Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат рамзи озодӣ, худшиносӣ ва рушди мустақилона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро расман эълон намуд. Ин сана оғози марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардид. Аз он вақт инҷониб, Тоҷикистон роҳи душвор, вале пуршарафи давлатсозиро тай намудааст...
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол аз ин санаи таърихӣ 34 сол пур мешавад. Бахшида ба ҳамин сана 6-уми сентябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият – омили рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид...
Ҳамакнун тӯли 34 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зану мард ва хурду бузурги миллати тоҷик имрӯзҳо фарорасии ин ҷашни бузурги миллиро интизорӣ мекашанд, хушҳолӣ мекунанд ва аз бахти баланди худ ба даргоҳи яздони пок шукргузорӣ менамоянд...
Истиқлолият яке аз муқаддастарин ва асоситарин арзишҳои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Истиқлолият танҳо озодӣ аз зери таъсири дигарон нест, балки қудрати мустақилона андешидан, кор кардан ва рушд ёфтан мебошад. Барои мо, ки аз насли оғози давраи истиқлоли давлатии кишвар мебошем ва масъулияти ҳифзу таҳкими онро бар дӯш дорем, фаҳмиши амиқи ин мафҳум ва муносибат бо он масъалаи ҳаётӣ ба ҳисоб меравад...
Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониашон тоҷику Тоҷикистонро дар тамоми кишварҳои олам мешиносанд ва эҳтиром қоиланд...
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст...
Дар автобус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне гардидам, ки сари кадом масъалае чандин маротиба «қасам ба номи Аллоҳ» - гуфта бо ҳам баҳс доштанд. Мусофирон аз садои баланду қасам ёд кардани онҳо худро ноҳинҷор эҳсос намуда, яке рӯй турш мекарду дигаре гӯё намешунид. Мӯйсафеди нуроние, ки дар курсии пеш нишаста буд, ба онҳо рӯ оварда, насиҳатомез гуфт, ки аз хӯрдани чунин қасам худдорӣ намоянд, зеро гунаҳгор мешаванд...
Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои таърихӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иқдом на танҳо як масъулияти миллию таърихист, балки як амри зарурии рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ низ мебошад...