Нигоҳе ба суннати соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ

Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки  «забон хонаи ҳастист»,  метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи

барчасп: 

Мухтасар дар бораи Фалак

Фалак»  дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Барои ҳифзи падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 иди Рўзи  «Фалак» таҷлил гардид. Дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Дар ин давра «Фалак» аз сатҳи мактаби авлодӣ берун омад. Ҳоло «Фалак»–ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули устод–шогирд меомўзанд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: МУҲРА

Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳра кутоҳтарин наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёрқатораи (то 8 қатор) гуногуншакл маъмул буд,ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд.

Муҳраи гардан, яке аз маъмултарин ороишоти занонаи тоҷик аст, ки ба гардан

барчасп: 

Ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Масчоҳи нав

Маросими хостгорӣ  дар  ноҳияи Масчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳо каме тафовут дорад. Аз рўи гуфтаҳои мардуми Масчоҳ, дар ин ҷо се-чор маротиба, яъне то розӣ шудани соҳибони духтар сурат мегирад. Рафти хостгорӣ албатта дар ҳар гўшаи кишвар бо расму оин, бовару эътиқодҳои худ гузаронида мешавад. Ҳангоми суҳбат ва он маълумоте, ки муҳаққиқ М.Шарипова додааст, маълум гардид, ки дар ин минтақа бегоҳи панҷшанбе муборак мебошад ва аксаран дар ин бегоҳ ба хостгорӣ мераванд.

барчасп: 

Мавқеи зооморфизм дар афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ

Зооморфизм як навъи тасаввуроти асотирӣ буда, дар замонҳои қадим дар иртибот бо ақидаҳои ҷодуӣ ва тотемистӣ эҷод шудааст. Истилоҳи “зооморфизм” ба маънои табдил ёфтани одамон ба шакли парандагону хазандагон ва дигар ҷонварони аҳлию ваҳшӣ ва дар сурати ҳайвонот зиндагӣ кардани махлуқони табдилшуда мебошад.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ табдилшавии персонажҳо ба сурати ҷонварон бо

барчасп: 

Садои дилнавози дойра

Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад.

барчасп: 

Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Қадамҳои устувор дар пайраҳаи илм

Дар мақола роҷеъ ба маҷмўаи мақолаҳои илмии ба тозагӣ нашршудаи доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродов «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» сухан меравад. Андешаҳои муаллиф перомуни ҳар як мақолаи илмии маҷмўа сурат гирифта, ҳамбастагии аҳамияти назарию амалӣ ва арзиши илмии он таъкид мегардад. Зикр карда мешавад, ки маҷмўаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» силсилапажўҳишҳои муҳиму арзишманд дар соҳаи назария ва амалияи журналистикаи муосир буда

барчасп: 

Страницы