Интишорот

Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ба муштариён имкон медиҳад, ки роҷеъ ба осору зиндагиномаи чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва матбуоти кишвар маводи заруриро пайдо намоянд. Дар «Тақвим…» ахбори воқеаҳои соли 2021 ва очеркҳо бахшида ба шахсиятҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар, матбуот ва ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд. Ахбори воқеаҳои дастур нисбат ба солҳои қаблӣ комилтар буда, фарогири ҳама ҷабҳаҳои фарҳангу ҳунар ва матбуот мебошад.

барчасп: 

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст

Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд.

барчасп: 

Таҷлили Рӯзи Президент Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои

барчасп: 

КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ...

барчасп: 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда,  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза  ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд.

барчасп: 

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.

барчасп: 

Забон – рукни асосии худшиносии миллӣ

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи  «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид.  Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда,  ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. 

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рўзи 9-уми сентябри соли 2020 баъд аз бемории начандон тўлонӣ, қалби сармуҳосиби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонов Маҳмуд аз тапидан боз монд.

барчасп: 

Страницы