Замоне, ки фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон пайғоми сулҳу оштиро ба Душанбе меоварданд, Лоиқи бузургвор ҳолат ва шодии беинтиҳои мардуми кишварро бо камоли ифтихор ва шодмонӣ тараннум кард:
Зиндагӣ сахттар аз мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад...
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад...
Мурдаҳо норизо зи мо буданд,
Фотиҳа бар мазори мо омад...
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад...
Воқеан, ҳуҷҷати сулҳу оштӣ дар он рӯзгор ва имрӯз низ гардишу таҳаввулоти азимеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон дар пай дошт ва дорад. Яъне Сулҳу Ваҳдат аз он рӯзгор то имрӯз унсури муҳимми худшиносии миллии тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ гардид. Пешвои дурандешу хирадманди мо дар таҳияи ин санади тақдирсоз манфиатҳои таърихӣ, кунунӣ ва дарозумри миллат ва ормонҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии онро ба эътибор гирифта, бунёди пояҳои боэътибори ҳастии миллат-сулҳ ва ваҳдати ҳамагониро гузоштанд, ки имрӯз таҳким ёфта, ба идеали миллӣ мубаддал гардидааст.
Ваҳдати миллӣ унсури муҳимми худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардида, тадриҷан табақаҳои гуногуни аҳолиро, новобаста ба тамоилоти эътиқодӣ ва касбӣ, ба ҳам қарин ва ҳамдилу ҳамрой сохт, ки натиҷаи самарабахши он дар тамоми ҷабҳаҳои рӯзгори ҳамарӯзаи мардуми шарифи кишвар бозтоб гардидааст.
Пешвои муаззами миллат аз оғоз консепсияи ваҳдати миллиро дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ карда, онро сипари истиқлоли Тоҷикистони навин таъбир карданд ва дар ҳамин равиш ба шукуфоӣ ва пешрафти кишвар замонат доданд.
Шукр аз озодиву истиқоли Ватан, шукр аз Пешвои муаззами миллат, шукр аз сарҷамъии халқи тоҷик, ки фарзандони мо дар самои офтобӣ ва софу беғубор ба сар мебаранд.
Ба қавли устод Бозор Собир «хайрият ҷумҳурӣ ба дасти шахсе расид,ки ба ҳеҷ идеологияи иртиҷоӣ олуда нест. Яъне, нақши барҷастаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама дар он аст, ки ҷумҳуриро бехалал нигоҳ дошта тавонист. Як ҷавони 40 сола, аз байни мардум баромад, мардумӣ буд воқеан, дӯсташ доштанд, ягон мактаби партиявӣ нагузашта буд, интихоб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум бисёр эҳтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддӣ ва раиятпарвар аст. Ӯ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор аст. Эмомалӣ Раҳмон Каҳрамони Ваҳдати тоҷикон аст!».
Номи туро нависем, эй қаҳрамони миллат,
Бо оби ноби тило дар тоқи Қасри миллат.
ВАҲДАТСАРОИ ХАЛҚ
(Эҳдо ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон)
Баъд аз ҳазор соли фаромӯшӣ,
Баъд аз ҳазор соли пур аз озор,
Баъд аз ҳазор соли пур аз манғиту муғул,
Баъд аз ҳазор соли сияҳосор.
Берун шудӣ чу шаҳпари хуршеди зарфишон,
Аз пушти шонаҳои хами миллати ҳабиб.
Чун як шарора ахтари уммеди парфишон,
Аз қаъри осмони шаби тираи ғариб.
Он миллате, ки зеру забар шуд мулки ӯ,
Аз Ҳинд то ба Чину Хазар буд мулки ӯ.
Дар байни турку тозӣ аҷаб пора-пора гашт,
Хокаш ҳама ваҷаб ба ваҷаб пора-пора гашт.
Сад отатурку булараб афтода пушти по,
Чун доғи турку тозии таърихи ғарқи хун.
Садҳо Спитамену Деваштичи номвар,
Қурбони турктозии таърихи ғарқи хун.
Чун сарбадори миллати бемулки номдор.
Чун ҷоннисори миллати бемулки сарбадор,
Бо азми устувору чу кӯҳ мондагори хеш,
Бастӣ миёни миллати бемулки сарсупор.
Чун кӯҳи Бесутун
Гаштӣ варо сутун,
Чун он катиба бо хати мехӣ,
Номи варо ба сина задӣ бехӣ.
Инак вуҷуди ту ҳама ваҳдатсарои халқ,
Буду набуди ту ҳама ваҳдатсарои халқ.
МАРО ФАҚАТ ТУ МЕНАВОЗӢ, ЭЙ ВАТАН!
Ватан, ту модарӣ,
Ягонаиву бебадал,
Ватан, ту модарӣ,
Нагунҷӣ дар мисолу дар масал.
Зи дуртарин каронаҳо,
Зи дуртарин канораҳо,
Чу модари азизи ман,
Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,
Фақат маро ту менавозӣ, эй Ватан.
Агарчи дур мондаам зи лутфу меҳрубониҳо,
Агарчи осиёи зиндагӣ
Маро фурӯ кашиду орд кард,
Агар чи одамон маро ба чашми хира бингаранд,
Агарчи ғуссаи ҷаҳон дили маро хароб кард,
Вале чу бо туям, дилам пур аз садост, эй Ватан!
Тамоми зиндагии ман туро фидост, эй Ватан!
Ба рағми корсозиҳои Аҳриман,
Муҳаббати ту дар дилам, аё Ватан,
Гаҳе силоҳ мешавад,
Гаҳе сипоҳ мешавад.
Ба сангарат чу сар ниҳодаам,
Сарам муҳаббати туро
гувоҳ мешавад.
Зи баъди мурданам барои ту, Ватан,
Бикун маро зи Парчами баланди худ кафан.
Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,
Маро фақат ту менавозӣ, эй Ватан.
Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ