Ҳунаркада

Оши бурида – таоми миллии тоҷикон

Оши бурида аз ҷумлаи он таъомҳои  миллии қадимаи халқи тоҷик мебошад, ки таърихи дерина дорад.  истеъмоли оши бурида дар чаҳор фасли сол маъмул  аст. Аммо, мардуми тоҷик оши буридаро бештар дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд. Чунки дар ин аём гиёҳҳои табиии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок асосан аз  гиёҳҳо таркиб ёфта, ба худ хусусияти шифобахшӣ доранд, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваву нерӯи тоза мебахшанд. Истеъмоли оши бурида бо навъҳои гуногуни гиёҳҳо лаззати нотакрореро пайдо мекунад...

барчасп: 

ЗАРШӮӢ – ЯКЕ АЗ ПЕШАҲОИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми ҳунарманд буда, тавассути касбу ҳунарашон маишати рӯзгорашонро таъмин менамуданд. Дар радифи касбу ҳунарҳои гуногун пешаи заршӯӣ яке аз пешаҳои сердаромад ва мушкил маҳсуб меёфт. Заршӯӣ шуғли бо тариқи дастӣ ба даст овардани тилло аз дарёҳо мебошад, ки миёни мардум онро тиллоковӣ ва ё тиллошӯӣ низ меноманд. Маъмулан, мавсими заршӯӣ  моҳи март шурӯъ шуда, то моҳи октябр идома меёбад...

барчасп: 

Пешаи оҳангарӣ

Оҳангарӣ яке  аз ҳунарҳои  қадимаи  тоҷикон мебошад. Аз қадимулаём то ҳол аҷдодони  мо    ба маҳсули дасти   ҳунармандон   ниёз  доранд. Мардуми  деҳот    аз  оҳангарҳо  асбобу сукунати  хоҷагидорӣ -   бел,  кедман  каҷбел теша  табар  болға  амбур корд  ва дигар асбобҳои ороишӣ мехаранд. Оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст...

барчасп: 

Ярма- хӯроки наврӯзӣ ва «борони раҳмат»-и деҳаи Каздон

Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.

барчасп: 

Оши турш- хӯроки тобистонаи мардуми Панҷакент

Мардуми Панҷакентро одатан бо оши палови паҳлавонияшон мешиносанд. Аммо ин навбат диққати моро хӯроки дигар ва ғалатии ин шаҳр ҷалб намуд. Ин хӯроки тобистона оши турш (туруш) ном дошта, бо пиёз, биринҷ гӯшт ,занҷабил ва мурчи кӯфта ва туршак ...

барчасп: 

ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ШИРАВОРИИ ТОҶИКОН

Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои  аҷдодӣ  буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯюу маъракаҳо ва дигар ҷашну маросимҳо бо анвоъи  васеъаш  таҳия карда мешавад. Маъмултарин шириниҳои анъанавӣ ҳалво, қандалот, нишолло ва набот мебошанд, ки миёни мардуми тоҷик хеле серистеъмол ҳастанд. Ин намуди шириниҳоро қариб дар саросари кишвар омода мекунанд.

барчасп: 

Гулоб. Суннати ниёгонро бояд эҳё кард

Гулоб ва гулобгирӣ низ яке аз ойинҳои қадимаи мардуми тоҷику форс аст. Вале, мутаассифона, солҳост, ки истеҳсоли  он дар кишвари мо  ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ҳол он ки дар китоби «Қонун» - и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барои дармони амрози мухталиф ба истеъмоли гули хушк ё гулоб ва дигар арақиёт таъкид шудааст.Чун гулоб дар байни мардуми тоҷик хеле маъмул ва мустаъмал буд, бинобар ин, чи дар осори шоирони...

барчасп: 

Кошикорӣ, эҳёи ин ҳунари ниёгон аз манфиат холӣ нест

Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибтикори наҷибест аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ...

барчасп: 

Страницы