизмати мардум қарор бидиҳем.
Оби ин чашма ба бемории буғуму устухон, сабук намудани дардҳои музмин ва асаб, беҳсозии гардиши хун, ором кардани системаи асаб, муолиҷаи баъзе бемориҳои пуст ва мушакҳо шифо мебахшад.
Мардум аксаран аз оби чашма дар ҳавзҳои табобатӣ ва барои нушиданашон истифода мебаранд. Ин навъи обҳои минералӣ дар Тоҷикистон нодир нестанд, аммо таҳқиқотҳо собит менамоянд, ки оби Хоҷа Оби Гарм воқеан ҳам бо хусусиятҳои шифобахшии озмоишшудааш фарқ мекунад.
Аз таҳлилҳо бар меояд, ки калимаи “Хоҷа “ дар забони мардум маънои шахси муқаддас, донишманд ва рӯҳонии нексириштро дорад. Бисёре аз мардум бар он ақидаанд, ки солҳои пеш дар ин минтақа шахси мутабаре зиндагӣ мекардааст. Ӯ бо оби ин чашма беморонро муолиҷа намуда, бо ин васила чашма номи Хоҷаро гиритааст ва бо ҳамин сабаб ин макон бо номи “ Хоҷа Оби Гарм” маъруф гардидааст.
Дар асри ХХ ин чашмаро ҳамчун як осорхонаи зиндаи мардумшиносӣ мешинохтанд. Мардум аз анъанаҳои қадим истифода мебурданд: мисли анвои махсуси либоси ҳамомӣ, усулҳои истироҳат ва табобат.
То имрӯз сокинон ва меҳмонон бо эҳтиром ба ин макон рафтор мекунанд, дар атрофи чашма дуо мекунанд ва онро натанҳо як маркази табобатӣ, балки як макони муқаддас низ мешуморанд.
Дар назди чашма ҳавзҳо ва ҳамоми оби гарм мавҷуд аст, ки барои табобат ва истироҳати мардум истифода мешаванд. Инчунин дар ин мавзеъ меҳмонхонаҳои хурд, чойхонаҳо ва ҷойҳои нишаст барои истироҳати оилавӣ мавҷуданд. Хусусан рӯзҳои истироҳат, Хоҷа Оби Гарм ба макони дилфиреби саёҳатии аҳолии шаҳр табдил меёбад. Ҷавонон, пиронсолон ва ҳатто кӯдакон аз обу ҳавои тоза ва оби шифобахшаш баҳравард мешаванд.
Хоҷа Оби Гарм на танҳо як макони истироҳативу табобатӣ, балки як лавҳаи зиндаи таъриху табиати Тоҷикистон мебошад. Бо хосиятҳои шифобахшиаш имконияти васеъ барои рушди туризми дохилӣ ва берунӣ фароҳам овардааст. Дар натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ ва нақлу ривоятҳои марудмӣ ҷиҳати табобати табиӣ ва тиббӣ яке аз мавзеъҳои арзишманди кишвар ин маконро муарифӣ менамояд. Бо таҳқиқ ва ҳифзи он натанҳо саломатии мардум, балки мероси фарҳангиву табии мо ҳифз мегардад. Мо муҳақиқони соҳаро мебояд, ки ин маконро ҳамчун як сарвати табиӣ барои боқӣ гузоштан ба насҳои оянда ва зинда мондани макони табобатӣ барои мардуми тоҷик ва берун аз он ҳифз намуд. Нисбати ин гуна ҷойҳои табобатӣ бетараф набуда пеш аз ҳама муҳити тозагиву экологии онро нигоҳ дошта барои намунаи ибрат ҳамчун идеал ба дигарон муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамеша кушиш менамоянд, ки нисбати ингуна мавзеъҳои табиӣ ва табобатӣ корҳои лозимиро барои рушд намудан ва ба нигоҳ доштани фарҳангу маданияти миллати хеш дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳмашонро гузоранд.
Ходими калони илмии ММФТ
Абдуназарова Гулноза