Самад Ғанӣ: шоир, дромнавис, мутарҷим ва рӯзноманигор

Самад Ғанӣ

Аз таваллуди Самад Ғанӣ 111 сол ва аз вафоташ 45 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!

Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри  Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи  Тошканд, мактаби  ҳизбӣ ва курси  рўзноманигорони назди  КМ КПСС таҳсил ва дар рўзномаҳои  Самарқанду Тошканд кор кардааст.

Муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», Корманди Институти марксизм – ленинизм, муҳаррири моҳномаи хаҷвии «Хорпуштак» будааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст.

Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (Ҳамроҳи А.Исмоилов,1935), «Ватандўстон» (Ҳамроҳи Ф. Ниёзӣ ,1937), «Тўй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С. М. Мителман, 1958) ва ғайра  мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.

Асарҳои драмавии  муаллифони  дигарро  бо тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А. Чехов, М. Иброҳимов, В. Пистоленко, Н. Вирта ва дигарон ҳастанд. Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шух» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғайра мебошад.

Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964)  чоп шудаанд.

Борҳо вакили мардумии  парлумони замон  будааст. Бо панҷ орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст. Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

7 апрели соли 1974 аз олам даргузашт.

Бозчоп  аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 73-74.

барчасп: