Зимни як сафари кории хидматӣ кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) дар ноҳияи Муъминобод бо шахсияти наҷибе шинос шудем, ки он кас моро ба ҳайси роҳбалад ба сайр ва дидани мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ ва муқаддаси ноҳия раҳнамоӣ кард. Ин марди фарҳангдӯст Талабов Маҳсиддин, нозири Осорхонаи таъриху бостоншиносии ноҳияи Муъминобод буд, ки ӯ на танҳо роҳбалади хуб, балки худ як таърихи зиндаи ин диёри бостонист.
Талабов Маҳсуддин бо шеваи ширини гуфтор ва иттилооти фарогири таърихӣ, ҳайати гуруҳро ба ҳар як осори мавзеъҳое, ки аз онҳо дидан намудем, ошно мекард. Вохӯрӣ бо ин инсони комил, ки мо ӯро бо эҳтиром устод ном бурдем ва шиносоӣ бо вай сабаб шуд, то аз таърихи бою ғании мавзеҳои табиӣ ва таърихию муқаддаси ноҳияи мазкур ба таври бояду шояд воқиф гардем.
Устод Талабов, хатмкардаи факултаи физика-математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, собиқаи 43-солаи омӯзгорӣ дорад ва хизматҳояш дар ин самт соли 2003 ба ҷоизаи “Муаллими сол”, сарфароз гардонда шудааст. Мавсуф ҳамчун омӯзгор шогирдони зиёди арзанда тарбият кардааст. Аммо меҳри фарҳанг ӯро ба самти соҳаи фарҳанг бурду ӯ 15-сол инҷониб хизматгузори ин соҳа аст. Садоқат ба арзишҳои миллӣ, меҳру муҳаббат ба таърихи маҳал ва донишу малакаи Талабов Маҳсуддин ба унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сазовор гардидааст.
Талабов Маҳсуддин меҳмонони дохиливу хориҷиеро, ки барои дидан кардан аз мавзеҳои ноҳияи Муъминобод меоянд, роҳнамоӣ карда, ба онҳо бо шавқу рағбати том аз таъриху тамаддуни ноҳия қисса мекунад. Чуноне дар боло қайд гардид, устод нозирии Осорхонаи таърихиву фарҳангии ноҳияи Муъминободро бар зимма доранд ва бояд гуфт, ки бештари ашёҳои қадимиро он кас бо маблағи худ аз мардум харидорӣ карда, хазинаи осорхонаро бо ин роҳ ғанитар гардондааст. Ин амал шаҳодати он аст, ки ӯ воқеан ҳам нигоҳдори мероси таърихии Ватан ва фидокори кори худ аст. Бо саъю кӯшиши Устод Талабов имрӯз осорхонаи ноҳияи Муъминобод дорои садҳо нигора ва маводҳои пурарзиши фарҳангист. Чунин шахсиятҳо-ҳам ҷузъи таъриханд ва ҳам нигаҳдорандаи он, ки бо илму дониши мукаммал ва муҳаббати воло таърихи худро то метавонанд ҳифз кунанду арзишҳои пурарзишашро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Ходими пешбари ММФТ
Ҳалимова Б. М