Хабари ба дарё афкандани зан ва чор кӯдаки хурдсол дар ноҳияи Фархор аҳли ҷомеаро ба сутуҳ овард.
Ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, ин ҳодиса шаби 29 ба 30 июн, дар деҳаи Дарёбоди ҷамоати Хутан рух додааст.
Сокини ин деҳа бо номи Мадина Ҳалимова, соли таваллудаш 1998 пас аз огоҳ шудани издивоҷи дубораи ҳамсараш бо зани дигар даст ба ин амали фоҷиабор мезанад. Ӯ нахуст ду кӯдаки хурдиаш – Латофат (5-сола) ва Зайнаб (3-сола) ва сипас худро бо ду кӯдаки дигари хурдсолаш – Ёсамин ва Муҳаммад аз болои пули дарёи Сурхоб ба дарё партофтааст.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ки баъди чанде ин зан аз об берун шудааст, вале наҷоти кӯдакон дигар имконнопазир будааст. То имрӯз, ҷасади ду кӯдак пайдо шуда, ҷустуҷӯи ду тани дигар идома дорад. Нисбати Мадина Ҳалимова парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Оре, ҳолати имрӯзаи Мадина тасаввурнопазир аст. Вақте ҷаҳолату нодонӣ аз фарҳангу маърифати диниву дунявӣ боло мегирад, одам аз ҳади ваҳшитарин махлуқ убур карда, даст ба чунин ҷинояти гӯшношунид мезанад. Бинобар ҳамин гузаштагони мо мегӯянд: “Чаро оқил кунад, коре, ки боз орад пушаймонӣ”. Дини мубини Ислом дар чунин ҳолатҳои тавориҳу фавқулода мефармояд, ки шахси мусалмон калимаи “Астағфируллоҳ”-ро ба дилу забон такрор мекунад ва ӯро аз ҷурму амалҳои даҳшатноку исён ба худ меорад. Ҳар кас дар зиндагӣ ин калимаро мунису ҳамдами қалбу забону ҷону тани худ гардонад, аз балоҳои заминию осмонӣ дар амон мемонад.
Худкушӣ падидаи зишту номатлубест, ки он аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ҷомеаи инсонӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ривоят аст, ки дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, минбаъд ҷасади урёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шахр ба намоиш гузоранд. Воқеан, баъди ба намоиш гузоштани ҷасади чанд ҷавонзан, худкушӣ дар кишвар тамоман коҳиш ёфт.
Боиси ташвиш аст, ки солҳои охир ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани модарон ва фарзандони ноболиғашон ба чашм мерасад. Ҳанӯз 18 феврали соли 2016 Зуҳра Маҳмуродоваи 25-сола дар рӯзи равшан худ ва чор духтарчаи хурдсолашро аз болои пул ба Вахш партофт, ки аз хунукӣ зуд фавтиданд ва моҳигирон ҷасадҳои онҳоро аз об бароварданд.
Санаи 8 августи соли 2021 зани 27 сола аз деҳаи Калкоти Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара худро ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш аз болои пули Норак ба дарё партофт.
Ҷасадҳои модару кӯдаки ғурамаргашро танҳо баъди 7 рӯз пайдо карда, ба хок супурданд. Нафарони наздик ба ин хонавода сабаби фоҷеаро ба ҷангҷоли оилавӣ рабт медиҳанд.
Сентябри соли 2015 Саломат Пирова сокини 23- солаи ноҳияи Вахш се фарзанд ва худашро ба наҳр партофт.
Моҳи апрели соли 2021 модари ҷавоне аз деҳаи Негноти Панҷакент се фарзанди хурдсол ва худашро дар боғ овехт.
ИСЛОМ ХУДКУШИРО МАҲКУМ МЕСОЗАД
Дини мубини Ислом худкушӣ ва умуман, қатли бегуноҳонро қатъан маҳкум менамояд. Он аз ноогоҳӣ ва надонистани муқаддасоти дини Ислом, Қуръони азимушшаън ва ҳадисҳои Паёмбар (с) сурат мегирад.
Он шахс ба ғазаби Худо ва азоби рӯзи қиёмат гирифтор мешавад. Чунончи, Равоҳ ал-Бухорӣ ва Муслим дар ҳадисе аз Паёмбар(с) меоранд: “Шахсе, ки худро аз баландӣ чун, кӯҳ афканд ва ҳалок сохт, ба оташи абадӣ афканда хоҳад шуд. Касе заҳр нӯшиду худро кушт ва боқимондаи заҳр дар даст бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ афканда хоҳад шуд. Ва касе, ки худро бо оҳане кушту он оҳани ба бадан халонда дар дасташ бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ хоҳад шуд”. Ҳамчунин онҳое, ки худро месӯзонанд ё меовезанд, ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Аз чумла, дар ояти 29-и сураи Нисои Қуръони карим омадааст, ки худатонро накушед, ҳар гуноҳе, ки мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, шомили худкушӣ низ мешавад. Аз ин бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар карда шудааст. Дар ояти 195-уми сураи Бақара бошад таъкид шудааст: «Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед»
Чунон ки мебинем, дини Ислом қатлу худкуширо қатъан маҳкум месозад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 5 ва 18-и худ ҳаёти инсонро чун дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир шуморида, муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, дар моддаи 3 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳкими бевоситаи худро пайдо намудааст.
Ҳамзамон, қонунгузории ҷиноятӣ ҳаёти инсонро чун яке аз объектҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷиноятӣ шуморида, дар 63 моддаи Кодекси ҷиноятӣ барои шахси дигарро қасдан ё аз беэҳтиётӣ аз ҳаёт маҳрум намудан ҷазоҳои гуногун ва то ба ҳадди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.
ОМИЛҲОИ ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАДАН ДАР ЧИСТ?
Санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нишон медиҳад, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфахмӣ дар байни аҳли оила, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, бо сабаби майзадагӣ, шарму ҳаё, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаёти инсон арзиши ҷуброннопазир буда, неъматест, ки ҳамаи дигар неъматҳои моддиву маънавӣ аз он сарчашма мегиранд.
ЧАРО ВАЗОРАТУ КУМИТАҲО ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО ИҶРО НАМЕКУНАНД?
Бояд тазаккур дод, ки яке аз санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» мебошад, ки новобаста аз сипарӣ шудани 21 сол аз қабули он муқаррарот ва талаботи он муҳим ва рӯзмарра боқӣ мондаанд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» раёсату шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда баҳри пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задани шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.
Бо мақсади тақвият бахшидани қарори мазкур дар мувофиқа бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон “Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” таҳия ва он бо имзои Прокурори генералӣ аз 19.07. 2019 тасдиқ шуда, барои маълумот ва иҷро ба мақомотҳои номбаршуда, прокуророни поёнӣ фиристода шуда, зери назорат қарор дода шуд.
Новобаста аз чораҳои андешида ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои тобеъ ба назар мерасад. Шаҳрвандон бештар бо роҳи худовезӣ, заҳролудшавӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он мезананд. Инчунин ҳолатҳои худсузӣ ва худро ғарқ намудан низ ба чашм мерасад.
ЧАРО ХОДИМОНИ ДИН АЗ ПЕШГИРИИ ИН ЗУҲУРОТ ХУДРО КАНОР МЕГИРАНД?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе имомхатибони масҷидҳои ҷомею панҷвақта ва дигар ходимони дин аз пешгирии ин зуҳурот худро дар канор гирифтаанд. Маҳз масъулини ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибҳо дар бораи шароити зисту зиндагонии ҳар як оила, муноқишаҳои оилавӣ бохабар буда, оид ба мушкилотҳои ҳаррӯзаи аъзоёни он маълумотҳо доранд, вале вобаста ба ин масъала чораҳои лозима намеандешанд.
Баҳри аз байн бурдани ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пеш аз ҳама зарур аст, ки маънавиёти шаҳрвандонро баланд бардошта, бо ин мақсад корҳои таблиғотию тарғиботӣ дар байни ҷомеа пурзӯр гардонида шавад. Маҳз тарбияи маънавии шаҳрвандон омили асосии аз байн бурдани ҳодисаҳои марбут ба худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа баромад карда метавонад.
Бинобар ин, қатъиян метавон гуфт, ки аз тарғибу ташвиқи бомаврид натиҷаҳои кор бештар аст ва ин амал метавонад дар пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ таъсири амиқ гузорад.
Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии зуҳуротҳои худкушӣ ҷалб намудани ходимону дини ислом, имомхатибон ва паҳн кардани маводи марбутаи динии хусусияти тарбиявидошта ва бо ин роҳ баланд бардоштани маънавиёти сокинони ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ намебошад. Танҳо масъулини бахш оид ба корҳои динро зарур аст, ки ҷиҳати амали сохтани ин чорабиниҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз андешидани чораҳои маҷмӯӣ метавонад барои пешгирии амали худкушӣ, ки хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонӣ буда, боиси кулфат ва бадбахтии наздикону пайвандони мақтулон мегардад, мусоидат намояд.
ҶОИ ТААССУФ АСТ
Ҷои таассуф аст, ки вазорату кумитаҳои дар боло номбаршуда, бахусус фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои номатлуб назаррас нест. Чорабиниҳои ба нақша гирифтаи кумитаҳои номбурда дар ин самт ба таври лозима ва самарабахш гузаронда нашуда, хусусияти расмиятчигӣ доранд. Ҳатто робита байни Кумита ва шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ин масъала умуман ҷой надорад.
Баъзе ноболиғону ҷавонон аз ҷиҳати рӯҳӣ ва маънавӣ такомул наёфта, дар мавриди дучор шудан ба мушкилиҳои зиндагӣ ба сустиродагиву кӯтоҳандешӣ роҳ дода, дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкушӣ мезананд.
Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он задани шахсони мубталои бемории руҳӣ низ ташвишовар мебошад.
Аз тарафи муасссисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури барои ошкор кардани шахсони ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда ва табобати доимии онҳо чораҳои зарурии профилактикӣ гузаронида намешаванд. Дар натиҷа теъдоди зиёди ин гуна беморон дар қайд қарор дошта бошанд ҳам, дар лаҳзаҳои хуруҷи бемориҳои рӯҳӣ мавриди табобати зарурӣ қарор дода намешаванд. Ҳамчунин, ашхоси бемории рӯҳидошта сари вақт муайян ва ба табобат фаро гирифта намешаванд. Дар натиҷа чунин ашхос даст ба худкушї ва суиқасд ба ҷони худ мезананд.
Санҷиши ҳодисаҳои ба худкушӣ ва сӯиқасди он даст задани шаҳрвандон асосан дар доираи хешу табор, яъне онҳое, ки эҳтимол шахси худкушикардаро ба ин кор расонидаанд, маҳдуд шуда, барои муайян намудани сабабҳои худкушӣ ё сӯиқасди он дар доираи васеътар ҳаракатҳои дахлдори санҷишӣ гузаронида намешаванд.
Зиндагӣ ба дасти Холиқи яктост. Ҳеҷ кас ҳаққи ба он таарруз кардан надорад, ҳатто ба ҷони хеш! Инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо ақлу хираду идрок фарқ мекунад. Мутаассифона, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки тақдир ҳамин будааст ва чунин ҳодисаҳоро ба он ҳавола менамоянд. На! Офаридгор моро офарид ва ду роҳро ба ихтиёри мо гузошт: роҳи раҳмонӣ ва роҳи шайтонӣ. Зиндагӣ ин як имтиҳонест барои омодагӣ ба ҷаҳони дигар. Чуноне ки инсон дар батни модар муддати муайян афзоиш ва ташаккул ёфта ба дунё меояд. Пас ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, ало рағми ҳама гуна душвориҳо бояд зиндагӣ кунад, ташаккул ёбад, аз роҳи шайтонӣ парҳез намояд.
Ба гуфти устод Лоиқ Шералӣ ал-амон аз гулмаргӣ, ғӯрамаргӣ, ғунчамаргӣ, ҷавонмаргӣ, ғуссамаргӣ, ногаҳонмаргӣ, содамаргӣ ва ёвамаргӣ…
Мунаввари Сафар,
ходими пешбари илмии ПИТФИ