МАВҚЕИ АШЪОРИ ЛОИҚ ДАР САНЪАТИ МУСИҚӢ

Шоирро гӯяндаи шеър мебинанд, аммо шоири ҳақиқӣ замонро тафсир мекунад, дарди мардумро ба забон меорад. Он чиро, ки миллат эҳсос мекунад, вале баён карда наметавонад, ӯ ба сухан табдил медиҳад. Лоиқ Шералӣ шоири барҷастаи тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ӯ ҳамтақдир, ҳамдард, ҳамнафаси миллати тоҷик буд. Ашъори бузурги ин шоири нотакрор сабаби ҳамкорӣ бо бисёр  ҳунармандон гардид...

барчасп: 

Тарғибгари созҳои мусиқии мардумӣ

Дойра, табл, нағора созҳои зарбии мусиқии мардуми тоҷик, карнай сози нафасии қадимаи мисин дар сартосари олам маъмулу машҳур буда, ҳунармандони он бо ҳунари волои худ оламиёнро ба ваҷд овардаанд...

барчасп: 

ИНЪИКОСИ ХУСУСИЯТҲОИ ТАБИИ ОБ ДАР ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲОИ ТОҶИКӢ

Об ҳамчун моеи берангу бебӯй дар фарҳанги мардум мавқеъи хоса дошта, оид ба он олимони соҳаҳои гуногун тадқиқотҳо анҷом додаанд. Коршиносони илмҳои дақиқ хусуситҳои кимиёвӣ, физикӣ, геологӣ, паҳншавии об дар рӯи Замин, хотираи об ва амсоли инҳоро омӯхта,  асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудаанд. Дар бораи баъзе аз ҷанбаҳои фолклорӣ, аз қабили гиромидошти об дар фарҳанги мардум низ ба таври алоҳида мақолаҳо интишор шудаанд...

барчасп: 

Ба ифтихори 115-солагии Мирзо Турсунзода ва 85 солагии Лоиқ Шералӣ ҲАМРОЗУ ДАМСОЗИ ДУ ШОИРИ МИЛЛАТ

Ҳанӯз панҷ сол қабл андешаҳои худро оид ба дӯстиву ҳамкориҳои ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов бо ду шоири бузурги миллат-Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистон” ба табъ расонда будем ва умед доштем, ки масъулони чорабиниҳо барои иштироки устод Ҷӯрабек Муродов талошҳо меварзанд...

барчасп: 

ТУРСУНЗОДА ВА ЛОИҚ – ДУ МАРҲИЛАИ ЯК РОҲ

Моҳи май моҳест, ки дар он баробари дигар иду ҷашнҳо зодрӯзи ду шоири шаҳрири миллат Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бахшида ба ҳамин муносибат, азҷумла дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони “Турсунзода ва Лоиқ – ду марҳилаи як роҳ” бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ баргузор гардид...

барчасп: 

Имрӯз, 19 май пораи хоки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва сиёсатмадори маъруф Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии ин шахсиятҳо, дар маросими расмӣ капсулаҳои хокро қабул карданд. Маврид ба зикр аст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот анҷом дода, масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуд...

барчасп: 

Устоди беназир ва шогирди сазовор (Ба ифтихори ҷашни 115- солагии Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ)

Мирзо Турсунзода бо фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва афкори адабию эстетики худ дар ҷараёни адабиёти навини тоҷик нақши пурҷилое гузоштааст. Ў фарогири дониши ҳамаҷониба, ба вижа донандаи мероси фаровони адабиёти бою рангини гузаштаи худ маҳсуб шуда, бо илҳом аз он ганҷинаи пурбаҳо асарҳои пурқимату оламгире офаридааст. Дар баробари ин ў ҳамчун инсони некхоҳ, некбин ва ватандўсту сулҳхоҳ дар парвариши истеъдодҳои ҷавон як қатор корҳои арзишмандеро ба анҷом расонидааст...

барчасп: 

ШАШМАҚОМ - ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ САНЪАТИ КАСБИИ ТОҶИК

Шашмақом ҳамчун яке аз шоҳкориҳои нодири мусиқии суннатии тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва аҳли фарҳанг қарор гирифт. Бо ибтикор ва дастгириҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз, омузиш ва тарғиби ин мероси гаронбаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. 

барчасп: 

Страницы