Ҷӯрахон Обидпур: Савтҳои баҳорӣ–илҳомбахши ман
Чоп шуд: 10/03/2022Айёми наврӯзӣ, баробари чаҳ-чаҳи булбулону хониши дигар мурғакони хушилҳом дар хонаи Шайх Обид сокини деҳаи хушобу ҳавои Бедаки кӯҳистони Муъминобод садои тифли навзоде низ баланд шуд. Мурғакони хушилҳом аз лаҳзаҳои эҳёю шукуфтанҳои табиат илҳом гирифта, ба нағмапардозӣ шурӯъ карда буданд. Ҳамнаво бо садои мусиқии форами табиат, шилдирроси оби чашмасорон, хониши парандаҳо...