Устоди беназир ва шогирди сазовор (Ба ифтихори ҷашни 115- солагии Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ)
Чоп шуд: 19/05/2026Мирзо Турсунзода бо фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва афкори адабию эстетики худ дар ҷараёни адабиёти навини тоҷик нақши пурҷилое гузоштааст. Ў фарогири дониши ҳамаҷониба, ба вижа донандаи мероси фаровони адабиёти бою рангини гузаштаи худ маҳсуб шуда, бо илҳом аз он ганҷинаи пурбаҳо асарҳои пурқимату оламгире офаридааст. Дар баробари ин ў ҳамчун инсони некхоҳ, некбин ва ватандўсту сулҳхоҳ дар парвариши истеъдодҳои ҷавон як қатор корҳои арзишмандеро ба анҷом расонидааст...








