Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати љумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. “Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад” (соли 2024).
Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор соли 1940 таъсис ёфтааст. Бинои китобхона аз 4 ошёна ва 16 шуъба иборат аст, ки ҳар як шуъбаи онро мо бо ҳамроҳии директори китобхонаи шаҳри Ҳисор Абирова Шоира дидан намудем. Аз ин ҷо зиёда аз 70 адад акс, 8 адад видео ва 3 адад сабтҳои аудиоӣ ҷамъоварӣ намуда, 10 адад пурсишнома пур намудем. Дар шаҳри Ҳисор 1 китобхонаи марказӣ ва дар ҳамин бинои китобхонаи марказӣ китобхонаи бачагона, инчунин 22 филиал китобхонаҳо дар ҷамоату деҳоти он воқеъ аст.
Фонди умумии Китобхонаи марказӣ 214657 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 125240 нусха китобҳо ба забони тоҷикӣ, 7872 нусха китоб ба забони русӣ, 81545 нусха китоб бо забони узбекӣ ва чанд адади он бо дигар забонҳо мебошанд. Теъдоди хонандагон дар соли 2024 29369 нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми соли ҷорӣ ба хазинаи Китобхонаи марказӣ ба миқдори хеле кам китоб ворид шудааст. Кормандони китобхона аз норасоии баъзе китобҳо танқисї мекашанд ва пешниҳод дорад, ки китобҳои тозанашр зиёдтар ворид карда шаванд. Дар соли 2024 11 адад китоби тозанашр аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи ройгон ворид гардид.
Китобхонаи бачагонаи шаҳри Ҳисор бо рӯзномаву маҷаллаҳои “Ворисони Сомониён”, “Анбоз”, “Боғи дониш”, “Хорпуштак”, “Чашма”, “Пайрав”, “Истиқбол”, “Офтобак”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Фирӯза”, “Ҳисори Зарнисор”, “Садои Шарқ”, “Ҳисори Шодмон”, “Баҳори аҷам”, “Адабиёт ва санъат”, “СССР”, “Овози халқ”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Минбари халқ” ва дигар номгуй обуна гаштааст.
Дар ноҳияи Шаҳринав сараввал бо директори китобхонаи марказӣ Сафаров Юсуф ҳамсӯҳбат шуда, аз вазъи имрӯзаи китобхона пурсон шудем. Тибқи гуфтаи директори китобхонаи марказӣ дар ноњия 18-то китобхона- филиал мавҷуд будааст. Китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагона дар маркази ноҳия ҷойгир буда, боқимонда дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия ҷойгир ҳастанд. Бинои китобхона хеле куҳна буда, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Чӣ хеле ки қайд намуданд, дар ноњия китобхонаи наву замонавӣ сохта шуда истодааст, ки ба қарибӣ ба он љо мегузаранд. Бо вуҷуди шароити на он қадар хуб доштани китобхона мутахассисони хуб дорад. Хазинаи китобҳо аксаран бо забони русї мебошад.
Мудири китобхонаи бачагонаи ноҳияи Шаҳринав Пулодова Гулрӯ изњор намуд, ки китобхонаи бачагона 2 – сол боз фаъолият дорад ва ҳамагӣ 3 корманд дорад. Фонди умумии китобхона ҳамагӣ 5586 нусха аст. Дар љараёни таҳқиқот аз ин ноҳия 30 адад акс, 5 адад видео, 2 адад сабти аудиоӣ, 4 адад пурсишнома ва якчанд маводи дигар дар бораи китобхона ҷамъоварӣ намудем.
Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода соли 1947 таъсис ёфтааст. Дар тобеияти Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Турсунзода 33 китобхона фаъолият дорад, ки аз онњо 28 китобхонаи деҳот 2 китобхонаи бачагона ва 3 китобхонаҳои шаҳрӣ мебошад. Китобхонаҳо ҳамеша дар хизмати халқ буда, мунтазам фаъолият доранд.
Фонди умумии китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Турсунзода ба 191478 нусха китоб расидааст, ки аз ин миқдор китобҳо 45367-нусха китоб бо забони тоҷикӣ, 95867-нусха китоб бо забони русӣ ва 50244-нусха китоб ба дигар забонҳо мебошад.
Сиддиқова Таманно,
ходими калони илмии
шуъбаи фаъолияти китобдорӣ