Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид баргузор шуд, ки дар он намояндагони беш 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумлаи мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд...
Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда 16-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ” баргузор гардид.
Имрӯзҳо мушкилоти норасоии об ва тағйирёбии иқлим проблемаи глобалӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола инҷониб ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти ҳифзи об пешниҳод ва татбиқ карда истодааст, ки эътибору эътирофи давлати моро боз ҳам баландтар мебардорад.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».
Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.
Тибқи нақшаи корӣ кормандони шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ дар доираи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (солҳои 2021 – 2025) вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор доданд.
Рӯзи 17.10.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик академик Раҷаб Амонов конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.