Китобдорӣ

Китобноманигории осори Пешвои миллат

Навгонии китобномаи мазкур аз лиҳози таҳияи дастурҳои библиографӣ дар  ҷилдҳои 1-7-ум дида мешавад, ки дар мавриди нашри матни як суханронӣ дар манбаъҳои гуногун: агар ҳамаи онҳо зери сарлавҳаи ягона нашр шуда бошанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис шудааст, агар дар сурати бо сарлавҳои гуногун нашр шудани матни як суханронӣ, пас навиштаҷоти библиографӣ унвони ҳар як сарлавҳа дар алоҳидагӣ инъикос ёфтааст.

барчасп: 

Анҷоми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ …» ва эълони ғолибон

14 декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза  ҷамъбаст гардид.  Ғолиби  Шоҳҷоиза бо гирифтани 225, 5 хол хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳзоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ  тақдим гардид. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,

барчасп: 

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накўном зист

Илми китобдории тоҷик талафоти бузург дод. 3 июни соли равон қалби беолоиш ва пур аз меҳру муҳаббати донишманди риштаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ ва педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики байналмилалии иттилоотсозии СММ, собиқ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Сафар Сулаймонӣ аз тапиш боз монд.

барчасп: 

Китобу китобхона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Зарфи панҷ соли ҷанг ба китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 646 ҳазру 302 нафар ташриф овардаву 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

барчасп: 

КИТОБДОРӢ: Мушкилоте, ки монеа эҷод мекунанд

Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи такондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз боигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсияти шинохтаи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.

барчасп: 

Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

Дар таҳқиқот роҳҳои истифодаи воситаҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар таҳқиқот вазъи таъмини китобхонаҳо бо технологияи муосир ва сатҳи дастрасиву истифодаи онҳо аз ҷониби хонандагон таҳлил гардида, роҳҳои рафъи душвориҳо ва ҳалли масоили вуҷуддошта, нишон дода шудааст.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардида

барчасп: 

Пажуҳиши равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аввалин натиҷаи таҳқиқоти худ дар мавриди равандҳои иннноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (солҳои 2016-2020)-ро расонаӣ кард.
Бо мақсади омўзиши равандҳои инноватсионии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ вазъи воқеии муассисаҳои китобдорӣ, марказҳои библиографӣ ва иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таҳқиқот нишон дод, ки раванди инноватсионӣ

барчасп: 

Пажуҳиш: Вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара

70 дарсади фонди китобхонаи марказӣ ва бахшҳои он дар минтақаҳоро китобҳои русии замони Шӯравӣ ташкил медиҳанд. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18 китобхона эҳтиёҷи шадид ба таъмиру тармим доранд.
Чунин аст як бахши хулосаи таҳқиқоти ахиран анҷомшуда аз вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара, ки аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ПИТФИ анҷом шуд. Ин таҳқиқоти сотсиологӣ соли гузашта дар доираи мавзуъи “Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ

барчасп: 

Страницы