Activities calendar

21 ноября 2019

Ҳаштод сол пеш дар ин рӯзҳо...

Ҳаштод сол пеш дар чунин рӯзҳо аввалин операи тоҷик рӯйи саҳна омад ва аз таҳаввулоти ҷадид дар санъати театрии тоҷик ово дод. Ин операи “Шӯриши Восеъ” буд, ки агар имрӯз ҳам аз таърихи театри тоҷик сухан равад, бешак аз он ёд мекунанд. Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту

барчасп: