Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

27 декабри соли 2019 дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши илмӣ дар мавзўи “Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оѓоз карда,перомуни нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ибрози андеша намуд.

Муҳтавои суханронии директори пажўҳишгоҳ масъалаҳои рушд ва ҳифзи фарҳанги миллирофарогир буд, ки он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан зикр гардидааст. Ҳамзамон доир ба дастовардҳои Пажўҳишгоҳ дар соли 2019 ва нақшаҳои илмӣ барои соли оянда, ки ба Паём иртиботи бевосита доранд, маълумот ироа намуд.

Ш.Комилзода дар хотимаи суханронии хеш қайд намуд, ки ҳадафи асосии Пажўҳишгоҳи илми-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарҳанг мебошад. Аз ин рў, мо бояд ҳамаи он бандҳое, ки ба фаъолияти кории мо алоқаманд мебошад, сармашқи кори худ қарор бидиҳем.

Сипас, тибқи барномаи ҳамоиши илмӣ перомуни мавзўи “Бартарияти ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ”муовини директор оид ба корҳои илмӣ Дилшод Раҳимӣ сухан ронда, моҳияти ҷанбаҳои мазкурро шарҳ дод. Мавсуф дар баромадаш бахусус ба масъалаҳои пешгирии воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи рақамӣ, ҳамчунин муаррифии фарҳанги миллӣдар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса дод.

Дар такя ба дастуру супоришҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ муовини директор пешниҳод намуд, ки дар назди Маркази мероси фарҳангии тоҷикон маҳфили адабие ташкил намуда, моҳе як маротиба дар маҳфил як китоби илмӣ ё адабӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. 

Мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов доир ба мавзўи “Муҳиммияти масъалаҳои илму фарҳанг дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар”баромад намуд ва аз ҷониби ў нуктаҳои асосии Паём роҷеъ ба масъалаҳои илму маориф ва фарҳангу адаб шарҳу тавзеҳ дода шуд.Ў зимни  суханронии хеш оид ба чанд нуктаи муҳими Паёми имсола, аз ҷумла ба ҳар як оилаи тоҷик дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ѓафуров, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳоитабиатшиносӣ, дақиқвариёзӣдарсоҳаиилмумаориф”, таваҷҷуҳнамуданбаилмуфарҳангвахонданибештариадабиётибадеӣфикру андешаҳояшро баён намуд.

Сипас, роҷеъ ба мавзўи  “Омўзиш ва пажўҳиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби олимони ПИТФИ дар соли 2019” мудири шуъбаи илмӣ-методӣ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов суханронӣ намуда, тадқиқотҳои анҷомдодаи олимони пажўҳишгоҳро дар соли ҷорӣ муфассал тавзеҳ дод. Номбурда ҳамчунин аз инъикосу тарѓиби натиҷаи пажўҳишу омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар давоми соли ҷорӣ маълумоти мушаххас ироа намуд.

Ходими калони илмии пажўҳишгоҳ Гулзира Каримова оид ба“Вазъи ҳуҷҷатҳои инвентаризатсионӣ дар бойгонии мероси фарҳанги ѓайримоддии ПИТФИ” маърўза намуда, вобаста ба теъдоди умумии ҳуҷҷатҳои инвентаризатсионӣ, миқдори унсурҳои фарогирифта ва унсурҳои наве, ки дар натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ ба қайд гирифта шудаанд, маълумоти муфассал дод.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ муаррифии китоби тозанашри «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар замони истиқлол» аз ҷониби муаллиф – мудири бахши мероси фарҳанги ѓайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов сурат гирифт. Тавре зикр гардид, китоби мазкур дар шакли маҷмўаи мақолаҳо таҳия гардида, дар асоси натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ  таълиф шудааст. Китоб аз пешгуфтор, се бахш – вижагиҳои касбу ҳунарҳо дар ҷумҳурӣ, касбу ҳунарҳои суннатии тоҷикон ва намунаҳои дигари фарҳанги ѓайримоддӣ иборат буда, ба ифтихори «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 чоп гардидааст.

Ҳамоиши илмӣ бо намоиши китобу мусаввараҳое, ки ба фарҳанги миллӣ, ба вижа фарҳанги ѓайримоддӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудаанд,хотирмон ҷамъбаст гардид.

М.Ҷўраев

барчасп: