Интишорот

Суратгарӣ чист ва суратгар кист?

Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).

Намунаҳои нисбатан  сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати рассомӣ дар ҷануби

барчасп: 

Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон

«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

Эмомалӣ Раҳмон
Рўзи 22 ноябри соли равон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг

барчасп: 

Ҳаштод сол пеш дар ин рӯзҳо...

Ҳаштод сол пеш дар чунин рӯзҳо аввалин операи тоҷик рӯйи саҳна омад ва аз таҳаввулоти ҷадид дар санъати театрии тоҷик ово дод. Ин операи “Шӯриши Восеъ” буд, ки агар имрӯз ҳам аз таърихи театри тоҷик сухан равад, бешак аз он ёд мекунанд. Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту

барчасп: 

Вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср –  даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониён дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази   тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст.
Балъамӣ
на танҳо дар идораи корҳои кишвар истеъдоду  маҳорати комил доштааст,

барчасп: 

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид. Дар маросими  расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр

барчасп: 

Лидуш Ҳабиб кист? Оё шумо ӯро мешиносед?

Суруди вопасинаш «Па ми бало му маҳорат му ёр чоҳ» буд. 18 июли соли 2002 ин сурудашро дар касета сабт карда, ба ман дод ва гуфт, ки баъди чанд рӯз онро гӯш кун. Ман гумон кардам, ки чун дигар сурудҳояш онро сабт кардааст. Хайр баъди ду-се рӯз бошад бигзор баъд гӯш мекунам. Пас аз чор рӯз 22 июли соли 2002 Лидуши азиз ногаҳон вафот кард. Вафоташ ҳам тавре ки дар яке аз сурудҳояш «Лоғбалоғ та тиюм аз дунё» (шухӣ ба шухӣ аз дунё меравам), монанд шуд.

барчасп: 

Мавқеи ашъори Cаййидо дар санъати мусиқии тоҷик

Cодагиву равонӣ, рангомезиву хушоҳангӣ ва ба тарзи баёни халқ наздик будани ғазалиёти Cаййидо боис гардида, ки ашъори ў ба ҳайси матнҳои суруду таронаҳои «Шашмақом»-у «Фалак», эҷодиёти бастакорону ҳофизони мардумӣ ва офаридаҳои композиторони тоҷик ба тарзи фаровон истифода шавад.

Аз баъзе гуфтаҳои шоир хулоса кардан мумкин аст, ки ў бо аҳли санъату ҳунар робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз илму амали мусиқии замонаш ба қадри имкон бохабар будааст

барчасп: 

Форуми таҳлилгарони мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Сеул

Рӯзҳои 10-12 октябри соли 2019 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар мавзўи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Форуми таҳлилгарони мероси фарҳанги ғайримоддӣ (МФҒ) баргузор гардид. Ташкилкунандаи он Маркази мероси фарҳангии ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором  (ICHCAP), муассисаи категорияи дувуми ЮНЕСКО воқеъ дар Ҷумҳурии Корея буда, беш аз 50 нафар мутахассисон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.

барчасп: 

Страницы