Мухтасар дар бораи Фалак

Фалак»  дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Барои ҳифзи падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 иди Рўзи  «Фалак» таҷлил гардид. Дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Дар ин давра «Фалак» аз сатҳи мактаби авлодӣ берун омад. Ҳоло «Фалак»–ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули устод–шогирд меомўзанд. Роҷеъ ба «Фалак» тақиқоти бисёре анҷом дода шудаанд. Акнун омўзиши «Фалак» дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ мегардад. Солҳои 2004 (ш.Душанбе), 2006 (ш.Кўлоб), 2009 (ш.Душанбе), 2012 (ш.Душанбе) фестивал–симпозиумҳои байналмилалии «Фалак» (нигар маҷмўаҳои мақолоти ҳар яки онҳоро дар рўйхатти адабиёт) бо ҷалби ҳунармандону муҳақиқони ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд.

Фалак (ар – осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии сунатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон: Жанри мусиқии овозӣ ва созӣ. «Фалак» мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Дар мусиқии тоҷик ду шакли «Фалак»–и аслӣ вуҷуд доранд: «Фалак»–и  кўлобӣ ва «Фалак»–и  бадахшонӣ.  

«Фалак» таърихи қадим дорад ва аслу асоси назмии он рубоӣ ва ғазал мебошад. Рубоихонӣ дар «Фалак» сунати қадимтарин ва асосии сарояндагӣ ба ҳисоб меравад. Нуфузи сохти рубоӣ дар «Фалак» хеле бузург аст. Мувофиқи қофиябандӣ ва ҳаҷми мисраи рубоӣ оҳанги «Фалак» ташакул меёбад. Дар амалияи мусиқӣ асоси лаҳни «Фалак» –чормуқомро дар қолаби рубоӣ ба шогирдон ёд медиҳанд. Дар ин ҳолат ҳар як муқом ба як рубоӣ  мувофқат мекунад. Суннати рубоихонӣ дар «Фалак»–ҳои кўлобиву бадахшонӣ хеле устувор мебошад. Ба як банди оҳанг як рубоӣ рост меояд.

Ғазалхонӣ дар «Фалак» аз замони ташаккули ғазал дар назми классиккии форс–тоҷик ворид гаштааст. Маҳз зимни ғазалхонӣ «Фалак» навъи касбии хешро ташаккул додааст, ки он «Фалак»–и роғист. Бо ворид гардидани ғазалхонӣ банду баст дар фалакхонӣ иваз шуд, бандҳои оҳангии «Фалак» ҳаҷман калонтар гардида, як банди оҳанг ба як байт баробар шуд. Ғазалхонӣ дар тамоми анвои «Фалак» истифода бурда мешавад.Ғазалхонӣ бо пайдоиш ва рушди «Фалаки”–и  роғӣ  алоқаманд аст. «Фалак» –и роғӣ моли маънавии фарҳанги шаҳрӣ аст. Фалакхонон дар базмҳо шакли нави «Фалак» –и роғиро пешниҳод карданд. Дар Бадахшон зимни ғазалхонӣ силсилаҳои мадҳияҳоро вомехўрем. Ин силсилаҳо,ҳарчанд зери унвони мадҳия густариш ёфтаанд, аслан жанри «Фалак»–и силсилавии бадахшониянд. Ин силсила аз панҷ қисм иборат аст: зилобам, пасту баланд, ҳайдарӣ, фалак, ситоиш. Ҳамаи қисмҳои он дар чормуқом асос меёбанд.

Асосҳои зарбии «Фалак»–и силсилавии бадахшонӣ чунинанд: зилобам бидуни қолабзарб,пасту баланд дар асоси зарб (ки дар минтақаи Кўлоб низ хеле маъмул аст), ҳайдарӣ–дар зарби уфари суст (ё рапои суст), фалак– бидуни зарб ва ситоиш–дар зарби ситоиш. Асоси шеърии силсилаи «Фалак»–ибадахшонӣ (мадҳия) рубоӣ ва бештар ғазал мебошад. Дар он хусусан ғазалҳои Носири Хусрав,Ҷалолуддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ фаровон истифода мешавад. Асоси оҳангӣ, шаклсозиву банду басти силсилаи «Фалак»–и бадахшонӣ (мадҳия) аз сатҳи баланди касбият шаҳодат медиҳад.

Барои ташаккул додани силсилаи «Фалак»  аз амали гардиш истифода бурда мешавад. Маънои гардиш аз рўи қавонини муайн ивазшавии зарб, лаҳн ва оҳанг аст. Маъмулан, дар  «Фалак» якчанд гардиш ба амал оварда мешаванд. Дар ин сурат теъдоди гардиш ба шумораи қисмҳои «Фалак»  баробар мешавад. Дар амали силсиласозӣ талқину фаҳмиши гардиш хеле муҳим аст.

«Фалак» –и силсилавии кўлобӣ зери унвони «Фалак» –и роғӣ маъмул аст. Ин силсила низ панҷ ё зиёда аз он қисмро дар бар мегирад. Маъмулан, аз қисмҳои шаҳд,  даромад, равона, шикаста, чорзарб ва уфар иборат аст. Дар анвои гуногуни  «Фалак» –и силсилавии кўлобӣ қисмҳои қаландарӣ ва паррон низ дохил мешавад.  «Фалак»–и силсилавии кўлобӣ дар асоси шеърӣ (рубоӣ ва ғазал) ва лаҳни (чормуқом)–и хеш аз «Фалаксилсилавии бадахшонӣ (мадҳия) фарқ намекунад. Вале услуби шаклсозӣ ва асоси оҳангиву зарбии онҳо гуногунанд.

Фалакхонӣ ҳамчун ҳунари аҷдодӣ ба мардумӣ кўҳистон мансуб буда, яке аз шохаи устувори мусиқии касбӣ ба шумор меравад. Асрҳо макони маъмули фалакхонӣ ҳуҷрабазмҳои ашроф ва туйю маъракаҳои мардумӣ буданд. Бо мурури замон рушди устувори иҷтимоии ҳунари фалакхонӣ бо ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушт ёфтанд. Дар асри 20 онҳо бо ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Воқеан ин ансамлҳои оилавӣ мактаби ҳунарии авлодӣ буданд. Зимни ин мактабҳо ҳунари фалакхонӣ аз авлод ба авлод ба мерос мондааст. Дар роҳи таърихии «Фалак» вазифаи эҳёи, нигаҳдорӣ  ва ба насли дигар омўзондани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.

Мактаби устод Одина Ҳошим яке аз мактабҳои бузурги фалакхонӣ дар асри 20 мебошад. Асосгузори ин мактаб падари ў устод  Ҳошим Қосим (1907–1969) аст. Устод Одина Ҳошим қолаби мактаби ҳунарии авлодиро шикаста, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия кардааст. Одина Ҳошим ба ғайр аз шогирдони хешу табор, инчунин М. Миров, Ф. Ҳасанов, Ш. Қодиров, М. Қадамов, Ҷ. Қадамов, О. Муҳтарамова, М. Ғаниев, А. Раҳимовро тарбия кардааст.

Мактаби фалакхонии Одина Ҳошим бештар бо рушди «Фалак»–и роғӣ алоқаманд аст.Одина Ҳошим талқини нави системаи чормуқомро ба амал овардааст. Дар эҷодиёти Одина Ҳошим истифодаи ғазалҳои шоирони муосир хеле афзудааст Устод хусусан ғазалҳои Абдулқосим Лоҳутиро ба фалак ворид сохтааст.Дар амалияи мусиқӣ ин равияҳои эҷодии Одина Ҳошим яке аз ислоҳотгаронии ҳунари фалакхонӣ аст. Мактаби ҳунарии Достӣ Орзуев дар ибтидо «Фалаки созиро асос интихоб карда буд. Маҳорати Достӣ Орзуев беҳамто буд. Баъди Ў ҳамсараш Гулчеҳра Содиқова дар ин мактаб равияи «Фалак»–и даштӣ ва «Фалак»–и роғиро хеле устувор гардонид.

Мактаби фалакхонии Холовҳо низ хеле бузург ҳаст. Асосгузори ин мактаб фалакхони бузург Раҷабмади Валӣ (1887–1953) мебошанд. Намояндаи он Давлатманд Холов, нахустин роҳбари ансамбли давлатии «Фалак»  аст. Овози баланди  ғулғуладору  дилнишини ӯ шуҳрати «Фалак»–и тоҷикро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст. Д.Холов муалифи асарҳои бешуморест, ки дар равияи «Фалак»  эҷод шудаанд, Бародари бузурги ў Муродалӣ ягона ҳунармандест, ки дар бораи системаи асосии «Фалак»–и чормуқом (соли 2005) иттилоъ додаст. Бародарони дигари Давлатманд Холов низ фалакхонанд.

Ҳар сеи ин мактабҳои фалакхонӣ зимни  «Фалак» – кўлобӣ ташакул ёфтаанд, вале чунин мактабҳо хеле сершуморанд. Хусусияти ин мактабҳо чунин аст, ки се–чаҳор насли намояндагони худро ҳамчун фалакхон тарбия намудаанд.

Дар «Фалак» – и бадахшонӣ низ чунин мактабҳои доимо амалкунанда буданд, ки ҳунари фалакхониро ҳифз намуданд. Дар маҳалаҳои гуногуни Бадахшон дар сатҳи авлодӣ мактабҳои хонаводагии фалакхониву мадҳиясароӣ хеле устуворанд.

«Фалак»  танҳо дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Барои ҳифзи падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 иди Рўзи  «Фалак» таҷлил гардид. Дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Дар ин давра «Фалак» аз сатҳи мактаби авлодӣ берун омад. Ҳоло «Фалак»–ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули устод–шогирд меомўзанд. Роҷеъ ба «Фалак» тақиқоти бисёре анҷом дода шудаанд. Акнун омўзиши «Фалак» дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ мегардад. Солҳои 2004 (ш.Душанбе), 2006 (ш.Кўлоб), 2009 (ш.Душанбе), 2012 (ш.Душанбе) фестивал–симпозиумҳои байналмилалии «Фалак» (нигар маҷмўаҳои мақолоти ҳар яки онҳоро дар рўйхатти адабиёт) бо ҷалби ҳунармандону муҳақиқони ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд.

Асосан лаҳни «Фалак»–ро силсилаи чормуқом (чормодарон) ташкил медиҳад. Дар заминаи чормуқом қолаб оҳанги нав ба нав ташакул ёфта, дар заминаи эҷодиёти шифоҳӣ ҳамчун зуҳуроти жанрҳои гуногуни «Фалак» арзёбӣ шудаанд. «Фалак» – и даштӣ, роғӣ, сафарӣ, қаландарӣ, ғарибӣ, равона, паррон (дар минтақаи Кўлоб), ҳайдарӣ, фалак, ситоиш, бепарвофалак (дар Бадахшон) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инҳо танҳо чун қолабоҳангҳоянд, вале аз ҷиҳати асоси лаҳнӣ аз доираи чормуқом берун намебароянд.

Таърихан «Фалак»–и созӣ якканавозиро мепарастад. Дар шакли навозандагии гурўҳӣ он ба навбат иҷро мешаванд, на ҳамҷоя. Дар қиёс бо шакли сарояндагии фалакхонӣ дар шакли созӣ қоидаи пайдарҳамӣ (як–як бо ҳар соз) ҳатмист. Шаклҳои «Фалак»–созӣ ҳам дар «Фалак»–и Кўлобӣ ва ҳам дар «Фалак»–и бадаҳшонӣ якқисмӣ ва силсилавӣ мебошанд. Намуди созҳо дар «Фалак»–и кўлобӣ ва «Фалак»–и бадахшонӣ фарқ мекунад. Дар фалакхонӣ сабки Кўлоб созҳои мусиқӣ думбра, дутори парда, ғижак, най, тутак ва таблак ва дар фаракхонии адахшон созҳои мусиқии рубоби помирӣ, танбўр, баландзиком, сетор, ғижак, най ва даф истифода мешаванд. Сози бунёди «Фалак»–и кўлобӣ думбра ва сози бунёдии «Фалак»–и бадахшонӣ рубоби помирӣ мебошад. Сози зарбии «Фалак»–и кўлобӣ–таблак ва «Фалак»–и бадахшонӣ–даф аст. Дар суннати навозандагии  «Фалак» якканавозии най, тутак, камонча (ғижак), рубоби помирӣ, танбўр, баландзиком ва сетор хеле фаровон ба назар мерасанд. Мактабҳои фалаксароии минтақаи Бадахшон сарояндагони авлодии бисёреро фарогир аст, ки намояндагони маъруфтаринаш Бобои Аловат (Азизбек, Имомназар, Абдулназар, Бахдавлат, Орзу, Наврўз, Хуррам Аловатовҳо),Муминшо Муносишоев (Исрибшо, Олуча, Наврўзшоҳ, Хушруз Муаллимшоевҳо), Лутфишо Муборакшоев (Давлатшо, Парпишо, Арабшо, Сарбозшо Лутфишоевҳо) ва Бобои Қосимшо (Султонназари Саидназар, Фаросатшо Давлатшоев, Соҳиба Давлатшоева) мебошанд.

Асоси зарби «Фалак» хеле ғаниву рангин аст. Ин қолабзарбҳо дар амаляи фалакхонӣ номҳои мушаххасро  соҳиб шуданд. Равона, зарби шикаста, чапзарб, чорзарб, зарб, ситоиш, уфар, ҳайдари, сафарӣ, бепарвофалак, рапо аз зумраи чунин  қолабзарбҳо мебошанд.Бинобар гуногун будани шеваи мусиқӣ дар «Фалак» қолабзарбҳои гуногун ташаккул ёфтаанд. Ҳоло зарби равон маъмул аст.

Шакли фаръии чорзарб дар минтақаи Кўлоб бо номи  «чорзарб» (ва низ «рафт») ва дар минтақаи Дарвоз зери унвони «Хумбӣ» маъмул аст.

Аз китоби “Донишномаи фарҳанги
мардуми тоҷик”,  ҷилди 1, Душанбе 2015,
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.

барчасп: