Интишорот

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз

барчасп: 

Рӯзноманигорон — ҳимоятгарони арзишҳои миллӣ-бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати маориф ва илм

Рӯзноманигорон дар баробари мактабу омӯзгор дар тарбия ва ташаккули насли наврас саҳми арзанда дошта, дар раванди ҷомеаи пуртазоди муосир ҳимоятгари арзишҳои миллӣ мебошанд. Ин нуктаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Вазорати мазкур иброз намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ин рӯз як

барчасп: 

Саҳми бонувон дар пешбурди ҳунарҳои мардумӣ

Рўзи 6–уми марти соли ҷорӣ дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи кормандони муассиса  ҳамоши илмӣ бахшида ба Рўзи модарон баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оғоз карда, оид ба саҳми бонувон дар пешбурди ҳунарҳои мардумӣ дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози назар намуд.
Дар ин замина қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои

барчасп: 

Андешаҳо перомуни ғижакнавози асил

Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советиии Сотсиалистии Тоҷикситон Мирзоқурбон Солиев, яке аз симоҳои барҷастаи санъати тоҷик дар асри ХХ мебошад, ки бо ҳунари хунёгарии хеш, тарғибгари оҳангҳои “Шашмақом”-и оламшумул буда, ҳамчун саррофи гавҳаршинос дурдонаҳои мероси гаронбаҳои мусиқии халқамонро як умр андўхтаву ба дигарон омўзонидааст. Мавсуф бо иҷро намудани мусиқии мардумӣ ва классикии  тоҷик  қалби ҳазорон мухлисони хешро тасхир намуда, дар рушди ҳунари навозандагиву сарояндагии шогирдонаш саҳми калон гузоштааст.

барчасп: 

Шумораи навбатии маҷаллаи илмию таҳлилии ПИТФИ - “Паёмномаи фарҳанг”

Паёмномаи фарҳанг

Шумораи навбатии маҷаллаи илмию таҳлилии Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот - “Паёмномаи фарҳанг” (2019.–№3) аз чоп баромад.
Ин шумораи маҷалла шомили бахшҳои Фарҳангшиносӣ, Мероси фарҳангӣ, Фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ, Санъатшиносӣ, ВАО ва табъу нашр ва Навидҳои фарҳангӣ буда, мақолаҳои муҳаққиқон Р. Амиров, Д. Раҳимӣ, А. Зубайдӣ, М. Муродӣ ва дигаронро доир ба масъалаҳои мубрами фарҳанг, санъат ва публитсистика фаро гирифтааст.

барчасп: 

Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

27 декабри соли 2019 дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши илмӣ дар мавзўи “Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оѓоз карда,перомуни нуктаҳои

барчасп: 

Таомҳои маҳаллии мардуми Шаҳристон ва Истаравшан

Шаҳристон ва Истаравшан минтақаҳое мебошанд, ки дар шимоли кишвар ҷой гирифтаанд. Чи тавре маълум аст, тарзи зисти зиндагонии мардум ва пухтани таомҳо аз иқлим вобастагӣ дорад.

Мисли мардуми дигар ноҳияҳои Тоҷикистон мардуми ин макон аз уҳдаи омода кардани ҳамаи таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ ба хубӣ мебароянд, вале ҳар як минтақа таоми ба худ хосро дорост. Яъне вобаста ба шарту шароит ва дороӣ одамон таом омода менамоянд.

барчасп: 

Самад Ғанӣ: шоир, дромнавис, мутарҷим ва рӯзноманигор

Самад Ғанӣ

Аз таваллуди Самад Ғанӣ 111 сол ва аз вафоташ 45 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!

Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри  Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи  Тошканд, мактаби  ҳизбӣ ва курси

барчасп: 

Страницы