Интишорот

ОМИЛҲОИ АСОСИИ ЭҲЁ ВА РУШДИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Меҳргон – аз қадимтарин ва пурғановаттарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки решааш ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад. Мутаассифона, дар тӯли асрҳо бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ ин ҷашни бузург бо он шукуҳу шаҳомате, ки дар гузашта дошт, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Танҳо дар бархе минтақаҳои кишвар бо роҳу равиши гуногун ва оийнҳои мухталиф ин ҷашнро таҷлил менамуданд...

барчасп: 

ДАСТОНИ ЗАН – ҶОДУИ АДРАС

Зани тоҷик аз азал бо ҳунари дастӣ ва завқи зебоӣ офарандаи асарҳои нотакрор мебошад. Дар миёни садҳо ҳунар, яке аз нодиртарин ва пурҷилотарин маҳсули дасти ӯ адрас аст . Нақшҳои рангин ва ба ҳам печидаи ин матоъ на танҳо зебоии чашмро меозмоянд, балки аз дилу ҳиссиёти офарандаи худи зани ҳунарманд қисса мекунанд...

барчасп: 

МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ ФАРАНГӢ (МАКТАБЕ, КИ ДАР ОН ИНСОН ЭҲТИРОМ БА МЕҲНАТ, ТАБИАТ, ҶОМЕА ВА ТАЪРИХРО МЕОМӮЗАД)

Шинохти миллат ба шинохти анъана, расму оин, суннат, ҷашну маросимҳо, ки аз таъриху фарҳанги як миллат сарманша мегирад, оғоз меёбад. Бинобар ин,  миллате, ки аз гузаштаи худ огаҳ аст, метавонад арзишҳои маънавии худро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Ҷашни Меҳргон  дар ин раванд нақши муҳим  дорад: фазои ҳамбастагӣ ва дӯстиро фароҳам месозад,..

барчасп: 

ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ НАҚШҲОИ ОФАРИДАИ ҲУНАРМАНД ҒОЛИБ ИСЛОМОВ ДАР СИНАМО

Дар олами синамо ҳунарманд ҳамчун идеал, тарбиятгар, тарғибкунандаи сиёсат, фарҳангу санъат мақоми хоса дорад. Аз ин рӯ санъати кино, ки омезишёфтаи санъати сухани адабӣ, мусиқӣ, рассомӣ аст, дар ташаккули мафкуравии ҷомеа, хосатан наврасону ҷавонон нақши созгор гузошта метавонад...

барчасп: 

ЗАБОНИ МОДАРӢ – УНСУРИ АСОСИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

Оинаи таҷаллии рӯзгору афкор, шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сармояи ифтихори миллат забони ӯст. Забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он вобастааст. Аз рӯзгори қадим забони модарӣ ва асолати миллӣ ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсоз ва меҳвари фарҳанг барои мардуми мо низ мояи ифтихор буду ҳаст ва барои наслҳои оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд...

барчасп: 

МАҚОМИ “ФАЛАК” ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст, бо таровату нафосаташ аз қадимулаём машҳур буда, дар он шодиву сурур, яъсу ноумедӣ ва баъзан ғаму андуҳи мардум инъикос инъикос гардида. Ин ганҷи ниёгон таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардуми тоҷик буда, тӯли қарнҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳо пойдор мондааст...

барчасп: 

НАЗАРЕ БА ВОЖАИ “ФАЛАК” ДАР АШЪОРИ ШОИРОН

Фалак дар истилоҳи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон як сабки асили суннатӣ ва мардумӣ аз мусиқӣ ва овозхонӣ аст, ки аз дардҳо, ранҷҳо умедҳо ва гирудори зиндагии мардуми кӯҳистон бархостааст...

барчасп: 

ФАЛАК – ОҲАНГИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Фалак яке аз қадимтарин шаклҳои мусиқии суннатии мардуми тоҷик буда, дар худ таърихи зиндагӣ, эҳсосоти инсонӣ, орзуву омол, дарду ҳасрат ва ҷаҳонбинии мардумро таҷассум мекунад. Ин навъи мусиқии мардумӣ аз умқи асрҳо сарчашма гирифта, ҳамчун садои қалби инсон ва бозтоби руҳияи халқ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Дар оҳанги фалак садои кӯҳсор, паҳнои водиҳо, сӯзи ҷудоӣ, армони дидор, муҳаббат ба Ватан ва умед ба фардои нек ба ҳам омезиш меёбанд...

барчасп: 

Страницы