Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст

Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд. Зеро баъди соҳибистиқлолӣ доир ба муқаддасоти миллӣ қонунҳо қабул карда шуд, аз ҷумла, Низомномаи парчам дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Дар баробари ин номбурда оиди рангҳои парчами миллӣ ва рамзу маъниҳои он ибрози ақида намуд.

Баъд аз он суханӣ навбатӣ ба мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ Гулзира Каримова дода шуд, ки дар бораи қоидаҳои истифодаи парчам дар мақомоту идора ва дигар ҷойҳо суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ғайр аз корхонаву идораҳои давлатӣ шаҳравонадон метавонанд бо арзи эҳтиром парчамро дар ҷойҳои гуногун, аз қабили истироҳатгоҳҳо, биноҳои истиқоматӣ истифода намоянд. Аммо истифодаи парчам аз рӯи тартибу қоидаҳои он ҳатмист, чунки парчам чизи муқаддас ва арзиши умумимиллӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас тибқи барнома сухан ба ходими калони илмии шуъбаи ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ Саъдӣ Мирзоев дода шуд. Мавсуф сараввал ҳамагонро ба муносибати рӯзи Парчам табрик намуда, қайд кард, ки парчам ин рамзи номус, ифтихору сарбаландист. Дар идомаи баромадаш Мирзоев С. ишора намуд, ки истилоҳи дирафш аз дурахшандагӣ сарчашма мегирад. Зеро Фирдавсӣ пайдоиши парчамро ба давраи Коваи Оҳангар нисбат додааст, ки он дар оянда ба рамзи пирӯзиву дороӣ мубаддал гаштааст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон парчам он қадар арзиши баланд дошт, ки Фирдавсӣ дар асари безаволи хеш “Шоҳнома” зиёда аз 700 маротиба дирафшро ҷой додааст. Дар поёни баромадаш Мирзоев С. таронаҳои эҷодкардаи хешро, ки васфи Ватану парчам дар онҳо инъикос ёфтаанд, қироат намуд.

 Дар қисмати мубодилаи афкор директори корхонаи давлатии таъмин ва савдои китоб – Сироҷиддин, Икромӣ, директори нашриёти давлатии Ирфон – Қурбоналӣ Ғуломзода, директори Хонаи китоби Тоҷикистон – Надиров Саидзароб ва дигарон фикру андешаҳои хешро нисбати Парчам ва ҷашнгирии рӯзи Парчам баён намуданд, ки он ҳамчун муқаддасот, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, муқаррар гардидааст, ки дар ҳама ҳолат ба Парчам бояд тарзе муносибат кард, ки аз арзиши воло доштанаш дарак диҳад. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Дар анҷоми чорабинӣ Д.Раҳимӣ дар мавриди истилоҳи парчам ва мавриди истифода қарор додани номҳои дигари он ҳамчун муродиф ибрози ақида намуда, бо ҳамин мизи мудавварро ҳусни хотима бахшид.

Лайло Носирова

барчасп: